ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НАМОДИ ФАРҲАНГОФАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

165

Ваҳдату ҳамбастагӣ принсипи ягонаи муваффақияти ҷомеа дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад. Инсоният аз рўзгоре, ки бо ҳам унс гирифт, кўшиш ба харҷ дод, ки дар шакли дастҷамъӣ ҳадафи худро ба даст биорад. Барои ноил гардидан ба ҳадаф роҳу воситаҳои ба ҳам омадан, фикру андешаи якдигарро дарк кардан ва сари як андеша иттиҳод карданро ҷустуҷў мекард. Ҳамин амали инсонӣ боис гардид, ки табодули андеша ва иттиҳоди фикрӣ ба вуҷуд омада, инсон ҷониби созандагӣ майл намояд.

Масъалаи иттиҳоду ҳамбастагии фикрию амалии насли инсонӣ дар марҳилаҳои баъдинаи ташаккули ҷомеа низ ба назар мерасад. Ин амал аз он далолат менамояд, ки ваҳдату иттиҳоди инсонӣ дар ҳама давру замон муҳимияти худро ҳифз намудаву то замони имрўз расидааст.

Ваҳдату ҳамбастагӣ ва якдиливу иттифоқ дар таърихи қавму халқиятҳо ва гузашта аз он миллатҳо нақши бориз гузошта, парокандагию ноиттифоқӣ барояш оқибатҳои ҳузнангез ва фоҷиавию ҳалокатбореро пеш овардааст. Аз ин лиҳоз, ваҳдат чун падидаи нодири таҳкими муносибати байни қавмҳо, халқияту миллатҳо аз даврони қадим то ба имрўз аҳамияти умумиинсонӣ ва умумибашарӣ дорад.

Гузаштагони мо тавонистанд, ки бо шаклдиҳии ваҳдату иттифоқ, инсондўстиву инсонгароӣ унвони «тамаддунсоз»-ро соҳиб гардида, байни қавму халқиятҳои гуногун давлатҳо ва империяҳои ҷаҳониро барпо созанд, ки дар даврони тўлонии таърих аз ҷангу кашмакашиҳо ва хунрезию қатлу ѓорат дур буданд.

Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо фарҳангу тамаддуни олии хеш руҳияи ваҳдатсозӣ доштааст. Фарҳангу забони ин миллат дар гузашта, то ба имрўз рўҳияи умумибашарӣ ва ваҳдатофаринӣ дошт. Бо ҳамин вуҷуд, таърих гувоҳ аст, ки ин миллати тамаддунофар чандон дафъа давлатдорӣ ва қудрату ихтиёрро аз даст додаст. Сабаби ин гуна нокомиҳо, шояд носипосӣ ва тамаъҷўиву манфиатпарастӣ ва ҷудоихоҳиву иттифоқгурезии бархе аз гурўҳҳои ҷудогона гардида буд.

Бори дигар ба сари миллати тоҷик омадани ҳамон гуна фоҷеаи нангин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ низ аз ҳамон носипосиҳо сарчашма мегирад. Гарчанде, аз сар задании нобасомониҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсири зиёди манфӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мардум расида бошад ҳам, вале азму иродаи қавии ин миллат тавонист дар муддати на чандон тўлонӣ пеши роҳи густариши онро бигирад.

Бори дигар ба сари миллати тоҷик омадани ҳамон гуна фоҷеаи нангин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ низ аз ҳамон носипосиҳо сарчашма мегирад. Гарчанде, аз сар задании нобасомониҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсири зиёди манфӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мардум расида бошад ҳам, вале азму иродаи қавии ин миллат тавонист дар муддати на чандон тўлонӣ пеши роҳи густариши онро бигирад.

Хулоса, «Ваҳдати миллӣ»-и тоҷикон арзиши баланди илмию амалӣ дошта, имрўзҳо ба ҳайси идеяи ягонаи муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон баромад намуда, сазовори эҳтирому арҷгузорӣ мебошад. Месазад, ки ин арзиши олиро мардуми Тоҷикистон азизу муътабар ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд, зеро дар раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои рўзафзуни ҳаракату гурўҳҳои иртиҷоӣ халал напазирад.

Роҳи ягонаи муваффақият дар якдиливу якмаромӣ ва иттиҳоду ҳамдилист. Бесабаб бузургони фарҳанги тоҷик нагуфтаанд:

Бо ду қибла дар раҳи тавҳид натвон рафт рост,

Ё ризои дўст бояд ё ҳавои хештан….

Амирхон Ш.Т. – мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ