Таърихи адабию сиёсии Тоҷикон махзани таълимотҳои дўстию бародарист. Аз шаҳрвандони оддӣ то сарварони сиёсиро таълим медиҳад, ки ҳамеша дар фикри пайдо кардан, зиёд намудан ва ҳифзи дустон бошанд, чуноне, ки гуфтаанд:
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Замоне зиндаёд Мирзо Турсунзода таълим ва тазаккур медоданд, ки
То тавонӣ, дўстонро гум макун,
Дўстони меҳрубонро гум макун.
Шахс фикр мекард, чи гуна инсон метавонад дўсти худро гум кунад ва ба ин бовар кардан мушкил буд. Вале таҷрибаи баъди ба истиқлолият расидан моро омўхт, замоне, ки инсон дусти худро гум мекунад он метавонад ба душман мубаддал гардад. Мо агар ба муносибатњои даҳсолаи охир бо ҳамсоя кишварҳо назар афканем, мебинем, ки баъзе аз давлатҳое буданд, ки аз ин таноби пора пора шудаи дўстии мо истифода карда, обро бештар гилолуд карда, моҳиҳои бузургтаре сайд намоянд, яъне иштиҳои манфиатхоҳии онҳо боз гардида буд. Вале хушбахтона сарони кишварҳои минтақа дарк намуданд, ки он таноби пора пораи дўстиро ба ресмони мустањками дўстӣ мубаддал кардан лозим аст, вагар на ба мушкилиҳои зиёде рў ба рў мегардем ва боз ба қавле:
Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст,
Мушкилосон кун касонро гум макун.
Ин буд, ки Наврўзи 2025 фурсати бузургеро барои сарони се давлати дўсту бародар дар минтақаи Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ўзбекистон – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Қирғизистон – муҳтарам Садир Жапаров дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри бостонии Хуҷанди Тоҷикистон ҳадия намуд ва онҳо низ хуб истифода намуданд.
Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумхурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз маҷмааи Қалъаи Хуҷанд ва иштирок дар барномаи фарҳангии муштараки наврўзӣ тавассути шабакаҳои хабарӣ аз ҷумла АМИТ «Ховар» – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, «УзА» – и Ҷумҳурии Узбекистон ва «Кабар» – и Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври васеъ гузоришҳо таҳия намуданд. Инчунин дар сомонаҳои хабаргузориҳо бо забонҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, тоҷикӣ, узбекӣ, қирғизӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, туркӣ ва ғайра ба нашр расид.
Дар идомаи ин мулоқоти сеҷониба сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба сухан баромаданд ва оид ба ин санади муҳим изҳори ақида намуданд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки « …. аз имрўз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дўстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт». Дар рафти сухаронии худ қайд карданд, ки мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем. Президенти Қирғизистон Садир Жапаров изҳор дошт, ки «Алыскы туугандан жакынкы кошуна артык», ки тарҷумаи он «ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур аст», аз ин хотир Қирғистон ба оянда бо некбинии бузург менигарад ва ҷонибдори рушди ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои бародари Осиёи Марказӣ мебошад.
Инчунин таъкид намуд, ки кишварҳо аллакай лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва иқтисодиро муваффақона амалӣ менамоянд, ки барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии тамоми минтақа пешбинӣ шудаанд. Дар идома ёдовар шуд, ки шаҳрҳои Ўш, Хуҷанд ва Андиҷон на танҳо марказҳои таърихӣ, балки рамзҳои тамаддуни чандинасра, анъанаҳои бой ва фарҳанг мебошанд. Вай пешниҳод кард, ки имкони амалӣ намудани раводиди ягона, ки рафтуомади озоди сайёҳон дар саросари кишварҳои минтақа, ба мисли минтақаи Шенген дар Аврупоро таъмин менамояд, баррасӣ карда шавад. Президенти Узбекистон низ аз ба имзо расидани ин санади таърихӣ изҳори хурсандӣ карда зикр карданд: Имрўз барои халқҳои мо воқеан иди бузург ва деринтизор аст. Мо Шартномаи таърихиро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар имзо кардем. Сарҳадҳо минбаъд хати бародарӣ, фазои имконияти нав, созандагию ҳамгироӣ мебошанд. Таъкид шуд, ки халқҳои мо як сарзамини мукаддас, як дин, як такдир, як ташвиш ва шодӣ, орзую умед доранд. Акнун вазифаи мо ин аст, ки ин сарзамини зебоманзарро якҷоя ба зиндагии шоиста ва хушбахтонаи наслҳои имрўзу оянда табдил диҳем. Солҳои охир бо шарофати иродаи умумии сиёсӣ дар муносибатҳо байни мамлакатҳои мо дигаргуниҳои азими мусбат ба амал омаданд.
Ин иқдоми бузурги сиёсию адабӣ аз ҷониби аксари кишварњо ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд. Ба хусус Арабистони Саудӣ, Туркия аз имзои ин санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғистон ва Узбекистон истиқбол намуданд. Созмони ҳамкории исломӣ низ имзои ин санадҳои таърихии байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро хуб арзёбӣ намуд.
Оид дар амал татбиқ намудани ин санади муҳим 3 – 4 апрели 2025 дар шаҳри Самарқанд аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад, ки ин нишондиҳандаи мавқеи ягона дар масъалањои минтақавӣ мебошад.
Дар охир қобили зикр аст, ки дар ин ҳама дастовардо ташаббуси Тоҷикистон хеле бузург аст, вале мо бо ҳам омадани дўстонро низ ёдовар шудаем. Инчунин аз бузургони худ инро ба мерос гирифтаем:
Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Гадоев Нусратулло — муаллими калони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ