ВОХӮРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФА БО УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ

14

Имрӯз 03.12.2025 вохӯрии иҷрокунандаи декани факултети фалсафаи ДМТ, дотсент Д.М. Саидзода бо устодону кормандони ҳамин факултет баргузор гардид. Д.М. Саидзода дар раванди суханронии худ як қатор масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотиро бо устодону кормандони факултети фалсафа муҳокимаю баррасӣ намуда, барои ҳалли онҳо тавсияҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.

Дар раванди вохӯрӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор С. Ахмедов баромад намуда, дар атрофи масъалаҳои рушди илмӣ фалсафа, таълими фанҳои тахассусӣ, омодагии омӯзгорон ба дарсҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва фаъолияти босамари садорати факултет фикру андешаҳои хешро иброз намуда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас, муовини аввал, муовини декан оид ба таълим дар бахши рӯзона Д.Қ. Раҳимов суханронӣ намуда, дар бораи вазъи таълим дар факултети фалсафа гузориш доданд. Д.Қ. Раҳимов ба масъалаҳои барномаҳо ва силлабусҳои таълимӣ, раванди таълим дар гурӯҳҳои академикӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар факултет ва масъулиятшиносии омӯзгорон таваҷҷуҳ намуда, пешниҳодҳо намуданд.