САДА – ҶАШНИ ҲАМКОРӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МАРДУМ

13

Ҷашни Сада аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ба мо мерос мондааст. Ин ҷашн дар баробари Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Сада бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг шуда буд ва дар замони истиқлоли давлатӣ бо талошҳои Пешвои миллат эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯзҳо ҷашни Сада ҳамчун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст. Рамзу розҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ин ҷашн аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист. Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.Басо рамзист, ки оташ расо панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб қабл аз эътидоли баҳорӣ ва фарорасии соли нав кашф шуда, номи он низ бо ҷашни Наврӯз иртибот мегирад. Он дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд. Ба андешаи фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣнамудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои баргузории ин ҷашн чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани гулхане, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпокардани оташи бузург баргузор мешуд. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорикат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.

Имрӯзҳо мардуми ориёнажод дар Тоҷикистон, Эрон, Теҳрон, Аврупо, ва Амрико ва ғайраҳо ин ҷашнро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса, дар гирди гулхан ҷашн мегиранд. Ин амал боиси ҳамбастагии мардуми ориёӣ мебошад ва онҳоро ба ҳам мепайвандад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд. Яъне Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада кишоварзонро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави зироату боғдорӣоғоз намоянд.

Мо бояд анъанаҳои гузаштагони худро идома бахшем, такмил диҳем ва бо дарназардошти вазъияту талаботи замони муосир васеъ истифода намоем ва барои пирӯзии некӣ бар бадӣ заҳмат кашем, то дар ҷаҳон некӣ ҳукмрон бошад ва бадӣ мағлуб гардад. Зеро имрӯзҳо ҳолати ноороми кишварҳо ва ҳар замон сар задани низоъҳои минтақавӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ин тенҷиву ороми ва сулҳу субот бирасем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намоем ва ин ойини сулҳдӯстию сулпаравии худро бо Пешвои миллат ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Сангова Садбарг – раиси бахши занон ва донишҷӯдухтарони факултети фалсафаи ДМТ