Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва аҳамияти он

221

Чи гунае ки огаҳӣ дорем, рӯзи 16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд. Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок намуданд. Зимни сафари давлатӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид. Дар вохӯрии сатҳи баланд масъалаҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатӣ ва дурнамои рушди онҳо муҳокимаронӣ гардида, барои таҳкими онҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав ва дар маҷмӯъ 25 санади ҳамкориҳо ба имзо расонида шуданд. Созишномаҳои мазкур ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳоро дар соҳаҳои амният, илму технология, фарҳанг, кишварзӣ, молия, васоити ахбори омма ва ғ. дар бар мегиранд.

Инчунин зимни баргузории сафари расмии Президенти кишвар вохӯрии сарвари давлат бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорони чинӣ сурат гирифт. Чунончӣ 17 май сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин нахуст аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян оғоз гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Мусоҳибон доир ба муҳимияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкимбахшандаи муносибатҳои байниҳукуматӣ дар ин соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд. Зимни вохӯрӣ муҳимияти ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ таъкид гардида, барои дарёфти иҷозати содироти бештари маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Чин пешниҳодҳои мушаххас ироа карда шуд.

Чи гунае, ки дар боло қайд гардид, 18 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин вохурии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд.

Зимни мулоқот асосан ба масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои нақлиёт, аз ҷумла мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки роҳу нақлиётӣ, тавсеаи долонҳои транзитӣ, такмилу навсозии гузаргоҳи Қулма-Қаросӯ, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байниҳамдигарӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигари ояндадор, ба мисли энергетика, саноат, коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ, сармоягузорӣ, таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, илм ва техникаву технология таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли суҳбати рӯ ба рӯ бо доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон вохӯрӣ гузарониданд, ки дар самти ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ иқдом ва ташаббуси ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, ба ин восита таваҷҷуҳи доираи соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон афзун гардонида шуда, бахшҳои нави фаъолияти муштарак дар ин соҳаҳо пайдо карда мешавад. Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорони Чин дар солҳои охири ҳамкории байнидавлатӣ таҷрибаи беназир аст, ки дар сурати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои он таҳаввулоти бузурге дар ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ба амал меояд. Натиҷаи чунин вохӯриҳо ва ҳамкориҳои судманд буд, ки имрӯз дар мамлакат зиёда аз 170 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

19 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти кишвар дар суханронии худ дар атрофи масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, бахусус таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ баромад намуда, пешниҳод карданд, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад. Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид. Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд. Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.Чи гунае ки маълум аст, сармояҳои мустақими хориҷӣ ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва ташаккули инфрасохтори зарурӣ муосидат хоҳанд кард. Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соҳибкорон ва ширкатҳои истеҳсолию технологии Чин барои иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ маблағҳои зиёди грантӣ ҷудо менамоянд. Сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин тӯли солҳои охир дар татбиқи Стратегияи миллии рушд, инчунин дар рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум нақши муҳим мебозанд.

Боиси ифтихор аст, ки зимни баргузории Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» ташаббусҳо ва тадбирҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилӣ аз ҷониби сарвари давлати Чин эътирофи расмӣ пайдо намуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии кори Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» нисбат ба шахсияти бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Шумо, Ҷаноби Президент, дар байни мо, Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар баробари асосгузори давлатдории навини тоҷикон будан аз ташкилкунандагон ва таъсисдиҳандагони асосии бузургтарин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай мебошед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷонибаву минтақавӣ нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад».

Ҳамин тариқ, таҳилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик муосидат хоҳад кард. Масалан, санадҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расиданд, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар, санадҳои соҳаи нақлиёт барои баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи илм, техника ва технология барои саноатикунонии босуръат ва дар маҷмӯъ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳанд кард. Сафарализода Х.Қ., н.и.с., мудири кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ