
Дар толори Шурои олимони факултети фалсафа бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар суханронии ифтитоҳии хеш декани факултети фалсафа, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз таърихи қадима дошта, нишоне аз таърихи тамаддуни қадимаи миллати тоҷик мебошад. Наврӯз рамзи оғози ҳаёти нав, зиндашавии табиат, шинохти қонуниятҳои таҳавулоти табиат ва ҷамъият, василаи сарҷамъ намудани мардум, унсури муҳимми ҳувияти миллӣ ва пайндгари наслҳои имрӯзу оянда ба фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.
Дар чорабинии мазкур, инчунин, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ Амондуллоев Бегмурод Саломатшоевич дар мавзуи «Наврӯз – унсури муҳимми фарҳангии миллии тоҷикон» маърӯза намуда, масъалаҳои ҳувиятсози ин ҷашни миллию фарҳангиро таҳлилу баррасӣ намуданд. Ӯ дар маърӯзаи худ қайд карданд, ки Наврӯз ба фарҳангу тамаддуни халқиятҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби онҳо эътироф ва қабул гардидааст. Аз ин рӯ, ҷашни Наврӯзро айни замон дар баробари мардумони тоҷику форс, инчунин дигар миллату халқиятҳо низ таҷлил мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯдухтарони факултет дар васфи Наврӯз шеърҳои идона қироат намуда, ба ин васила арзиши фарҳангии ин ҷашнро таъкид намуданд. Дар охири чорабинӣ як гурӯҳ устодону кормандони факултет барои фаъолияти пурсамари таълимию методӣ, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва як зумра донишҷӯён барои хониши аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.