РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

13

Дар заминаи ҳамкориҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни берун аз ҷумҳурӣ санаи 28 ноябри соли 2025, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Гиёев Қ.Ҳ. дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалие, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Конференсияи мазкур дар мавзӯи «Нақши фарҳанг ва арзишҳои тафаккури фалсафӣ дар рушди глобалии муосир» доир шуда, ҳадафи он таҳқиқи назариявӣ ва амалии омилҳои марбут ба тафаккури фалсафӣ дар равандҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мебошад.

Дотсент Гиёев Қ.Ҳ. тариқи онлайн (маҷозӣ) ба кори конференсия ҳамроҳ шуда, дар мавзӯи мубрами фалсафӣ маърӯза кард. Иштироки намояндаи ДМТ дар ин чорабинии сатҳи баланд барои муаррифии дастовардҳои илмии донишгоҳ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ-методи байни олимони ду кишвар мусоидат менамояд.