ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

114

Яке аз муҳимтарин аркони асолати миллӣ, бақо ва пойдорӣ ва ҳамзамон нишонаи комили худшиносии миллиро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Яқин аст, ки бе сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдати воқеӣ вуҷуди миллат ва ҳастии он, пешрафту тараққиёташ номумкин аст.

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин рукни субот ва асосии иттиҳод ва ҳамбастагии афроди ҷомеа аст. Устод Зокиров Г. профессори илмҳои сиёсатшиносӣ дар китоби пурмуҳтавои худ «Донишномаи сиёсӣ» чунин таърифи ин мафҳумро додааст: «Ваҳдати миллӣ –ягонагии фаъолияти умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла умумиятҳи миллию этникӣ дар таркиби давлати ягона, сатҳи баланди худшиносӣ ва пайвасти ногусастании шаҳрвандон бо шакли давлатдорӣ, бо низоми мавҷудаи арзишҳо ва идеалҳо мебошад. Ваҳдат падидаест, ки ба тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ робита ва пайвасти ногустанӣ дошта, ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварии суботи сиёсӣ амал менамояд. Ваҳдати миллӣ (давлатӣ)» равандест, ки ҷанбаи комили сиёсӣ дошта, дар доираи манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеаю табиат ташаккул меёбад. Асоси ваҳдати миллиро умумияти арзишҳо, ки ба аксарияти кулли бошандагони кишвар наздиканд ва ҷомеаро дар умумияти ягона муттаҳид месозанд, ташкил менамояд».

Ваҳдату ҳамбастагӣ дар таърихи қавму халқиятҳо ва гузашта аз он миллатҳо накши боризе бозида, парокандагию ноиттифоқӣ барояш оқибатҳои ҳузнангез ва фоҷиавию ҳалокатбореро пеш овардааст. Аз ин лиҳоз ваҳдат чун падидаи нодири таҳкими муносибати байни қавмҳо, халқияту миллатҳо аз даврони қадим то ба имрӯз аҳамияти умумиинсонӣ ва умумибашарӣ дорад.

Гузаштагони мо тавонистанд, ки бо шаклдиҳии ваҳдату иттифоқ байни қавму халқиятҳои гуногун давлатҳо ва империяҳои ҷаҳониро барпо созанд, ки дар даврони тӯлонии таърих аз ҷангу кашмакашиҳо ва хунрезию қатлу ғорат дур буданд.

Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо фарҳангу тамаддуни олии хеш руҳияи ваҳдатсозӣ доштааст. Худ фарҳангу забони ин миллат дар гузашта, то ба имрӯз руҳияи умумибашарӣ ва ваҳдатофаринӣ дорад.

Дар даврони истиқлолият баъди ҷанги хонумонсӯз рӯзи 27-уми июн Рӯзи истиқрори шартномаи сулҳ чун рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик дар таърих сабт гардид ва ваҳдати миллии ин марҳилаи басо ҳасосу тақдирсоз ва ибратбахш, нишонае аз худшиносии миллӣ Имзои созишномаи Сулҳ беҳтарин намоди худшиносӣ ва дастоварди миллати мо дар охири садаи ХХ алорағми бадбинон ва душманонамон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати сиёсати мудаббирона, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо Сулҳи пойдор ва Ваҳдати комили миллӣ ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, ҳеҷ неъмате баробари сулҳ ва ваҳдати миллӣ нест. Ҳатто истиқлоли кишваре, ки дар он сулҳу суббот ва ваҳдати комили ҷомеа пойдор набошад, наметавонад аркони давлатдорӣ ва низоми сиёсиро дуруст амалӣ кунад.

Роҳҳои расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ нишонае аз раванди худшиносии миллати мост. Барои мо, ки оқибатҳои сангину фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, лозим аст, ки ин неъмати бузургро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Музокироти байни тоҷикон рамзе аз соҳибтамаддунӣ ва соҳибандешагии миллати мо буда, муште бар даҳони душманон ва ибрате барои ҷаҳониён гашт. Дар арзишмандии ин падидаи таърихӣ Сарвари давлатамон чунин суханон иброз доштанд: «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».

Ҷашни ҳамасолаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, рӯзи истироҳат ва ид эълон шудани он намоишгари фарҳанги волои худогоҳӣ ва худшиноси миллати тоҷик аст.Омӯзиши фарҳанги сулҳи тоҷикон аз тарафи ҷаҳониён барои мояи ифтихор ва худшиносӣ аст. Мафҳумҳои «андешаи миллӣ», «ғояи миллӣ», «идеологияи ягонаи миллӣ» ва «ягонагии миллӣ» чун категорияҳои асосии ваҳдати миллӣ хизмат менамоянд. Андешаи миллӣ-меҳвари ваҳдати миллӣ ва ғояи бузурги ифодакунандаи асли моҳияти ҳастии таърихии миллат ва вижагиҳои ҳастии маънавии он мебошад.

Давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон: нахустин, аз 5 то 19 моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва, даври дуюм 18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон, даври сеюм аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод, даври чаҳорум 22 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато пойтахти Қазоқистон, даври панҷуми он 30 ноябри соли 1995 бо се марҳилааш дар шаҳри Ашқобод пойтахти Туркманистон, даври шашум аз 5 то 19 январи соли 1997, даври ҳафтум моҳи феврали соли 1997 ва даври ниҳоии он аз 9 то 16 апрел ва аз 22 то 28 майи соли 1997 ва шаш мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони Иттиҳодияи мухолифин ва 3 вохӯрии тарафҳо ба ҳам омадани тарафҳои даргир, гузашту бахшишҳои ҳамдигарӣ, ҳусни тафоҳум, қабули созишнома ва санадҳои муҳимми таърихии сарнавиштсозии миллӣ, ки баъдан дар симои Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) идома ёфт ва ғайра, ки роҳи сулҳро дар Тоҷикистон ҳамвор кард, намунаи аз раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллии мост. Ҳамагӣ дар давоми 40 моҳе, ки раванди гуфтушунид давом кард, намояндагони ҷонибҳо дар сатҳои гуногун 20 вохӯрӣ, аз ҷумла дар 9 шаҳр машваратҳо гузарониданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 13 солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд чунин андешаҳои ҳакимонаро иброз намуданд: «Татбиқи давра ба давраи раванди сулҳ ва таҳкими фазои боварӣ ба ҳамдигар ҷонибҳоро мутмаин сохт, ки роҳи ягонаи ҳалли ихтилоф маҳз гузашту ризояти тарафайн, даст кашидан аз мухолифати мусаллаҳона ва хунрезӣ, барқарор намудани сулҳу суббот дар Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорӣ мебошад. Таърихи тӯлонӣ ва пурҳаводиси миллати мо гувоҳӣ медиҳад, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон боиси рушди давлатдорӣ, илму маънавиёт ва зуҳури шахсиятҳои донишманду фарзона гардидааст…

Сабақҳои талхи таърих моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ба ғояҳои ваҳдат ва хамбастагии миллӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулу такомул ёфта, ҷанбаи андешаи миллӣ ва фарҳангу давлатдории мутамаддинро фароҳам овардаанд, эътибори хосса диҳем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқ- лоламон азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро дар фазои сулҳу суббот таъмин намоем».

Дар раванди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи милли тоҷикон нақш ва дастгирию таъсири кишварҳои хайрхоҳи мо: Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, СММ ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ, ки ҳаққи башардӯстии хешро дар нисбати кишвари мо сидқан ва самимона анҷом доданд, талошу заҳматҳои хастанопазири шахсиятҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ: собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолори маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, сиёсатмадорони кишвари Россия Е.М. Примаков, Б. Елтсин, намояндагони СММ Пирис-Баллон, дипломатии немис Герд Дитрих Мерем, президентҳои давлатҳои миёнарав ва дигарон хело калон аст.

Сиёсатмадор ва сипаҳсолори маъруфи тоҷиктабори афғонистонӣ, Қаҳрамони миллии мардуми Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд дар раванди сулҳи тоҷикон саҳми баендоза ва назаррас дорад. Масъуд ба ҳайси як тоҷики асил Тоҷикистонро ватани дуюми худ мешуморид ва ин ҷумла доим вирди забонаш буд, ки мегуфт: «Мо тоҷикон ватандор ҳастем, мо давлати Тоҷикон дорем». Ӯ дар чанд давраи музокироти тоҷикон ширкат варзида, яке аз меъморони бинои сулҳ аст ва аз раванди дастёбӣ ба сулҳи ҳамммилатони хеш хеле хушнуд мегардид.

Устод Кароматулло Олимов дар фаҳми воқеии ваҳдати миллӣ чунин суханони ибратомез дорад: «Дар ҳақиқат ҳам, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, ба дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд. Дар айни замон худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд».

Ваҳдат ҳамчун идеяи муттаҳид намудани миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ ва идеологияи миллӣ табдил ефт ва ин раванд комилан табиист. Зеро ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ҳам оварда ва барои расидани ба зиндагии шоиста дар ҷомеаи қонунсолори мусоидат мекарда бошад, вуҷуд надорад. Яъне ваҳдат идеяи сартосарист, образнок бигӯем, чароғе ҳаст, ки роҳи миллат ва ҷомеаро барои рушду тараққӣ равшан мекунад.

Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддуни инсонӣ дар масири таърих аз набуди ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.

Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст. Чуноне ки Мавлонои бузург фармудаанд:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Бедавлатӣ аз нифоқ хезад…

Ватандустӣ (партиотизм) дар ҳама замонҳо муҳим буд ва имрӯз муҳиммияти он барои пойдорӣ ва асоси ваҳдати миллӣ даҳчанд афзудааст. Суханони Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон барҳақанд, ки мегӯяд: «Манбаъ ва асосҳои бунёдии ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ дар Тоҷикистон аз муттаҳидии халқ ва пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии мардум, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, тақвият бахшидан ба мақоми давлат ҳамчун ҳомӣ ва кафили ҳифзи манфиатҳои халқ, афзоиши неруи иқтисодии кишвар ва нуфузу эътибори байналмилалии он иборатанд».

Тарғибу ташвиқи ватандӯстӣ идеологияи классикии идора кардани давлат, бедории руҳияи миллӣ, парваришу тарбияти шахсияти ҷавонон, муҳимтарин василаи беҳдошти асолати миллат, мояи ифтихор ва сарбаландии шаҳрвандон, эҳтиром ва пос доштани муқаддасоти миллӣ, шинохтани арзишҳои қарз, виҷдон, муҳаббат, садоқат ва дар умум василаи асосии расидан ба худшиносии воқеии миллат мебошад.

Бадалипур Мирзоҳусайн, Давлатов П.Н. –дотсентони кафедраи таърихи фалсафава фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон