Имрӯз санаи 08.12.2025 ба муносибати 9 декабр – Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои факултети фалсафа оид ба татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» семинари илмӣ дар мавзуи «Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа» баргузор гардид. Дар семинари илмӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети фалсафа иштирок намуданд. Семинари илмиро декани факултет, дотсент Д.М. Саидзода бо сухани муқаддимавӣ кушода, қайд карданд, ки хатари коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, мисли экстремизм, терроризм ва паҳншавии маводи мухаддир камтар нест ва ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд дар муқовимат ба муқобили ин вабои аср саҳми назарраси худро гузорад. Сипас, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон И.Ш. Раҷабов ва муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ф.С. Мирзода дар бораи мафҳум, моҳият, сабабҳои пайдоиш, оқибатҳо ва роҳҳои муқовимат бо коррупсия маъруза намуданд.
Домой Ахбор









