РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА ҚАДРДОНӢ БА ХИДМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

23

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат, шинохт ва эътирофи хидматҳои роҳбарон, махсусан роҳбари давлат ба сифати қадршиносӣ, шинохти арзиш ва шарти асосии муваффақияту пешрафт дониста мешавад. Рӯзи Президент дар Таҷокистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мешавад, бо мақсади қадр кардани хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ташкил шудааст.

16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Маҳз бо талошҳои вай яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ин қабули рамзҳои давлатӣ, қабули Контститутсия дар мамлакат, баргардонилани гурезаҳо, интихоби роҳи ояндаи давлату миллат буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул ва муайян карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он замон, ки як марҳилаи хеле мушкил ва хатарнок барои давлат ва мардуми Тоҷикистон буд, аҳамиятӣ таърихӣ дошт. Зеро шароит ва вазъияти иҷтимоию сиёсии он замон талаб мекард, ки барои идораи давлат як абармарди сиёсӣ лозим аст. Чунин шахсият – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Зеро вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ расид, кишвар дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва пешравии давлат ва идораи комили он дар ин шароити мураккаб хеле душвор буд. Бо вуҷуди ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист вазъияти душвори мавҷударо мудирият намуда, баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои хирадмандона андешад. Маҳз бо талошҳои пайвастаи эшон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима дода шуда, давлату миллати тоҷик роҳи пешрафту шукуфоиро пеш гирифт.

Аз ин хотир таҷлили Рӯзи Президент на танҳо рӯйдоде барои ёдоварӣ аз он рӯзҳои таърихӣ, балки қадрдонӣ ва эҳтиром ба роҳбари давлат, дастовардҳои давлту миллат ва инчунин як имконият аст барои арзёбии дастовардҳои таърихии кишвар ва таҳлили наҳви раёсати президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон. Он намоди арҷгузорӣ ва эҳтироми миллати тоҷик ба хидматҳои роҳбари хирадмандаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро ба як кишвари комилан соҳибистиқлол, амну ру ба рушд табдил додааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давраи роҳбарӣ худро ҳамчун шахсияти бомаърифат, фарҳангӣ ва хидматгор ба миллат муарифӣ карда, дар самти таҳкими сулҳ, рушд ва таҳким кардани истиқлолияти кишвар нақши муҳим бозид. Ба сифати роҳбари давлат, Эмомали Раҳмон барои ташкили сулҳ ва ягонагии миллӣ, баъд аз қариб як даҳсолаи ҷанг, тавонист мардуми Тоҷикистонро мутаҳҳид созад. Созишномаи умумии сулҳ, ки дар соли 1997 қабул гардид, яке аз дастовардҳои муҳими давраи сиёсати ӯ буд. Ин созишнома на танҳо сулҳро барқарор кард, балки заминаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими устувории кишвар дар оянда шуд.

Хулоса таҷлили Рӯзи Президент имкон меҳад, ки мардум ба фаъолияти ҳаётан муҳим ва паёвастаи Президент ва ҳукумат дар роҳи рушди кишвар назар афканда, ба таҳлил ва арзёбӣ кардани имкониятҳои оянда барои беҳбудии ҷомеа бипартозанд. Ба ин муносибат мардуми тоҷик ҳар сол ин рӯзро бо эҳтироми хосса таҷлил мекунанд ва аз хидматҳои шоистаи роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ мекунанд.

Тағоймуродзода М.Т. –дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ

Зумратбии М. – ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ