САДА – ИНЪИКОСГАРИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

28

Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Агр нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.

Дар замони Истиқлолият ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намуд.

Донишманди шинохтаи Эрон Ҳошими Ризоӣ дар бораи истилоҳи Сада менависад, ки Сада вожаи форсӣ аст. Сада дар забони паҳлавӣ ба шаклҳои мухталиф омадааст: сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата. Дар арабӣ бошад ба шакли сазақ, ё садақ талаффуз мешавад.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ оварданд, ин ид оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва париданаз болои он анъана будааст.

Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чиҳил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирфтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст .

Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯйи анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷашни Сада чунин фармудаанд: “Бовар дорем, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард”.

Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монади дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёгони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.

Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифифаъолияти меҳнатии ниёгонамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа категорияҳои ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад, бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ.

Ҳамин тариқ, ҷашнгирии иди Сада дар саросари кишвар ба хотири ободиву амну субот, азнав тамизкунии хонаву дар, ба кишту кор шуруъ намудани марди деҳқон, тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, омода намудани заминҳои корам барои кишту кор, ниҳолшинонӣ, ба покизагию ростиву ростқавлӣ ва меҳру шафқат ҳидоят намудан мебошад.

Саидзода Далер Муҳибулло,доктори фалсафа Ph.D, муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ