Имрӯз, мо «Шоҳнома”- ро дубора чоп ва дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ки руҳи «Шоҳнома» ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми неру ва тавони худро сарф намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳо ба забон ва фарҳанги миллӣ, омӯзиш ва таблиғи адабиёти классикӣ ба хусус “Шоҳнома” -и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар ҷомеаи тоҷикон аҳаммияти рӯзмарра пайдо кардааст. Маҳз бо дарки ҳамин омил ва эҳсоси масъулият нисбат ба ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар саросари кишвар тақсими китоби “Шоҳнома” оғоз ёфт.
Ин иқдоми фарҳангӣ на танҳо арҷгузорӣ ба мероси бузурги гузашта балки, омили муҳимми бедории миллӣ, маънавӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ба назари коршиносон ҳадаф аз ин ташаббус таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва эҳёи анъанаҳои неки мутолиаи китоб дар байни насли ҷавон ва ҷомеъа мебошад.
Бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишварамон дастрас хоҳад шуд. “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ яке аз сутунҳои асосии адабиёти классикии форсу тоҷикро коршиносон як навъ посух ба чолишҳои ҷаҳони муосир арзёбӣ мекунанд. Зеро “Шоҳнома” на танҳо як асари адабӣ, балки як китоби худшиносӣ ва ватандӯстӣ будааст. Расидани он ба дасти ҳар як сокини кишвар як рӯйдоди фарҳангию таърихист. Зеро “Шохномахонӣ” пайванди маънави бо гузашта ва сипари ҳуввияти миллӣ аст.
“Шоҳнома” ҳамчун сарчашмаи худогоҳии миллӣ ва ҳифзи забони модарӣ ҳамеша дар қалби миллати тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. Нашри умумимиллӣ ва дастрасии ройгони он як қадами муҳиме дар роҳи таҳкими маънавиёти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Тақсими “Шоҳнома” ба ҳар як хонадон қадами бузург дар роҳи тақвияти худогоҳӣ, ватанпарварӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҷавонон бояд “Шоҳнома”-ро ҳамчун китоби дастурӣ дар роҳи худшиносӣ ва ватандӯстӣ мутолиа намоянд. Ин туҳфаи Пешвои миллат моро ба решаҳои фарҳангӣ ва таърихии худ пайваст мекунад.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳаммосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба “Шоҳнома” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: “Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамранги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт”.
Президенти кишвар аз мавзуъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳаммияти бузург бархӯр аст.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз таърихи гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози “Шоҳнома” ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
“Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо вуҷуди собиқаи таърихи тулонӣ, дар раванди ҷаҳонишавӣ дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, динӣ, ҷуғрофӣ ва адабию илмӣ мебошад. Ин шоҳкорӣ ба унвони яке аз ганҷинаҳои адабию фарҳангӣ ба тарвиҷи забони форсӣ-тоҷикӣ ва интиқоли арзишҳои эрониасл ба мо кумак карда истодааст.
Таваҷҷуҳ ва интишори китоби “Шоҳнома” ба забонҳои мухталиф, аҳаммияти ин асари ҳаммосиро дар сатҳи ҷаҳон зиёд карда, ба табодули фарҳангии байни миллатҳо шудааст.
Аҳаммияти китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фарҳангии геополитикӣ, чунин тақсимбанди кардан лозим меояд:
1. Муаррифии таърих ва фарҳангӣ форсӣ-тоҷикӣ;”Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таърих, фарҳанг ва устураҳои эронӣ бостониро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад ва тасвири рӯшане аз ҳуввияти эрониро ироа мекунад.
2. Ташвиқу тарғиби забони форсӣ-тоҷикӣ;Ин асар яке аз муҳимтарин асарҳои адабии забони форсӣ-тоҷикӣ буда, нақши назаррасе дар ҳифз ва тарвиҷи ин забон дар сатҳи байналмилалӣ дорад.
3. Тақвияти дипломатияи фарҳангӣ;Ташвиқ ва тарҷумаи “Шоҳнома” бо забонҳои мухталиф, заминаеро барои гуфтугӯҳои фарҳангӣ ва табодули идеяҳо миёни кишварҳои Тоҷикистон-Эрон- Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон фароҳам меорад.
4. “Шоҳнома” манбаи илҳомбахшӣ хубе барои ҳунармандон ва эҷодкорон дар заминаҳои мухталиф мислӣ -наққошӣ, мусиқӣ ва театр мебошад ва ба ғанисозии санъату ҳунари ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.
5. Ироаи намунаҳои ахлоқӣ ва инсонӣ;”Шоҳнома” ҳовии достонҳо ва мазмунҳои ахлоқӣ, паҳлавонӣ ва инсонӣ мебошад, ки метавонанд ба унвони намунае барои ҷавомеи мухталиф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
6. Рушди туризми фарҳангӣ;
“Шоҳнома” ба муаррифии маконҳо ва шахсиятҳои таърихӣ метавонад ба унвони як абзори муҳиме барои рӯшди турризми фарҳангӣ ва ҷалби саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон амал кунад.
Дар ниҳоят, “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо як асари адабӣ, балки як мероси мондагори арзишманд аст, ки бо интиқол ба забонҳои дигар ва муаррифи ба миллатҳои дигар, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фарҳангии геополитикӣ нақш ва мақоми назаррасеро иҷро мекунад.
Бояд гуфт, ки аҳаммияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фарҳангии геополитикӣ ва барои тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кутоҳ гӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ
Сулаймонзода Масъуд — муовини декан оид ба тарбияи факултети фалсафа