СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

285

Зери ин унвон дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва эълон гардиидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-и факултаҳои Фалсафа ва Филологияи рус Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доктори илмҳои сиёсатшиноси, профессор Сайфулло Сафаров доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин дар бораи “Соли маърифи ҳуқуқӣ” , “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суҳбатҳо ороста шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, якчанд нафар донишҷӯёни факултаҳои болозикр бо туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Вохӯриву мулоқотҳо дар доираи нақшаи муштарак дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди кишвар, идома дода мешавад.