РОҲҲОИ ИДЕЯИ СОЛИМ МИЁНИ ҶАВОНОН

247

Имрӯз (25.02.2023) вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фалсафа доир гардид.

Дар вохӯрӣ самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки коллектифи факултет дар самти пеш бурдани корҳои идеологӣ, аз ҷумла дар робита ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ифтихор аз ибтикороти созандаву ватадӯстонаи Пешвои миллат ва роҳнамо сохтани ҷавонон – донишҷӯён баҳри омӯзиши илму ҳунар аз пештара бояд бештар талош варзанд. Яъне, роҳҳои таҳкими идеяи солим миёни ҷавононро бештар ҷӯст.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти барномаҳои таълимӣ, истифода намудани технологияи иттилоотию иртиботӣ, гузаронидани дарсҳои назариявию амалӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию омавӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ дар самти ҳисси ватандӯстӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ ва баргузор намудани ҳамоишҳои сатҳи гуногун дастурҳои мушаххас дод.