Ваҳдати миллӣ барои ҳар миллате, ки аз душвориҳои таърих гузаштааст, неъмати бузург ва муҳими сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи эҳёи миллат, сулҳи деринтизор ва оғози марҳилаи нави рушди устувори ҷомеа арзиши баланд дорад. 27 июни соли 1997 – санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – имрӯз ба унвони рӯзи таърихии сарҷамъии миллат таҷлил мегардад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳилаи бисёр душвори сиёсиву иҷтимоӣ ворид гардид. Норасоиҳои идоракунии давлатӣ ва набудани таҷрибаи демократӣ сабаб гардиданд, ки мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад. Ин боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ гардид.
Ба гуфти таҳлилгарон, яке аз омилҳои асосии идомаи ҷанг набудани иродаи умумимиллӣ ва шароити заъфи сохторҳои давлатӣ буд. Вале маҳз роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонист, ки миллатро сӯйи сулҳу ваҳдат раҳнамоӣ кунад.
Барқарории сулҳ дар Тоҷикистон як раванд ё рӯйдоди тасодуфӣ набуд. Он натиҷаи иродаи қавӣ, фидокорӣ ва сиёсати оқилонаи шахсияте буд, ки ба хотири оромии мардум ва бақои давлат тамоми хатарҳоро ба дӯш гирифт. Ин шахсияти таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат мебошад.
Соли 1992, дар шароите ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, Эмомалӣ Раҳмон бо ризоияти вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шурои Олии кишвар интихоб гардид. Ин лаҳзаҳо барои тақдири давлат ва миллат ҳалкунанда буданд. Дар чунин шароит ӯ масъулияти роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, тамоми нерӯ ва тавоноии худро барои бозгардонидани сулҳ, оромӣ ва якпорчагии миллӣ равона намуд.
Яке аз аввалин иқдомҳои муҳимми Пешвои миллат даъват ба сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд. Дар суханрониҳои худ, ҳатто дар сахттарин лаҳзаҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба сулҳ даъват мекарданд ва таъкид менамуданд, ки фақат бо муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон кишварро аз буҳрони сиёсӣ ва нобудшавӣ раҳо сохт.
Дар доираи ин ҳадафҳо, Пешвои миллат чандин бор бо ҷонибҳои мухолифин музокирот анҷом доданд. Мулоқотҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла дар Москва, Теҳрон, Алмаато, Исломобод ва дигар пойтахтҳои ҷаҳонӣ, шаҳодати онанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ барои расидан ба сулҳи устувор истифода бурданд.
Маҳз таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин санад яке аз бузургтарин комёбиҳои таърихи навини Тоҷикистон мебошад, ки пояи асосии Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосири тоҷикон гардид.
Сипас Пешвои миллат ташаббусҳои муҳими дигареро низ амалӣ намуданд, аз ҷумла:
• Бозгардондани даҳҳо ҳазор гуреза аз кишварҳои ҳамсоя;
• Эҷоди шароити мусоид барои ширкат ва муттаҳидшавии намояндагони мухолифин ба ҳаёти сиёсӣ ва ҷомеа;
• Барқарорсозии ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи сохтори конститутсионӣ;
• Оғози барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин таъкид намуданд: «Ман ҷони худро ба гарав мондам, то сулҳ барқарор шавад. Мо бояд бо роҳи ваҳдат, дӯстӣ ва бахшиш ба сӯи ояндаи равшан қадам гузорем.»
Нақши Пешвои миллат дар барқарории сулҳ на танҳо дар таърихи Тоҷикистон, балки дар таҷрибаи ҷаҳонии раванди сулҳофаринӣ низ намунаи ибрат мебошад. Пешвои миллат, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи миллат, бо хиради сиёсӣ ва диди стратегӣ тавонистанд, ки сарнавишти миллатро дигар кунанд ва Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳилаҳои барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда бозиданд. Бо вуҷуди хатарҳо ва таҳдидҳои зиёде, ки он замон вуҷуд дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳайси роҳбари давлат саъю кӯшиш намуданд, то миллати парешонгашта ва пойтахтбохтаро аз нав муттаҳид созанд.
Суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Сулҳ неъмати бебаҳоест, ки танҳо миллатҳои бохирад ва худшинос ба он ноил мегарданд. Мо бо ифтихор мегӯем, ки миллати тоҷик аз ин озмоиши сангин сарбаландона гузашта, сулҳи деринтизорро бо дасти худ сохтааст» – инъикосгари амиқи аҳамияти таърихии сулҳ ва заҳматҳои мардуми тоҷик дар роҳ ба сӯи ваҳдати миллӣ мебошанд.
Натиҷаҳои асосии ин сулҳ:
• Барқарории сохторҳои давлатӣ ва мақомоти қонунгузор;
• Муҳайё гардидани шароит барои бозгашти гурезагон ва муҳоҷирон;
• Суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ;
• Мустаҳкам гардидани нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
Бо таъсиси сулҳ, кишвари мо имконият пайдо кард, ки ба рушду пешравии воқеӣ роҳ кушояд. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, таҳкими инфрасохтори деҳот ва шаҳрҳо ҳама бо шарофати ваҳдат ва муҳити осоишта амалӣ гардиданд.
Дар ин замина Пешвои миллат нақши ваҳдатро ҳамчун пояи бақои миллат таъкид намуда, пайваста ва устувор иброз менамоянд, ки: «Ваҳдати миллӣ ягона шарти рушди давлатдории навини тоҷикон ва асоси муваффақияти ҳамаҷонибаи мамлакат аст.»
Фарҳанги тоҷикӣ, ки таърихи ҳазорсола дорад, ҳамеша ба сулҳу дӯстӣ ва таҳаммулгароӣ такя намудааст. Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони фарҳангӣ моро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардаанд. Пас аз истиқрори сулҳ, ин анъанаҳои фарҳангӣ боз ҳам рушд карданд ва ҳамчун василаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ истифода шуданд.
Имрӯз тамоми чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамчун воситаи таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ягонагии мардуми тоҷик хизмат мекунанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ин рӯзи сарнавиштсоз ва таърихист, ки барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзишманд аст. Он на танҳо рамзи хотимаи ҷанг, балки оғози эъмори давлатдории устувор, рушдёбанда ва мутамаркази тоҷикон аст.
Мо, бояд аз таҷрибаи талхи гузашта сабақ гирем ва ба қадри сулҳу субот бирасем. Танҳо дар фазои ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем Тоҷикистони озоду обод ва мутараққиро бунёд намоем.
Фозилзода Орифҷон Махсум – докторанти PhD-ии кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ