ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ИФОДАКУНАНДАИ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ВА ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

5

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар баробари истиқлоли давлатӣ яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ буда, ифодакунандаи ягонагӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ, таҳкимдиҳандаи истиқлолу озодӣ ва василаи асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ мебошад. Барои миллати шарафманди тоҷик Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ буда, ин рӯз ҳамчун саҳифаи таърихии фаромушнашаванда ва хотирмон дар таърихи навини тоҷикон сабт гардида, бо шарофати талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ваҳдати миллӣ фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиро дар миёни мардуми тоҷик бавуҷудовард ва он боиси рушду нумуи тамоми соҳаҳо дар кишвар гардид. Сулҳ бошад мафҳумест бузургу ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандустӣ аст. Сулҳ дар тасвири олимон асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи одамон аст. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо истиқлоли кишвар таҳким ёфта, миллати шарафманди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нуфузи зиёд пайдо намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро “дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии ватани маҳбубамон” номидаанд. Дар ҳақиқат тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо Ваҳдати миллӣ алоқамандии зич доранд, зеро бе Ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ, осудагӣ ва шароити хуби корӣ фароҳам намеояд.

Аз тарафи дигар шинохти воқоъӣ ва дарки дурусти андешаи Ваҳдати миллӣ аз тарафи афроди як миллат боиси рушди тафаккури миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳудшиносии миллӣ мегардад.

Аз ин хотир зарур аст, ки падидаи Ваҳдати миллӣ, марҳилаҳои ба дастовардани он, қаҳрамони асосии масири ваҳдатсозии миллатро ҳар як нафари мо дуруст дарк кунем, то моҳияту арзиши Ваҳдати миллиро дуруст пай барем.

Чун сухан дар мавриди қаҳрамони асосии масири ваҳдатсозии миллат меравад, зарур аст инро донем, ки Ваҳдати миллӣ маҳз бо шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зеро таърих шоҳид аст, ки маҳз дар марҳилаи душвори таърихӣ, яъне ибтидои соҳибистиқлолӣ, ки хатари нестшавии миллату давлат таҳдид мекард, сарвари хирадманд ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти давлату миллатро ба душ гирифт ва бо пайғоми “Ман ба Шумо сулҳу субот меорам” умеди зиндагӣ ба фардои нек, оромӣ, ваҳдат, бақои миллату давлат ва рушду тараққиёти онро дар дили мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварда, бо фидокориҳояш масири Ваҳдати миллиро бунёдгузорӣ намуданд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин маврид хеле ба маврид гуфта буд, ки “Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳануз чунин роҳбари ғамхор надоштаем!”.

Дар ҳақиқат Пешвои миллат барои мардумаш ҷонашро дареғ надошта, дар он марҳилаҳои ҳассос барои гуфтушуниди дуҷониба бо мухолифон ба Афғонистони ноором сафар карда, масири ваҳдатсолориро барояшон омӯзонд. Бо талошҳои бевоситаи ин абармарди таърихи навини тоҷикон санаи 27 – уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон барқарор гардид.

Аз ин хотир моро зарур аст, ки арзиши ин неъматҳои бебаҳо ба монанди сулҳу амонӣ, ваҳдати миллӣ, оромию осудагиро дарк кунем. Ба қадри ин неъмти бебаҳо расем. Ба андозаи тавони худ дар рушду устувор гардидани ин арзишҳои олӣ саҳмгузорӣ намоем. Зеро ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот, ки дар мамлакатамон ҳукумфармост, баробар шуда наметавонад.

Қайд кардан зарур аст, ки танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳоро паси сар карда, ба он муваффақ мешавем, ки рӯзгори мардум ру ба беҳбудӣ орад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт бо субот қадам занад.

Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ кӯшиши пайваста намудан аст.

Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон, ки аслан онҳо ҷоҳилону бегонапарстонанд ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯиистифода аз фазои озоди демократӣ дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд.

Маълум мегардад, ки барои чунин афрод, на танҳо Ваҳдати миллӣ, балки истиқлолу озодӣ, арзишҳои миллӣ, ватан, модар ва дигар арзишҳо ҳеҷ аҳамият надорад. Пас, тавассути ташаккули мавкураи миллӣ, худшиносии миллӣ, шинохти арзишҳо ва мубориза бо падидаҳои номатлуби замони муосир бояд ба чунин афроди ҷоҳилу бегонапараст ва ифротгаро мубориза бурд.

Ваҳдати миллӣ ормони деринаи миллати тоҷик аст, ки бо душвориҳои зиёд ба даст омада, ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги миллӣ дониста мешавад. Пойдории Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки қадам ба қадам мо ба ҳадафҳои миллӣ расем. Аз ин рӯ ҳар нафаре, ки дар ин ватан зиндагӣ менамояд ва аз самараи сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ бархурдор аст, бояд ба қадри ин арзиши олӣ расад ва барои рушду устувории он талош намояд.

Тағоймуродзода Муҳаммад – доктори фалсафа PhD, дотсент муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети фалсафаи ДМТ

Зумратбии Муродалӣ – докторанти PhD-и факултети фалсафаи ДМТ