Имрӯз вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фалсафаи донишгоҳ баргузор гардид.
Зимнан ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти раванди таълиму тарбия ва илму равобити байналмилалии факултет суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар заминаи факултет ташкили ихтисосҳои навӣ мутобиқ ба раванди замон ва таъсиси клиникаҳои равоншиносию сиёсатшиносӣ талаботи замон мебошад. Гуфтда шуд, ки коллективи факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани пешниҳоди мазкур бояд мусоидат намоядн.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию инсонпарварии донишҷӯён-ҷавонон, инчунин, мустаҳкам намудани донишҳои сиёсии онҳо ва пеш бурдани корҳои идеологӣ – вокунишӣ бояд дастаҷаъмона фаъолият намоянд.
Дар охир таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет чораҳои амалӣ андешида шавад.