ТАКМИЛИ РАВОБИТИ МУТАҚОБИЛАИ УМУМИЯТҲОИ МИЛЛИЮ ЭТНИКӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

914

Воқеияти замони муосир аз он дарак медиҳад, ки ҷаҳон аз умумиятҳои мухталифи миллию этникӣ иборат аст. Муносибат ва равобити байниҳамдигарии онҳо аз зумраи муҳимтарин унсури воқеияти иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Авҷи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дар ин пайвастагӣ тағйирот ва дигаргуниҳои иҷтимою сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳонӣ боиси муҳоҷирати васеи мардум, кӯчидан, омехта шудани умумиятҳои гуногуни этникӣ шудааст. Дар натиҷаи муҳоҷирати умумиятҳои мухталифи миллию этникӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ равандҳои ба ҳам муқобил ошкор карда мешаванд. Аз як тараф, гурӯҳҳо ва умумиятҳои алоҳида монеаҳои фарҳангию забониро, ки қаблан онҳоро аз ҳам ҷудо мекард, убур мекунанд, бо унсурҳои фарҳанги маҳаллӣ омехта мегарданд, забон, тарзи тафаккур ва менталитети мардуми кишвари қабулкунандаро аз худ менамоянд, тадриҷан ҳудуди байни «худӣ» ва «бегона» аз байн бурда мешавад, ки ин ҳолат дар натиҷа ба махлутгардии пурраи умумиятҳои миллию этникӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон, раванди муқобил низ ба мушоҳида мерасад. Умумиятҳои миллию этникӣ кишвари худро тарк намуда, дар муҳити бегона диаспораи худро эҷод мекунанд ва дидаву дониста бо умумиятҳои дигар якҷоя намешаванд ва анъанаву урфу одатҳои худро нигоҳ медоранд. Ин умумиятҳои миллию этникӣ кӯшиш намекунанд, ки бо фарҳанг ва арзишоти мардуми маҳаллӣ комилан мутобиқ шаванд, агарчанде дар муҳити ғайримиллии хеш зиндагӣ мекунанд. Вале чи гунае ки инсон худ ба танҳоӣ наметавонад умр ба сар барад, ҳамчунин умумиятҳои миллию этникӣ низ бе муносибат ва равобити байниҳамдигарии умумиятҳои дигар арзи вуҷуд карда наметавонанд.

Асалан, ҳар як гурӯҳ ва ё умумияти миллию этникӣ то андозае барои робита ва дарки дастовардҳои фарҳангии дигар халқҳо боз ҳаст ва дар айни замон омодааст, ки дигар умумиятҳои миллию этникӣ аз дастовардҳои фарҳангӣ, технологӣ ва арзишҳои маънавии он баҳравар гардад. Аммо воқеияти ҷамъиятву сиёсӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои байниҳамдигарии миллату халқиятҳо ва умумиятҳову гурӯҳҳои гуногуни миллию этникӣ на ҳамеша натиҷаҳои мусбат доштанд. Таърихи равобити этникию фарҳангии умумиятҳои миллию этникӣ аз хусумат, муқовимат ва муноқишаҳои зиёди онҳо дарак медиҳад.

Дар баробари ин, ҳолати дигар низ имконпазир аст. Он гунае ки ашхоси алоҳида метавонанд байни якдигар муносибатҳои хуб ва дӯстона барқарор намоянд, инчунин, умумиятҳои муайяни миллию этникӣ низ қодиранд забони муштарак байни ҳам пайдо кунанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои мураккаби муносибатҳои мутақобилаи умумиятҳои миллию этникӣ на танҳо этнологҳо, антропологҳо, психологҳо, балки сиёсатшиносонро ба худ ҷалб намудааст. Маҳз дар алоқамандӣ бо мураккабии равобити байниҳамдигарии онҳо мутахассисони соҳаҳои мазкур бар он мекӯшанд, то баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ механизми бартарафнамоии ҳолатҳои муқовиматиро дар байни ин умумиятҳо коркард намуда, ба ин васила заминаи устувори баҳамалоқамандӣ ва баҳамтаъсиррасонии онҳоро фароҳам оваранд.

Агар сухан дар бораи унсури этникии раванди баҳамтаъсиррасонии умумиятҳои миллию этникӣ равад, пас, муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо, ки метавонанд мусбат, манфӣ ё бетафовут (индифферентӣ) бошанд, дар назар дошта мешавад. Равобити мутақобилаи хосияти мусбатдошта якдигарфаҳмии байни миллатҳои гуногун ва робитаҳои мухталифи байни онҳоро дар худ таҷассум менамояд. Ин гуна муносибат дар бештари ҳолат заминаи воқеии таҳкимбахши истиқлолият буда метавонад. Дар ҷараёни он умумиятҳои миллию этникӣ манфиатҳои худро амалӣ намуда, муносибатҳои касбӣ ва шахсиро барқарор мекунанд. Барқарор набудани равобити байни онҳо ва гурӯҳҳои алоҳида метавонад боиси нофаҳмӣ ва афзоиши шиддат гардад, ки ба муноқишаву муқовимати байни миллату халқиятҳо ва ё намояндагони онҳо дар доираи давлати муайян оварда расонад. Моҳияти онро робитаи манфии тарафайн дар байни умумиятҳои миллию этникӣ ифода мекунад. Чунин равобит ҳар гуна пояҳои давлатдорӣ ва рӯоварии мардумро ба истиқлолгароӣ метавонад халалдор намояд.

Муносибатҳои бетарафона ё худ индифферентии байни намояндагони миллату халқиятҳои гуногун ва умумиятҳои мухталифи этникӣ ба консепсияи баҳамтаъсиррасонии этникие асос ёфтаанд, ки моҳияти ҷиҳати этникиро камаҳамият арзёбӣ намуда, дар баъзе ҳолат нақши онро хеле паст нишон медиҳад. Хусусиятҳои этникии намояндагони дигар миллатҳо дар раванди муоширати байнишахсӣ низ ифода ёфта метвонад. Дар луғати В. М. Блейхер ва И. В. Крук мафҳуми «индиффирент», ки аз калимаи лотинии indifferens бармеояд, ҳамчун бетафовутии эҳсосотӣ нисбати ҳама гуна ҳодисаву ҳолатҳо муайян шудааст (Блеинхер В.М., Крук И.В. Толковый словарь психиатрических   терминов. – Воронеж: НПО «МОДЭК», 1995. 441 с)

Бетафовутӣ, дар муқоиса бо таҳаммулпазирӣ, на барои ҷудо кардани гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ ё муносибати таҳаммулпазирона ба намояндагони миллат ва фарҳангҳои дигар, балки барои эҷоди аломатҳои мушаххас дар байни умумиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои этникӣ баҳри наздикшавии онҳо равона карда мешавад. Маълум аст, ки ҳар як фарҳанг дар раванди фаъолияти худ пайваста ба гузаштаи худ, ба таҷрибаи фарҳангҳои дигар рӯ меорад. Аз ин рӯ, имрӯз умумиятҳои миллию гурӯҳҳои этникиеро пайдо кардани душвор аст, ки ба онҳо фарҳанги умумиятҳову гурӯҳҳои дигар таъсир нарасонида бошанд.

Равобити байниҳамдигарии миллату халқиятҳо ва умумиятҳои дигари этникӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ – аз робитаҳои шахсӣ сар карда, то ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ба вуҷуд меояд. Тавре ки қаблан гуфта шуд, мавҷуд набудани ҳамкории мусбати байни умумиятҳои миллию этникии мухталиф метавонад боиси афзоиши шиддатнокиҳо, даргириҳо ва низоъҳои байни онҳо гардад.

Яке аз муҳаққиқони соҳаи муносибатҳои миллӣ Ю.П. Платонов дар бораи муноқишаҳои байни миллатҳо дар фазои пасошўравї менависад, ки зиддият ва бархӯрди байниэтникӣ дар ин минтақа натиҷаи бевоситаи сиёсати даврони Шўравї ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона баҳамалоқамандӣ ва баҳамтаъсиррасонии байниэтникӣ таваҷҷуҳи хосса сурат намегирифт. Ба андешаи мо, назари Ю. П. Платонов он қадар саҳеҳ намебошад. Зеро аз солҳои 50-уми асри ХХ сар карда, то ба имрӯз ҳазорон таҳқиқоти илмӣ сурат гирифта, натиҷаҳои онҳо дар амалияи муносибатҳои байнимиллию байниэтникӣ то қадри имкон инъикоси худро ёфтаанд.

 Як нуктаро бояд қайд намуд, ки масъалаи миллӣ дар давраи Шўравї пурра ҳалли худро наёфта буд. Ин гуфтаро бо он далел метавон собит намуд, ки баъд аз фанои Иттифоқи Шўравї шиддатнокӣ дар муносибатҳои мутақобилаи умумиятҳои миллию этникӣ хеле авҷ гирифт ва то ба ҳадди ҷангҳо омада расид. Бинобар ин, мо ба хулосае омада метавонем, ки масъалаи мазкур таваҷҷуҳи доимӣ ва коркарди чораҳои махсуси татбиқи меъёрҳои сиёсати миллиро нисбат ба хеш тақозо менамояд.

Олими шинохта М. Н. Романенко дар ин алоқамандӣ қайд менамояд, ки «масъала шояд дар он ифода ёбад, ки таҳқиқоти суратгирифта ба ин ё он восита танҳо хусусиятҳои миллӣ, анъанаҳои оилавӣ, урфу одат ва мушкилоти дохилии ин ё он этносро дар алоҳидагӣ ифода мекунад. Аз ин хотир, масъалаҳои ҳалталаб дар муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятҳои миллӣ-этникӣ, то ҳол вуҷуд доранд» (Романенко Н.М. Место и роль семьи в социокультурной реальности. – М.: Медиа-принт, 2010. 110 с. ) . Вобаста ба гуфтаҳои ин муҳаққиқ то андозае розӣ шудан мумкин аст. Зеро аз таҳлили таҳқиқоти дар ин мавзӯъ суратгирифта, мо метавонем натиҷаеро пайгирӣ карда бошем, ки баҳамтаъсиррасонӣ ва робитаи мутақобилаи байни умумиятҳои гуногуни миллию этникӣ аз ҷиҳати амалӣ кам ифодаи худро ёфтаанд.

    В. Сикевич қайд мекунад, ки «худшиносии этникӣ унсури фитрии инсон набуда, балки дар раванди иҷтимоишавии инсон зери таъсири омилҳои мухталиф ташаккул меёбад, ки дар байни ин омилҳо таъсири муҳити этникӣ, мансубияти волидайн ба ин ё он этнос, муҳити дӯстон ва ҳамсоягон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ва таъсири фазои иттилоотӣ ба худшиносии этникии кӯдакон нисбатан назаррас мебошанд» (Сикевич З.В. Социология и психология национальных отношений. – СПб.: Изд-во Михаилова В.А., 1999. 203 с.). Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари худшиносии этникӣ ба равобити мутақобилаи умумиятҳои миллию этникӣ, инчунин, худайниятдиҳии этникии шахс таъсир мерасонад.

    Муҳаққиқи барҷастаи рус Ю. В. Арутюнян дар китоби худ таҳти унвони «Этносотсиология» якчанд модификатсияҳои худайниятдиҳии этникиро нишон медиҳад. Аз қабили айнияти одӣ, айнияти этносентрӣ, айнияти этноҳукмронӣ, таассуби этникӣ, бетафовутии этникӣ, этнонигилизм дар шакли космополитизм ва айнияти амбивалентии (дугона) ифоданаёфта (Арутюнян Ю.В. Этносоциология. Допол и исправл. – М.: Аспект Пресс, 2014. 490 c.). Дар пайвастагӣ бо айнияти амбивалентии ифоданаёфта ин муҳаққиқ қайд менамояд, ки шакли мазкури айният дар муҳити аз ҷиҳати этникӣ омехта ташаккул меёбад.

Этнонигилизми шахсият бар хилофи айнияти амбивалентӣ метавонад дар шакли космополитизм ифода ёбад, ки инсон умуман унсури этникиро рад менамояд. Арзишоти миллию этнофарҳангиро инкор намуда, озодии худро аз ҳар гуна аломатҳои миллию этникӣ эълом медорад. Ба ибораи дигар, шахсият худро ҳамчун «инсони ҷаҳон» муаррифӣ намуда, ҳар гуна мансубият ва айниятҳои худро ба миллату этноси мушаххас нодида мегирад. Бетафовутии этникӣ бошад, дар беаҳамиятӣ ва таваҷҷуҳ накардани инсон ба масъалаҳои этникӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятҳои миллию этникӣ ва инчунин арзишоти фарҳангии миллати худ ва дигар миллатҳо ифода мегардад. Ба ибораи дигар, ин навъи айниятдиҳӣ инъикосгари он аст, ки инсон аз ҳар гуна меъёр, арзиш ва анъанаҳои этникӣ худро озод эҳсос мекунад.

Мавқеи махсусро дар ин радабандии худайниятдиҳии этникӣ таассуби этникӣ соҳиб аст. Таассуби этникӣ дар шароити муосир дар манотиқи мухталифи олам ба мушоҳида мерасад. Мо одатан шоҳиди он мегардем, ки афроди муайян ва ё гурӯҳҳои мушаххаси этникӣ оид ба этноси худ ҳамчун умумияти этникии олитарин ва беҳтарин сухан мегӯяд. Онҳо тайёранд, ки барои мақоми ҳукмронро соҳиб гаштани миллати хеш ба ҳар гуна қурбониҳо ва амалҳои зишт рӯ биёранд. Мутаассифона, таассуби этникӣ истифодаи шаклҳои мухталифи фаъолияти террористиро низ истисно наменамояд. Ба мисли терроризме, ки бо ниқоби динӣ амалӣ мешавад, терроризми этникӣ низ аз шаклҳои гуногуни идеологияи зӯроварӣ истифода бурда метавонад. Пас бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки таассуби этникӣ шакли ниҳоии айнияти таҷовузкоронаро дар худ ифода менамояд.

Айниятдиҳии этноҳукмронӣ низ аз лиҳози идеологӣ ба таассуби этникӣ низдикӣ дорад. Бисёри олимон бар онанд, ки ин навъи айниятдиҳӣ аз байни дигар шаклҳои худайниятдиҳӣ бештар мубрам гардидааст. Ин навъи худайниятдиҳии этникӣ боис мешавад, ки инсон аз мансубияти этникии хеш ҳамчун арзиши олӣ ва аввалиндараҷа муносибат намояд. Чунин худайниятдиҳӣ аксар вақт ҳолати такаббур ва афзалиятнок будани миллати худро нисбат ба дигар умумиятҳои миллию этникӣ ифода мекунад.

Шахсияте, ки рӯоварии этносентрикиро пайгирӣ менамояд, чун қоида ба муҳимияти мақоми миллати хеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва аслан, ба он аз лиҳози интиқодӣ назар наменамояд. Ин гуна ашхос, аслан одамони канораҷӯй ва мардумгурезро мемонанд. Ашхоси мазкур бо дигар нафарон ба душворӣ робита ва муошират барқарор менамоянд, дӯстонро ба мушкилӣ соҳиб мешаванд.

Дар ниҳоят, айниятдиҳии шахсият, ки одӣ ё муқаррарӣ номгузорӣ мешавад. Афроде, ки чунин тарзи айниятро доранд нисбат ба халқи хеш аз лиҳози мусбат ва ба таври одӣ муносибат менамоянд. Ин гуна афрод на танҳо нисбат ба фарҳанг, таърих, ватан ва дигар аломатҳои этникии миллати худ, балки ба арзишот, таърих ва фарҳанги умумиятҳои дигари миллию этникӣ низ арҷ мегузоранд. Оид ба гуногунӣ ё худ модификатсияи айнияти этникӣ  ҳаминро метавонем гуфт, ки шаклҳои мазкур намуди воҳидро надоранд ва вобаста ба шароит, таъсири омилҳои мухталифи объективию субъективӣ онҳо низ метавонанд тағйир ёбанд. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки дар байни шаклҳои гуногуни худайниятдиҳӣ сарҳадоти қатъиро муқаррар намудан қобили қабул нест. Зеро инҳо мафҳумҳои мавҳумии илмие ҳастанд, ки ҳар лаҳза хусусиятҳои якдигариро ба худ гирифта метавонанд.

Хулоса, такмили равобити мутақобилаи умумиятҳои миллию этникӣ барои кишварҳои сермиллат ва давлатҳои полиэтникӣ, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд заминаи таҳкими истиқлолияти давлатиро ба миён биёранд. Дар ин алоқамандӣ рушди муносибатҳои миллии кишвар аҳамияти хосаро ба худ касб менамояд. Рушди муносибатҳои миллии давлат бошад, аз чигунагии амалишавии сиёсати миллии кишвар вобастагии зиёд дорад.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати полиэтникӣ бояд самтҳои афзалиятноки сиёсати миллии худро ба таври зерин муайян намуда, тадриҷан онҳоро амалӣ гардонад: таҳкими ҳамаҷонибаи давлати миллӣ ва амалигардонии манофеъ ва талаботи тамоми умумиятҳои миллию этникии маскуни кишвар; таъмини баробарҳуқуқии намояндагони миллату халқиятҳои гуногун, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд; фароҳамоварии шароити мусоид барои рушди озоди урфу одат, анъана ва фарҳанги умумиятҳои миллию этникии маскуни кишвар; вусъат бахшидани низоми амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои умумиятҳои гуногуни миллию этникӣ; такмили сиёсати кадрӣ бо ҷалби намояндагони миллату халқиятҳои ғайритаҳҷоии кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ; ташаккули Консепсияи давлатии сиёсати миллии кишвар зимни назардошти воқеияти амалишавии манфиату талаботи умумиятҳои миллию этникӣ ва ғайра (Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ (иборат аз 3 ҷилд). Ҷ.3. -Душанбе, 2015. 540 с. ).

    Бо назардошти гуфтаҳои боло, танҳо дар заминаи баамалбарории ин ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонем муносибатҳои миллиро аз ҳар ҷиҳат инкишоф дода, заминаҳои устувори истиқлолияти давлатиро дар мисоли Ватани хеш фароҳам орем.

И.Ш.Раҷабов,дотсенти кафедари сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ