САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

81

Имрӯз бо шарофати истиқлолият тоҷикон давлати соҳибистиқлоли худро дар зери парчами ваҳдати миллӣ, ҷомеаи дунявию ҳуқуқбунёдро бунёд сохта истодаанд. Дар ин ҷода тарбияи насли наврас дар ҷодаи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, омӯхтани фарҳангу санъати ниёгон нақши бузург доранд. Бо ташкили Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мушкилиҳои давраи гузариш, дар ҷумҳурӣ консепсияи давлатдорӣ оид ба рушди фарҳанг таҳия шудааст.

Хусусан, дар суханрониҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиёни мамлакат назария ва амалияи фарҳанг ба тариқи мушаххас муайян мегарданд. Ба қавли ӯ, «Дар шароити нави таърихӣ муваффақият ба онҳое бештар муяссар мегардад, ки такя ба илму фарҳанг карда, арзишҳои маънавии худогоҳиву ватанпарвариро тақвият медиҳанд, дар замири ҳар узви ҷомеа дарки зарурияти пойдории амнияти миллӣ ва давлатиро ба вуҷуд меоранд».

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг таваҷҷуҳи махсус дошта, имрӯз масъалаҳои марбут ба фарҳанги миллӣ дар меҳвари сиёсаташон қарор дорад. Арҷгӯзори ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихию илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалӣ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Ҳаводису рӯйдод ва воқеҳову дастовардҳои сӣ соли баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯи зеҳнӣ, баёнгарӣ таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар ҷодае қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад, ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Маҳз барои Тоҷикистони тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳам Асосгузори Тоҷикистони мустақил арзанда ҳастанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти кониститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Пас аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба сулҳу субот эҳё ва рушду нумуи фарҳанги миллӣ мавқеи хосса пайдо пайдо намуд. Аз ҷумла, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёи, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостон, соли бузургдошти забони тоҷикӣ, бузургдошти Имоми Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургони миллат бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Ҳамчуни бояд собит намуд, ки дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои “Шашмақом”, “фалак”, таҷлили ҳамасола ва бошукуҳи иди байналмилалӣ Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи фалак, Рӯзи китоб. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи милии Тоҷикистон, Осорхонаи Миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар ин давра ҷашни миллии тоҷикон-Наврӯз мақоми ҷаҳониро касб намуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муққадас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёнажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Дар баробари Наврӯз идҳои Меҳргон, Садда, Тиргон ва ғайра дар тамоми ҷумҳурӣ таҷлил карда мешаванд, ки ин нишона аз ниёгони тоҷикон мебошад.

Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти амалиёти “об барои ҳаёт, 2005-2015” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “об барои рушди устувор, 2018-2028”

Дар барбари ин тайи чанд соли охир бо супориши бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани озмунҳои гуногун аз қабили “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”ва монанди инҳо, қишрҳои гуногуни ҷомеаро барои мутоила ва аз бар намудани китобҳои сатҳҳои гуногун ва ихтироотҳои нав ба нав рӯ ба рӯ намудааст, ки ин ҳама арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ҳимоят аз онҳо, аз бар кардан ва донистани таърихи гузаштаи худ мебошад.

Дар охир бояд қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дурахшонтарин шахсиятҳоест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукуҳи хос таҷалӣ ёфтааст. Ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи намуда, обрӯю нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои худшиносии баланди миллидошта муаррифӣ намуд. Аз ин хотир таҷлили рӯзи Президенти мамлакат низ амри зарури буда, дар шароити имрузаи пешрафти Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Саидзода Далер Муҳибуллодоктори фалсафа PhD, муаллими калоникафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ