Суманак, Сумалак, Саманӯ — навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шустаю сабзонида ва дар рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд.
Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд. Субҳ вақте ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват менамоянд, базми рақсу суруд меороянд, духтарон арғунчакбозӣ ва писарон гуштигирӣ мекунанд. Дар вақти суманакпазӣ занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, зеро тибқи боварҳои мардумӣ ҷашни Наврӯз агар бо хандаву хурсандию шодмонӣ певоз гирифта шавад, ҳамон сол соли бофайзу баракат ва хушу хурсандӣ мегардад. Бинобар ин, дар маросими суманакпазӣ хурду калон ва пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарашонро бо кушодарӯйӣ шодбош мегӯянд ва муборакбод менамоянд. Тибқи маълумоти наврӯзшиносон маросими суманакпазӣ ба чунин тарз иҷро мешавад. Гандум ҳамин ки бо оби борон дар муддати панҷ-шаш рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода мешавад, пиразани муътабар ва обрӯманде бо корд сабзаи гандумро бурида ба ҳован (уғрак) мендозад. Сипас хонумҳои ҷавонтари қавӣ онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Дар баъзе минтақаҳою деҳаҳо пеш аз шираи гандумро ба дег андохтан, ба нияти шод гардонидани арвоҳи пирҳо чалпак мепазанд ва нӯгча мегузоранд.
Нӯгчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурӯзон мекунанд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд омехта карда, ба дег меандозанд ва онро занону духтарон ба навбат мекобанд.
Дар аксари маҳалҳои тоҷикнишин ҳангоми маросими «Суманакпазӣ» мардонро ба назди дег роҳ намедиҳанд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад. Шаби суманакпазӣ занҳою духтарони қадрас намехобанд. Онҳо хӯрокҳои гуногуни наврӯзӣ пухта, вақти худро бо хушию хурсандӣ мегузаронанд. Аз аввали шаб то субҳ дафу дойра зада, рақсу бозӣ ва таронасароӣ мекунанд. Рисолаи суманакро кадбону мехонад ва дигарон ба қироати рисола бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш меандозанд. Хонуме, ки аз иштирокчиёни маросими «Суманакпазӣ» бихобад, занони шӯх ба рӯй ва абрӯвонаш сиёҳии дегро молида, вайро масхара мекунанд ва билохира, бедораш месозанд.
Пеш аз дамидаи субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшонанд. Субҳи содиқ ҳамин ки занону духтарон ҷамъ омаданд, кадбону сарпӯши дегро мебардорад. Аввал як табақ барои шахсони рӯзгордидаи маҳалла мекашад ва боқимондаи суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягону дигар шахсони маҳаллатақсим мекунад.
Дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишини олам суманакро «сумалак» меноманд. Тибқи ақидаҳои мардумӣ номи «сумалак» аз ибораи «сӣ малак» гирифта шудааст. Гӯё ҳангоми пухтани суманак сӣ малак (фаришта) аз осмон ба замин ташриф меоранд ва ноаён дар омода намудани ин хӯроки ширкат меварзанд. Аз ин рӯ, мардум суманакро «сумалак» номида, онро муқаддас медонанд. Суманакро фурӯхтан ва харидан мумкин нест. Агар суманак дар бозор фурӯхта шавад, соли нав бо файзу боракат нахоҳад шуд.
Ҳамин тавр, суманак яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз дониста мешавад. Сабзаи суманак дар дастурхони идонаи наврӯзӣ – “ҳафт син” ва “ҳафт шин” бо ҳамроҳии худи суманак гузошта мешавад. Суманак ин рамзи зиндагӣ, баҳор, бедоршавии табиат, хушбахтӣ, шодмонӣ ва инчунин гирифтани ҳосили хуб дар соли нав аст, ки боз аз он суманак омода мекунанд. Барои кишварзон ва деҳқонон Наврӯз, пеш аз ҳама, иди тақвимӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳосилашро дар тирамоҳ ҷашни иди ҳосилғундорӣ Меҳргон ба даст меоранду дар таомҳои наврӯзии оянда, ки аз гандум ва ҳафт намуди зироатҳои ғалладона истифода мебаранд, инъикос ёфтааст. Суманак дар ҷашни Наврӯз нақши асосӣ ва муҳимро мебозад. Мо наметавонем бидуни он иди Наврӯзро таҷлил намоем.
Cатторзода Субҳидин Наҷмудин – дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ