Санаи 25-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ семенари илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ дар мавзӯи “МУНОСИБАТИ ИСЛОМ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ” баргузор гардид. Дар семенар устодону унвонҷуён ва донишҷӯёни факултети фалсафаи ДМТ иштирок намуданд.
Дар қисмати ҷаласаи ифтитоҳӣ иштирокчиёни семенар суханронии муқаддимавии пурмуҳтаво ва илмию таҳлилии декани факултети фалсафа, дотсент Сафарализода Х.Қ.- ро шуниданд. Дар доираи нақшаи семенар чунин маввзуъҳо аз тарафи иштирокчиён матраҳ гардид:
1. Ахмедов С. д.и.ф., профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат дар мавзӯи “Ислом ва фарҳанг”;
2. Нурулҳақ Қ. н.и.ф., профессор ,мудири кафедраи диншиносӣ дар мавзӯи “Муносибати ислои ба оини зардуштия”;
3.Амирхонов Ш.Т. – н.и.ф, дотсент мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дар мавзӯи “Мафҳуми “Тамаддуни мусалмонӣ” ва моҳияти он”;
4.Маҳмадова М.Ф.-д.и.ф., профессори кафедраи диншиносӣ дар мавзӯи “Ахлоқи зардуштия”;
5. Қаландарзода М.И. -н.и.ф., дотсенти кафедраи диншиносӣ дар мавзӯи “Нақши динҳои ориёӣ-эронӣ дар ташакули динҳои сомӣ”;
6.Абдулов С. н.и.ф.- м/к.-и кафедраи диншиносӣ дар мавзӯи “Мақоми инсон дар зардуштия”.
Дар охири семенар миёни иштирчиён ва маърузакунандагон саволу ҷавоб сурат гирифта, паҳлуҳои муҳимтарини мавзӯи семенари мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.