ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ МУҲИММИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

161

Ваҳдати миллӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини давлатдории навин ва шароити зарурии таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ мебошад. Ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ташаккулу таҳкимӣ он дар ҳама давру замон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатиро ташкил менамояд. Дар замони муосир низ ваҳдатсолорӣ ва ваҳдатгароӣ яке аз стратегияҳои дарозмуддати давлатҳо маҳсуб мешавад. Зеро бақои давлату миллат, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолият, ҳифзи сохтори конститутсионии давлат, таъмини якпорчагии кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ маҳз аз ваҳдати миллӣ вобастагӣ доранд. Амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ ва мақсадҳои стратегии давлат замоне имконпазир мегарданд, ки агар қишрҳои гуногуни ҷомеа муттаҳид бошанд ва неруҳои сиёсии кишвар дар зери партави ваҳдати миллӣ ба созандагию ободкорӣ машғул шаванд. Инчунин, барои таъмини рушду инкишофи ҷомеа ва мамлакат ҳамчун дурнамои рушду инкишоф идеяи миллӣ низ зарур мебошад. Зеро «идеяи миллӣ” нишондиҳандаи самтҳои асосии тараққиёти миллату кишвар аст, ки барои бунёди он бояд шаҳрвандон таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Бояд гуфт, ҳар он коре, ки барои пешрафти давлату миллат ба анҷом мерасонем, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, дурнамои муносибатҳои ватандориро муайян менамоянд. Бо дарназардошти зарурият ва муҳиммияти ин масъала, омӯзиши ваҳдати миллӣ, муайян намудани роҳу воситаҳои таҳкими он, асоснок намудани омилҳои манфӣ ва мусбат дар раванди ташаккули ваҳдати миллӣ мубрам ба шумор меравад.

Омӯзиш ва таҳлили адабиёти мавҷуда нишон медиҳад, ки аксари муҳаққиқон дар атрофи ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, бештар онро ҳамчун арзиши бебаҳо ва муҳимтарин заминаи рушди минбаъдаи мамлакат донистаанд. Дар чунин шароит гуфтан мумкин аст, ки диққати олимону муҳаққиқонро бештар аз ҳама на моҳият, мазмуну мундариҷаи ваҳдати миллӣ, балки аҳамияти он барои ҷомеа ва мамлакат, зарурияти он барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ҷалб намудааст. Маълум аст, ки барои ҳар як ҷомеа ва давлат оромию осудагии халқ хеле муҳим ва зарурист ва инчунин инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа низ яке аз ҳадафҳои асосии дилхоҳкишвар мебошад. Аз ваҳдати миллӣ вобаста намудани амалишавии ҳадафҳои мазкур, ки хеле муҳиманд, аҳамияти ваҳдатро боз ҳам боло мебарад.

«Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофаринии мардум мебошад». Таърифи мазкур низ моҳияти ваҳдати миллиро ифода карда наметавонад. Зеро ин падида, на танҳо рисолати таърихию фарҳангӣ, асолати маънавию ахлоқии халқаст, балки дар он ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ низ ҷойгир аст, ки чунин масъалаҳо ба рушди имрӯза ва ояндаи кишвар рабт доранд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи муҳимми рушди минбаъдаи мамлакат ва кафили сулҳу субот як қатор равандҳои дигарро метавонад дар худ нигоҳ дорад. Бояд гуфт, ки барои ба даст овардану ташаккул додани ваҳдати миллӣ ва таҳкими минбаъдаи он заминаҳои муҳим ва шароити мувофиқзарур аст.

Раванди ташаккулёбии ваҳдати миллӣ дар кишвари мо саҳифаҳои хеле рангину ҳузнангезро дар бар мегирад. Зеро зарурати ба даст овардани он ва ташаккули минбаъдаи ваҳдат зарурати давру замон маҳсуб ёфта, мамлакатро бояд аз вартаи ҳалокат мераҳонид. Бинобар ин, олимону муҳаққиқони варзида ва арбобони илму фарҳанги кишвар бо дарназардошти равандҳои пурпечутоби воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон ба ваҳдати миллӣ ва муҳиммияти он баҳои воқеӣ додаанд. Як гурӯҳолимони дигар бо дарназардошти истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба баррасии ваҳдати миллӣмашғул гардида, асосан раванди ташаккулёбии онро шарҳу тавзеҳ додаанд.

Ба андешаи мо, дар шароити муосир дарки мазмуну моҳияти ваҳдати миллӣ бе дарки моҳияти миллат ва гуногунмазмунии он ғайриимкон аст. Зеро то ҳанӯз нисбат ба мафҳуми «миллат» андешаи ягона мавҷуд нест. Баъзе мактабҳои илмӣ миллатро ҳамчун умумияти фарҳангӣ, дар баъзе мавридҳои дигар миллат ҳамчун умумияти сиёсӣ муаррифӣ мегардад, ки чунин ҳолат ба зеҳну тафаккури ҳам олимону муҳаққиқон ва ҳам шаҳрвандони мамлакат таъсири амиқ расонида, вобаста ба фаҳмиши моҳияти ваҳдати миллӣ гуногунфаҳмиро ба вуҷуд меорад. Инчунин, моҳияти ваҳдати миллӣ дар баробари модели миллатсозӣ ва фаҳмиши миллат, бояд бо дарназардошти сохтори иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар низ шарҳ дода шавад. Дар шароити эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ташаккулдиҳии ҷанбаҳои мухталифи ҳастии миллат маҳз аз ваҳдати миллӣвобастагӣдорад ва ин падидаи ҳувиятсоз барои пойдорию бақои миллат ҳамчун умумияти иҷтимоюсиёсӣ мусодат менамояд ва созгор аст.

Cатторзода С.Н., н.и.ф. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи корииҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ