РУШДИ НИЗОМИ МАОРИФ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИММИ ПЕШГИРИИ ИФРОТШАВИИ ШУУРИИ ҶАВОНОН

164

Таҳияи чорабиниҳои муқовимат ба паҳн гаштани ғояҳои экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон, ташкили муҳити тарбиявӣ дар донишгоҳ, ки метавонанд ба ҷалби донишҷӯён ба фаъолиятҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ муқовимат нишон диҳанд, чуноне ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, дорои аҳамияти бузург мебошад. Дар робита ба гуфтаҳои боло ба ҳайси намуна конференсияҳои гузаронидашударо оид ба мавзӯи мазкур дар донишгоҳҳои бонуфузи кишвар мисол овардан мумкин аст: Дар ин маврид онро дар назар доштан зарур аст, ки муассисаҳои олии таълимӣ – ин на фақат маконеанд, ки дар онҳо чорабиниҳои марбут ба донишандӯзӣ, омӯзиши касб, тарбия гузаронида мешаванд, балки ҳамчунин иҷтимоикунонии ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, иҷрои корҳо оид ба таҳияи усулҳои илман асоснокшуда дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, ки ба ташаккули муҳити самараноки тарбиявии зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ мусоидат менамоянд, хеле аҳамиятнок боқӣ мемонад. Дар робита зикр кардан ба маврид аст, ки “факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ба корҳои оид ба дарки чунин мавҳумҳои хатарнок, ба монанди низои иҷтимоӣ, экстремизм, терроризм, нақш ва аҳамияти тадбирҳо оид ба муқовимат ба зуҳуроти номбурда бо мақсади таъмини амният, осоиш ва ҳаёти муътадил дар ҷамъият таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар давоми солҳои охир корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд: конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳо, вохӯриҳо ва мубоҳисаҳо бо мактаббачагон, донишҷӯён, муаллимони мактабҳо ва кормандони иҷтимоӣ гузаронида шуданд. Аз рӯи намудҳои корҳои номбаршуда маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва ғ. дарҷ гардиданд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар ҷаҳони муосири глобализатсия ва интегратсия зуҳуроти шаклҳои мухталифи экстремизм ва терроризм на фақат хусусиятҳои сиёсӣ, балки ҳамчунин ҷанбаъҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ касб кардааст. Бахусус хатарнок он аст, ки идеологҳои экстремизм кӯшиш мекунанд, донишҷӯён, пешоҳангони доираи ҷавононро ба амалҳои ғайриқонунӣ, зӯровариҳо ҷалб намоянд. Ин зуҳурот хатари миллии ҷамъиятиро ифода мекунад, ки ба он бо ҷалби институтҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар навбати аввал муассисаҳои олии таълимӣ муқовимат нишон додан зарур аст. Ҳамзамон мутахассисон барҳақ чунин изҳори ақида менамоянд, ки “дар ҷомеаи мо то ҳанӯз системаи аз ҷиҳати назариявӣ асоснок ва таъминоти захиравии амнияти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷавонон, ки куллан талабот ва ҳавасмандгардонии рушди шахсиятро тавъам гардонанд, ташаккул наёфтааст”.

Муҳаққиқи тоҷик профессор С.С. Ятимов дар мақолаи худ “тавоно бувад ҳар ки доно бувад” қайд менамояд “Агар вазъияти маънавӣ – идеологии насли ҷавон дар чаҳорчӯбаи мафҳумҳои баёншуда тафсир гардад, ба манфиати суботи пойдори давлатдорӣ арзёбӣ кардани он мушкил мешавад. Фаъолияти мактаб, маориф – кӯшишҳои ташаккули ҷаҳонбинии мардум, махсусан ҷавонон, мебояд ба он нуқтае равон карда шавад, ки маҳз худи инсон, дониш, хирад, ақл ва фаросати ӯ омили хушбахтии ӯст. Халқҳои пешқадами олам, ки имрӯз мусулмонҳо пойбанд ва вобастаи онҳо ҳастанд, барои худ афсона, тасаввуроти ғайриодӣ намебофанд. Саҷда ба донишу хирад мекунанд. Ба умеди фазилат ва донишҳои заминӣ ҳастанд. Ба гуфти Абуалӣ Сино, агар ба чароғ равған ҷон бахшад, ба инсон илм. Инсоне, ки ба илму хиради одамӣ бовар дорад ва ба он такя мекунад, барои худ ва ҷомеа муфид, ҳадди ақал, безарар аст”.

Дар кишвар воқеъан шароиту имкониятҳои зарурӣ барои ташаккули стратегияи умумимиллӣ оид ба ғояҳои зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ фароҳам меояд. Ва ин ҳолатро истифода бурдан зарур аст. Корҳои ҳадафманд оид ба ташаккули ғояҳои зиддитеррористӣ тақозои замон буда, метавонад дар мубориза алайҳи терроризми муосир самараҳои муайяни дилхоҳ ба бор оварад. Бо вуҷуди ин, мебояд гуфт, соли аввал нест, ки масъалаҳои баррасии маҷмӯи проблемаҳои марбут ба самтҳои зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ, тақвияти тадбирҳо оид ба муқовимат ба хатари террористӣ ва дарёфти роҳҳои нави баланд бардоштани самаранокии амнияти зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористиро мутахассисон ба миён мегузоранд. Таҷрибаҳои таърихӣ ва замони муосир гувоҳӣ медиҳанд, ки ба муваффақиятҳо дар самти мубориза алайҳи терроризм ва дигар шаклҳои экстремизм он вақт ноил гаштан мумкин аст, ки ба он на фақат неруи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчунин доираи васеи ҷомеа равона карда шавад. Ҳамин тавр, танҳо муқовимати давлатӣ ба экстремизм ва терроризм басанда нест. Аз ин рӯ, аз нуқтаи назари мо, сохтори қатъӣ оид ба таъминоти ғоявии зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористии амнияти шаҳрвандонро таҳия намудан зарур аст. Ҳангоми ташкили ғояи мазкур диққати асосиро бояд ба фаъолияти педагогӣ, маърифатнокӣ ва тарбиявӣ равона намуд. Вазифаи асосӣ дар ин бобат амалҳои ба бозсозии мафкураи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии муайянкуниҳои арзишҳои мусбӣ дар одамон равонагардида ба шумор меравад. Дар атрофи масъалаи мазкур сухан ронда, онро дар назар бояд дошт, ки яке аз омилҳои ҷиддӣ дар рафъи зуҳуроти муосири зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ норасоии камолоти сиёсии ҷавонони имрӯза маҳсуб меёбад. Мо набояд аз ғояҳо ҳаросем, мо ғасби бисёр ақидаҳоро дар сатҳи ҷамъиятӣ ба мушоҳида гирифтаем. Бисёр амалҳои ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро одамон аз сабаби мавҷуд набудани ғояҳои муттаҳидкунанда баробар қабул надоранд.

Инак, мо оид ба ташкили фазои зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ дар маҷмӯъ дар ҷамъият изҳори ақида менамоем, аммо чунин муҳитро кӣ ташкил менамояд, вақте ки муносибат бо илмҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ошкоро халалдор мегардад? Барои мисол омӯзиши фани фалсафа дар муассисаҳои олии таълимӣ мегирем. Фане, ки ташаккули асосҳои ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, маҳорати оқилона ва аз нуқтаи назари танқид андешаронӣ намуданро дар бар мегирад. Айни замон омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ дар мисоли фалсафа нишон медиҳад, ки мо аслан бо донишандӯзии шогирдонамон сару кор намегирем.

Хулоса, раванди таълим беш аз беш ба таҳрифу таҳқир ва беэҳтиромӣ нисбат ба фалсафа ва дигар фаннҳои ҷомеашиносӣ табдил ёфта истодааст. Дар робита чунин андешаро қатъиян баён кардан зарур аст, ки муносибати ҷойдошта ба таълим хавфнок буда, хатари имрӯз аз назарҳо ниҳонмонда дар рӯзҳои на он қадар дур худро ошкор хоҳад кард. Воқеияти ин равандро ҷомеа он гоҳ дарк мекунад, ки насли ояндаи мутахассисонро бе маҳорат, шаҳрвандонро бе дарки ватандӯстӣ, сиёсатмадорони ҳикматомӯзро бе дарки масъулияти иҷтимоӣ мебинанд. Ин воқеияти наздикомада, ва балки ошкоро фарорасида ба як ҳолат ишора мекунад: тағйироти амиқро эҳсос накардан аллакай худ хатари ҷиддист ба манфиатҳои миллии кишвар, ба амнияти миллӣ. Айни замон масъалаи мазкур комилан ошкоро садо медиҳад. Мо набояд фаромӯш кунем, “проблемаҳои муҳимми имрӯзаи ҷавононро баррасӣ намуда, ҷомеа бад-ин васила ба рушди минбаъдаи худ асос мегузорад; зеро ҷавони имрӯза, ки раванди иҷтимоикунонии (сотсиализатсияи) аввалияро гузаштааст, фардо аллакай шахси фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ, асоси неруи истеҳсолӣ ва эҷодии ҷомеа хоҳад буд.

Бобохонова Н.З. – номзади илмҳои сотсиология, муаллими калони кафедраи сотсиологияи ДМТ