Ваҳдати миллӣ таъмини осудаҳолии шаҳрвандони як кишвар аст ва бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Самимият, ҷасорат, майли бозоварии гурезагони тоҷики хориҷ аз мамлакат, дипломатияи олӣ ва дигар сифатҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуданд, ки ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёбад, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон бартараф карда шавад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардуми кишвар тантана намояд.
Ваҳдати миллӣ нишонаи боэътимоди ҳамоҳангии Роҳбари давлат бо мардуми Тоҷикистон аст. Бо шарофати ваҳдати миллӣ имкон фароҳам омад, ки ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон: расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян карда шуда, барои ноилшавӣ ба онҳо тамоми неруҳо, имкониятҳо ва кӯшишҳо сафарбар карда шаванд.
Имрўз чӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҷомеашиносон санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расидаро омўхта, онро ба ҳайси дастоварди таърихӣ дар кишварҳои худ барои татбиқ тавсия медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ аз 26.06.2024 дар ин бора чунин ибрози назар намуданд: “Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд”.
Таърих собит месозад, ки ваҳдати миллӣ ва талош намудан ба сулҳу субот як унсури муҳимми ҳувияти миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Масалан, Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» дар достони «Дувоздаҳ рух» ва дар мисоли бархурди Эрону Турон иқдоми бархе аз роҳбаронро чун Пирони Виса ҷиҳати ба даст овардани сулҳ мутазаккир шудааст, ки бо сайю кушишҳои устувор тантанаи сулҳро бар ҷанги хонумонсўз таъмин намудаанд. Ҳамчунин, истилоҳи Ваҳдат, ки марбут ба забони арабист, дар «Шоҳнома» бо вожаи сирф тоҷикии «баҳамоварӣ» баррасӣ мешавад.
Бояд ёддовар шавем, ки роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот бо дастгирии мардуми шарифи кишвар, бо майлу иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии қотеонаи миллати тоҷик ва ташаббусу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидааст. Қаҳрамони асосии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва номи ин абармарди миллат дар таърих ба таври ҳамешагӣ ва абадан боқӣ хоҳад монд.
Хулоса, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи худшиносию худогоҳии миллӣ, заминаи рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Танҳо дар шароити ваҳдати миллӣ мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба саодати воқеӣ мерасад ва зиндагии шоистаро сазовор мегардад. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Умарзода Тоҳирҷон Ҳасан – муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон