МАОРИФ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА

397

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2023)

Дар байни ниҳодҳои иҷтимоӣ маориф якҷоя бо илм ва фарҳанг мавқеи муҳимро дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи хоҷагии халқ ишғол мекунад. Маҳз ниҳодҳо фаъолияти муштараки одамон, алоқаи байни онҳо ва талаботи моддию маънавии онҳоро таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, ниҳоди маориф ҳамеша дар маркази диққати ҷомеа қарор дорад. Вазифаи асосии ниҳоди маориф тайёр кардани мутахассисони ҳаматарафа ташаккулёфта мебошад, ки ба талаботи муосири ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Вале агар вай аз уҳдаи ин вазифа набарояд, системаи маориф коҳиш ёфта, рушди ҷанбаҳои гуногуни ҷамъиятро таъмин карда наметавонад. Ҷомеаи инсонӣ дар ҳоле ташаккул меёбад, ки агар вай ба дастовардҳои илму фарҳанг, одамони соҳибмаърифат, донишмандон ва шахсони ботаҷриба, пеш аз ҳама ба соҳаи маориф такя намояд. Ба ҳама маълум аст, ки соҳаи илм ва маориф дар таҳкими пояҳои сиёсии давлат нақши усувор дошта, пешрафти истеҳсолот ва соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро таъмин менамояд.

Рушди соҳаи маориф – ин кафолати боэътимоди пешрафти на танҳо ҳалли масъалаи зеҳнӣ, балки воситаи асосии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ низ маҳсуб меёбад. Албатта, дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Зеро масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати ҳар як кишвар қарор дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбии худ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи маориф ва неруҳои ақлонӣ диққати махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеи башарӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ дар самти ворид сохтани тағйирот ба соҳаи маориф ва ба ҳудуди ягонаи маорифи ҷаҳонӣ ворид гардидан як қатор санаду меъёрҳо ва қонунҳоро барои ташаккул додани ин соҳа дар кишвар қабул кардааст.

Вобаста ба ин, масъалаи маориф ва таваҷҷуҳ додан ба он ҳамасола дар Паёмҳои Президенти кишвар зикр мегардад. Пешвои миллат нисбати ин соҳаи иҷтимоии давлат диққати махсус медиҳанд. Дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Илова ба ин, дар шароити муосир системаи маориф ҳамчун воситаи асосии пешрафти техникаву технологияи иттилоотӣ буда, барои таъмини бозори меҳнат мусоидат менамояд.

Системаи маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ насли одамизодро аз ҷиҳати зеҳнию ақлонӣ ва дараҷаи шуурнокӣ ташаккул дода, ӯро ба ҳаёти мустақил омода месозад. Беҳуда нест, ки институти маориф соҳаи афзалиятноки ҷамъият ба ҳисоб рафта, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ маҳз аз ин ниҳод сарчашма мегирад, ба замми ин ояндаи ҳар халқу миллат ва пойдори кишвар ба рушди соҳаи маориф вобаста аст. Инкишофи ҳаматарафаи ҷамъият ба соҳаи илм ва маориф пайваст аст.

Дар замони муосир сармояи инсонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи таҳқиқоти мутахассисони соҳа, ки омилҳои асосии рушди иқтисодии 192 кишвари дунёро таҳлил намуданд, дар кишварҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда (кишварҳои собиқ Шӯравӣ) 16% рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи ҷисмонӣ (таҷҳизот, бино ва дигар инфрасохтори истеҳсолӣ), 20% аз ҳисоби сармояи табиӣ (замин, канданиҳои фоиданок ва дигар сарватҳои табиӣ) ва 64% боқимонда аз ҳисоби сармояи инсонӣ (нерӯи инсонӣ) таъмин карда мешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, то 40% маҳсулоти ҷамъиятӣ ба самараи системаи маориф вобаста мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар давраи муосири ҷомеаи иттилоотӣ нақши маориф ва масъалаҳои ба он марбут дар маркази диққати давлату ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо тамоми қувваҳои пешбарандаи нерӯи ақлии инсон равона шудааст. Зеро системаи маориф таҳти вазъияти глобалии асри навин рӯ ба ҳолати тезу тунд ва бархӯрди тамаддунҳо қадам ниҳода истодааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”. Баланд бардоштани иқтидори зеҳнии миллат боиси баромадан аз чунин шароити муташаниҷ дар миқёси олам мегардад. Дар замони кунунӣ асоси ташаккули ҷомеа ва фардҳои алоҳида рӯ ба раванди таълим овардани онҳо, инчунин аз худ намудани мероси ниёгон ҳамроҳ бо донишҳои навини ҷомеаи мутаммадин ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати густаришу инкишофи ниҳоди маориф таваҷҷӯҳи Президенти кишвар зиёд буда, метавон гуфт, ки ба хотири баланд бардоштани рушди сармояи инсонӣ пайваста аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин ниҳоди ояндасози ҷомеа тадбирҳои муайян андешида шуда истодаанд. Илова бар ин, барои пешрафти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи лозимӣ мутобиқгардонии раванди таълиму тарбияи насли наврас ба меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мутобиқ сохтани муассисаҳои таълимӣ ва муҷаҳазонии онҳо бо техника ва технологияи навин саъю кӯшиш намуда истодааст.

Гулов Раҳмоналӣ,ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ