СЕМИНАРИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФАИ ДМТ

19

Имрӯз (06.09.2025) дар маҷлисгоҳи факултети фалсафаи ДМТ семинари илмию назариявӣ бахшида ба 34 -умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки декани факултети фалсафа д.и.с., профессор Сафарализода Х.Қ., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети фалсафа Тағоймуродзода М.Т. ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултети фалсафа д.и.с., профессор Х.Қ. Сафарализода оид ба марҳилаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ, муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол ва арҷгузорӣ ба он, хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба истиқлол, ташаккули мафкураи миллии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба ватану миллат ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ изҳори андеша карданд.

Сафарализода Х.Қ. дар баромади худ қайд карданд, ки истиқлол яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддаси ҳар як миллат ва ҷомеаи инсонӣ мебошад. Он на танҳо маънои озодии сиёсӣ, балки таҷассумгари мафҳумҳои амиқи фалсафӣ, аз ҷумла худшиносӣ, худмуайянкунӣ, масъулияти шахс ва ҷомеа, ҳувияти миллӣ ва рушди маънавӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон рамзи озодӣ, ваҳдат ва рушди миллӣ буда, дар ин давра кишвар тавонист пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҳким бахшад ва роҳи рушди устуворро пеш гирад ва ба бузургтарин дастовардҳо ноил гардад.

Дар чорабинии мазкур таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ танҳо дар ҳолате устувор мемонад, ки наслҳои имрӯзу оянда онро ҳамчун арзиши муқаддас қабул ва ҳифз намоянд. Ҳифзи истиқлол танҳо дар ҳолати муттаҳидии ҷомеа, нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва масъулияти ватандорӣ имконпазир мебошад. Истиқлол бояд дар шуури ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҷой бигирад ва ба наслҳои оянда ҳамчун пояи ҷомеаи соҳибистиқлол интиқол ёбад. Танҳо дар ин сурат истиқлол метавонад устувор бимонад ва барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи боэътимод фароҳам оварад.