20 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

415

Имрӯз (27.10.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ дар замони муосир» бо иштироки меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар конференсияи илмӣ–назариявии байналмилалӣ баргузор гардид.

Қабл аз конференсия меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шермуҳамедова Н.А. – профессори кафедраи фалсафа ва маънавиёти Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи М. Улуғбек, Шадманов К. – профессори Институти тиббии Бухоро ва Шодиев Р.Т. – профессори Институти давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бо ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуда, дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Баъдан дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки олимону муҳаққиқони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ конференсияи мазкур баргузор гардид.

Нахуст Ректори донишгоҳ дар мавриди муҳиммияти мавзӯи ҳамоиш суханронӣ намуда, саҳми устодони факултети фалсафаро дар рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар замони Истиқлолият муҳим арзёбӣ намуд.

 Дар нишаст таъкид шуд, ки факултети фалсафа бо дарназардошти ба вуҷуд омадани зарурати мутахассисони соҳаи фалсафа, психология, сиёсатшиносӣ, сотсиология, фарҳангшиносӣ ва кори иҷтимоӣ дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, тарбияи мутахассисони дорои тафаккуру ҷаҳонбинии созанда соли 2001 таъсис дода шуда, ҳамчун даргоҳи ташаккули шахсият, илму маърифат, панду ҳикмат ва ҷойгаҳи инкишофи тафаккуру ирода ва зеҳни қавӣ ду даҳсола аст, ки фаъолият дорад.

Ҳамин тавр, дар ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ аз ҷониби олимону муқаққиқон вобаста ба мавзӯъҳои зерин маърӯзаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд: “Нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ”, “Мавқеи онтология ва гносеология дар доираи илмҳои фалсафӣ”, “Интегратсияи илм дар шароити муосир: зарурат, ҳадафҳо ва мушкилот”, “Хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони муосир”, “Таҳкими сиёсати иҷтимоӣ ва масъалаҳои татбиқи адотали иҷтимоӣ дар шароити муосир”…

Ёдовар мешавем, ки дар бахшҳои ҳамоиш – фалсафа, сиёсатшиносӣ, психология ва сотсиология беш аз шаст маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.