СЕМЕНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

16

Имрӯз (28.05.2025) дар назди кафедраи диншиносии факултети фалсафаи дмт семенари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “саҳми пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори семенар декани факултети фалсафа д.и.с., профессор сафарализода х.қ., раиси шурои дессертатсионии 6d.коа-029 – фалсафа д.и.ф., профессор, узви вобастаи амит саид н.с., мудири кафедраи диншиносӣ д.и.ф., профессор нурулҳақ қ. Ва дигарон иштирок ва маъруза намуданд.

Семенар дар доираи нақшаи кории кафедраи диншиносӣ гузаронида шуда, дар он ҳайати профессорону дотсентон бо мавзуъҳои гуногун баромад намуданд.

Аз ҷумла, мавзуъҳои “муносибати ислом ба арзишҳои миллӣ” аз ҷониби профессор нурулҳақ қамар, “пешвои миллат ва арзишҳои миллӣ” аз ҷониби профессор зиёев идибек ғозиевич, “сиёсати амалӣ ва оғози шаклгирии арзишҳои миллӣ” аз ҷониби дотсент шаҳобиддинов нуриддин субҳонқулович, “нақши сиёсати пешвои миллат дар ташакули худшиносии миллӣ” аз ҷониби дотсент қаландарзода мустафо искандаршо, “эълон гардидани соли 2006 “соли тамаддуни ориёӣ” ва саҳми пешвои миллат дар эҳёи тамаддуни ориёӣ” аз ҷониби калонзода фаридун иброҳимпур маъруза гардида, баромадкунандагон паҳлуҳои гуногуни саҳми пешвои миллат дар эҳё ва рушди арзишҳои миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар қисмати музокирот д.и.ф., профессор, узви вобастаи амит саид н.с., профессори кафедраи диншиносӣ маҳмадова м.ф. ва дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ мирзоҳусайни бадалипур баромад намуда, муҳимтарин маръалаҳои марбут ба мавзуи семенарро таҳлилу баррасӣ намуданд.