СТРАТЕГИЯИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ – МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

40

(Дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон )

Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, масъалаҳои муҳим ва дастовардҳои зиёди кишварро баррасӣ карданд. Дар баробари дигар масъалаҳо мавзуи ҳифзи иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои меҳварии Паём ба ҳисоб мерафт, зеро ҳифзи иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳимест, ки рушди соҳаҳои дигари ҷомеа ба он вобастагӣ дорад. Пешвои миллат дар мавриди ҳифзи иҷтимоӣ чунин гуфтанд: “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баландбардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад”.

Дар ҳақиқат маҳз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар симои Пешвои миллат аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад ва ҳамасола маоши кормандони давлатӣ, ступедияи донишҷӯён, нафақа ва дигарсамтҳо аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мегардад. Пешвои миллат дар мавриди хароҷоти буҷети давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ суханронӣ намуда, хароҷоти соли 2024 бо соли 2023 чунин муқоиса карданд: “Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ, масъалаи стратегияи ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ намуда, барои рушди он чунин пешниҳодҳоро ироа намуданд: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз1-уми сентябри соли2025: – маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф30 фоиз зиёд карда шавад; – маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад; – музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот20 фоиз зиёд карда шавад; – ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”. Ин ғамхории Пешвои миллат нисбати тамоми қишри ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, хоссатан маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Дар умум, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Элмуродова ДавлатбӣСангова Садбарг,омӯзгорони кафедраи кори иҷтимоии ДМТ