ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМДИҲАНДАИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ

123

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар баробари истиқлоли давлатӣ яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ буда, ифодакунандаи ягонагӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ, таҳкимдиҳандаи истиқлолу озодӣ ва василаи асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро “дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии ватани маҳбубамон” номидаанд.

Дар ҳақиқат тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо Ваҳдати миллӣ алоқамандии зич доранд, зеро бе Ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ, осудагӣ ва шароити хуби корӣ фароҳам намеояд.

Аз тарафи дигар шинохти воқоъӣ ва дарки дурусти андешаи Ваҳдати миллӣ аз тарафи афроди як миллат боиси рушди тафаккури миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳудшиносии миллӣ мегардад.

Аз ин хотир зарур аст, ки падидаи Ваҳдати миллӣ, марҳилаҳои ба дастовардани он, қаҳрамони асосии масири ваҳдатсозии миллатро ҳар як нафари мо дуруст дарк кунем, то моҳияту арзиши Ваҳдати миллиро дуруст пай барем.

Чун сухан дар мавриди қаҳрамони асосии масири ваҳдатсозии миллат меравад, зарур аст инро донем, ки Ваҳдати миллӣ маҳз бо шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зеро таърих шоҳид аст, ки маҳз дар марҳилаи душвори таърихӣ, яъне ибтидои соҳибистиқлолӣ, ки хатари нестшавии миллату давлат таҳдид мекард, сарвари хирадманд ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти давлату миллатро ба душ гирифт ва бо пайғоми “Ман ба Шумо сулҳу субот меорам” умеди зиндагӣ ба фардои нек, оромӣ, ваҳдат, бақои миллату давлат ва рушду тараққиёти онро дар дили мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварда, бо фидокориҳояш масири Ваҳдати миллиро бунёдгузорӣ намуданд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин маврид хеле ба маврид гуфта буд, ки “Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳануз чунин роҳбари ғамхор надоштаем!”.

Дар ҳақиқат Пешвои миллат барои мардумаш ҷонашро дареғ надошта, дар он марҳилаҳои ҳассос барои гуфтушуниди дуҷониба бо мухолифон ба Афғонистони ноором сафар карда, масири ваҳдатсолориро барояшон омӯзонд. Бо талошҳои бевоситаи ин абармарди таърихи навини тоҷикон санаи 27 – уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон барқарор гардид.

Ваҳдати миллӣ ормони деринаи миллати тоҷик, ки бо душвориҳои зиёд ба даст омадааст, ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги миллӣ дониста мешавад. Пойдории Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки қадам ба қадам мо ба ҳадафҳои миллӣ расем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба қадри ин арзиши олӣ расем ва барои рушду устувории он талош намояд.

Тағоймуродзода Муҳаммад – доктори фалсафа PhD, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети фалсафаи ДМТ