ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

104

Ҳар як ҷомеаи иҷтимоӣ барои ба иҷро расонидани вазифаҳои муайян ва расидан ба натиҷаҳои муайян ба ягонагии иҷтимоӣ ва баробарии иҷтимоӣ такя менамояд. Аз ин рӯ, ин шакли ягонагӣ маҳз дар асоси муносибатҳои байни аъзоёни он ба вуҷуд меояд.

Ҳамасола рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад. Бисту ҳафт сол қабл аз ин, яъне 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсози миллати тоҷик – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвари азизи мо заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Ваҳдати миллӣ барои кишвари мо дастоварди беназир ва ниҳоят арзишманд, асоси некӯаҳволии халқ, заминаи боэътимоди рушду пешрафти Ватани азизамон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як фарди бовиҷдон ва ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдату ягонагии миллиро ҳамчун гавҳари ноёб, дастоварди ниҳоят бузург ва сарвати бебаҳо муҳофизат намуда, дар баробари дигар арзишҳои миллии хеш қадр намояд. Зарур аст, ки дар баробари равандҳои гуногуни замони муосир дар сатҳи миллӣ ва давлатӣ мафҳум ва моҳияти ягонагии миллиро ҳамчун ифодагари баҳамоии тарафҳои ба ҳам зид ва ҳамзистии кули шаҳрвандон, наслҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ифода кард. Чунин шарҳи мафҳуми ягонагии иҷтимоӣ ба устувории ваҳдати миллӣ тақвият бахшида, як навъи ҳамгироии иҷтимоӣ ва рукни муҳими худшиносии миллӣ боз ҳам фаррох менамояд. Бояд мо дар насли наврас ғояи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро ташаккул дода, онро муҳимтарин ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу тафаккури миллӣ маҳсуб донем ва барои таҳкими он кушишу талош намуда, ягонагии миллиро нигоҳ дорем.

Дар робита бо ин, ба хотири давом додану усутвории чунин ягонагӣ ва аз насл ба насл интиқол додани он бояд мо дар якҷоягӣ заҳмат кашида ба ояндагон як мулки обод ва сулҳи комил боқӣ гузорем. Аз ин рӯ, ҳар як ҷамъият барои такмили шакли муносиби ягонагии иҷтимоӣ саъй мекунад, ки робитаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии дар ин ё он ҷамъият мавҷудбударо такмил ва инкишоф диҳад.

Барои боз ҳам мустаҳкамии ваҳдату ягонагии миллӣ, пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодии хеш дуруст дарк намудани мафҳуми “Шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ифтихори миллӣ” хеле зарурӣ аст.

Яъне тамоми сокинони кишвар бояд ваҳдати миллиро ҳамчун омили мутаҳҳидкунандаи тамоми қишрҳои иҷтимоӣ қабул намоянд ва дар ташаккули ҳар як аъзои ҷомеа нақши онро муҳим ҳисоб кунанд. Дар робита бо ин дар хотир бояд дошт, ки амният ва ваҳдати миллии кишвари мо дар зери таъсири равандҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони пуртаззод, аз ҷумла, хатар ва таҳдидҳои наву инкишофёбанда осебпазир мегардад. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳим ин аст, ки мо бояд доимо ҳушёрӣ ва зиракии хешро аз даст надиҳем ва ба дуруғу фиребҳои мухталифи манфиатҳои бегона дода нашуда, сулҳу суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари азизамонро мустаҳкам намоем. Зеро ҳеҷ кишваре нест, ки аз таъсири чунин рӯйдодҳо ва дигаргуниҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ ба амал омадаистода дар канор бошад. Зарари чунин таъсирҳо ва дигаргуниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба суботи кишварҳо ва сулҳу оромии ҳар як давлати соҳибистиқулол монеа мегардад.

Вобаста ба ин ҳолат, яке аз қишрҳои муҳиме, ки дар пойдории ин ягонагии иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ истодагарӣ мекунанд ин ҷавонон маҳсуб меёбанд, чунки ҷавонони далеру сарбаланди кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шинохти масъулият бояд ба давлату кишвари хеш содиқ бошанд.

Мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонони мо набояд аз хотир бароранд, ки мо ниёз ба ягон ҷаҳонбинии шахсони бегона ва фаҳмиши дигар ниёз надорем, чунки гузаштагон ва таълимоти бузурги онҳо намунаи беҳтарин роҳнамо дар ҷодаи таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ дар роҳи суботи комил ва пойдории ягонагивву ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд. Ин ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз гузаштагон ва масъулияти фарзона фарзандони миллати тоҷик ҳар яке аз моро ӯҳдадор мегардонад, ки нисбат ба имрӯзу фардои миллат ва ватани азизи хеш бетараф набошем ва талоши бештару беҳтар баҳри ободиву оромии кишвари маҳбубамон намоем, ҳамчунин меҳанти софдилона намуда, ҳушёрӣ ва манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳифз намоем.

Раҳмоналӣ Гулов,ассистенти кафедраи корииҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ

Садбарг Сангова,ассистенти кафедраи корииҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ