ВАҲДАТ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ИНКИШОФИ ТОҶИКИСТОН

202

Ваҳдати миллӣ омили муттаҳидкунанда миллати тоҷик буда, Тоҷикистонро ба фатҳи қуллаҳои нави тарақиёту пешравии ҳамаҷониба мерасонад. Моҳияти ҳастии тамоми дилхоҳ миллатро ваҳдати узви ва муттаҳидии сар то сари ташкил дода миллатҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳоро ба пирӯзи мерасонад. Ҳамчунин ваҳдат ин ҳамоҳанги, ҳамкорӣ ва пешрафти миллатҳо буда, ки мақсади аслию ниҳоияшон ин ҳимояи тамадунни инсонист. Аз нигоҳи илмӣ ваҳдат ин вазъияту ҳолатҳои мавҷудияти ҷомеа, гурӯҳҳо, миллатҳо ва давлатҳо буда, дар раванди ваҳдатофарӣ субъектҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси ҳаллу фасли таззодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам омада, барои таъмини мавҷудияти худ созишу ҳамкорӣ менамоянд.

Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ дар арсаи ҷаҳони шинохтанд ва эҳтиром карданд. Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам” . Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат баҳри ободию гул – гул шукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеъии миллат мебошад. Раванди сулҳофарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болост.

Ҳанӯз 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санади тақдирсоз миллати тоҷик шинохта шудааст. Ин амали хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагиро дар кишвар ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд “Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд. Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд” .

Маҳз бо кушишу талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризояти миллӣ ва ваҳдати миллиро гузоштанд. Ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд, офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард.

Аз санаи имзои созишномаи сулҳ 26 сол гузашт ва ҷомеаи тоҷикистонӣ ба дастовардҳои бузурги иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст. Аммо, душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик дар фикри ноором кардани суботи кишвари мо буда, кушиш намуда истодаанд, ки таввасути дасисаю бӯҳтон ва назарфиребии сиёсӣ суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиро халалдор намоянд. Ба масъалаи дасисабозиҳои душманони ваҳдати миллӣ дар кишвар ишора карда, Пешвои миллат қайд менамоянд, ки “айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем” .

Омили дигаре, ки ба ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад – зуҳури ифротгароии динӣ – сиёсӣ, терроризм ва тундгароӣ байни ҷавонон мебошад. Чунончи солҳои охир падидаи экстремизм ва бунёдгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташаккил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва онҳо бархоста аз андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ мебошанд. Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии пешвои худ раҳоидааст, дар таҳкими бештари сулҳу Ваҳат фарзандони далеру фарзонааш талошҳо ба харҷ медиҳанд. Месазад, ки хатарҳои болозикрро дар сатҳи заурии илмӣ таҳқиқ карда, роҳҳои мубориза ва пешгирии ин зуҳуротҳои номатлубро коркард ва пешниҳод намоем. Ҷомеа тоҷикистонӣ ва махсусан насли ҷавони дар марҳилаи кунунии тараққиёти кишвар, атрофи сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат муттаҳид гашта, бо хатари паҳншавии экстремизм, терроризм, гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва ифротишавии шуури ҷавонон мубориза барем. Ҷавононро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ки онҳо хатарҳо ва таззодҳои равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро дарк намуда, бар зидди онҳо истодагарӣ карда тавонанд. Чунончи, вобаста ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд “Вазифаи бисёр муҳимми мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихист, ки бо ҷонталошиҳояш Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз нести раҳонид ва миллатро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уфуқҳои нави тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ расонида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн дар сатҳи саёра муаррифӣ кард. Чунончӣ, Президенти феълии Россия В.Путин иброз менамояд “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад” . Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат ва сулҳи тоҷикон аст. Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.

Месазад, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи сиёсати созандаю инсонмеҳвари Пешвои миллат муттаҳид гашта, баҳри ободонию гул – гул шукуфои ватани азизамон Тоҷикистон хизмати худро дареғ надорад. Заминаи тамоми дастовардҳои миллати мо дар ваҳдат аст. Ҳар як аъзои ҷомеаи тоҷик муҳиммияти ваҳдатро дарк намуда, баҳри пойдори он талош варзида, Тоҷикистонро ба як кишвари амну босубот табдил диҳем.

Маҳмадизода Н.Д. доктори илмҳои фалсафа, профессор, Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон