ҶАҲОНГАРОӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ

267

Дар таърихи фарҳанги башарӣ ҳар як миллат вобаста ба ҳиссагузорӣ дар пешрафти моддию маънавӣ аҳамияти умумиинсонӣ дошта, мақоми муайянро ишғол менамояд ва дар масири рушди он ҷою мақомашро муайян месозад. Дар раванди таърих миллати тоҷик кохи пуршукўҳи маърифати инсониятро  рифоъ бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумўи маорифу маданияти олам оби ҳаёт додааст. Дар домони пурфайзи модари тоҷик ҳазорон фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки нобиғаҳои илму дониш ва мутафаккирони забардасти олам гаштаанд. Ин бузургони фазлу хирад нури ақл  ба қаламрави ношинохти  ҳастӣ ворид гашта, насли одамиро ба сўи тулўи хуршеди хирад раҳнамоӣ кардаанд.  

Олимону донишмандони тоҷик дар ҳама давру замон бо андешаву афкори ҳакимонаи худ инсониятро ба сўи хушахлоқиву хушрафторӣ, созандагиву бунёдкорӣ, инсонгароиву хештаншиносӣ, омўзишу эҳтироми фарҳангу тамаддун, таърихи  гузашта даъват намудаанд. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин маънӣ ишора карда, мегўянд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, меъроси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барўманди замони худ шуда наметавонад».

Дар воқеъ, баҳрабардорӣ аз ин арзишҳои бебаҳои маънавӣ ва маҷмўи дастовардҳои зеҳнии донишмандони миллат, вазифаи ҷомеаи имрўз, ба хусус ҷавонони кишвар, маҳсуб меёбад. Дар ҳоле, ки раванди ҷаҳонишавии муосир тамоюлҳои гуногунеро пеш меорад, ҳифзи истиқлолият, арзишҳои фарҳангии миллию ахлоқӣ қарзи ҳар як фарзанди ба ору номуси миллат аст. Дар радифи ҳамин матлаб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самити «Руссия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид дар мулоқоти рў ба рў бо ифтихор ва эҳтиром аз фарҳангу тамаддуни миллати хеш дифоъ намуда, чунин иброз доштанд: «Имрўз мо давлати нисбатан хурд бошем, ҳам лекин мо таърих ва тамаддуни бузург дорем, мо  онро дўст медорем ва мехоеҳем, ки ба мо ва фарҳанги мо эҳтиром гузоранд…». Барҳақ, бо чунин суханон Сарвари давлат дар пайкари миллат рўҳияи тозае дамида ва ба он такони ҷиддӣ бахшид. Мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат эҳёгари арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, асолати фарҳангии мардуми тоҷик дар асри навин мебошад.

Дар ин ҷода тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватанпарварӣ, инсондўстӣ, омўхтани фарҳанги ниёгон ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба  дастовардҳои фарҳангии мардумони дигар нақши бузург дорад. Тавре маълум аст, рушди кишвар на танҳо бо муваффақиятҳои иқтисодӣ, балки бо сиҳатии маънавии миллат муайян мегардад. Чуноне, ки ҳакими бузурги Чини қадим Конфутсй гуфтааст: «Инкишоф ва рушди босуботи ҷомеаро шахсиятҳои  тарбиятдида, бофарҳанг ва боахлоқ таъмин карда метавонанд». Таърихан, яке аз арзишҳои суннатии мардуми мо фарҳанги ғанист, ки пайваста бо таърихи миллат ташаккул ёфта, ҷомеаи моро ҷузъи тамаддуни башарӣ мегардонад. Агар ба таъбири донишманди маъруфи тоҷик Акбар Турсунов бигўем: «…Ҳар халқу кишвар аз рўйи имконияту ҳикматаш ба махзани илму маданияти  кулли башар ҳам ҳисса гузоштасту ҳам ҳисса бардоштааст ва маҳз равобиту таъсири мутақобилаи  фарҳангӣ мояи инкишофи маънавии авлоди  башар будааст ва мебошад».

Аз ин рў, яке аз масъалаҳои мубрами рўз ин ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ҷавонон фаҳмонидани оқибатҳои равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. Равшан аст, ки ҳама гуна тағйиру таҳаввули давлату миллат ва ҷомеа ба қишри ҷавони он вобастагии зиёд дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарқ аз ҳама нухбагон ва зимомдорони давру замон, ки аз қишри ҷавони ҷомеаи худ изҳори нигаронӣ намуда, ояндаи давлату миллати худро бо онҳо зери суол мебаранд, ҳамеша бовариву эътимоди худро нисбат ба ҷавонон эълон дошта, аз онҳо ҳамчун парчамбардорону ояндасозони миллат, тадбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик  ёд мекунанд ва ҳама гуна шукуфоию пешрафти кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон дар алоқамандии ногусастанӣ медонанд. Суханони Пешвои миллат, ки дар Паёми худ дар соли 2017 нисбат ба ҷавонони имрўза иброз намуд, хеле ибратомўзанд: «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат ҷавонони кишварро водор менамояд, ки ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

  Раванди ҷаҳонишавӣ, ки бо як суръати баланд пеш меравад ба ҷомеъа бетаъсир нест. Ҳамагон медонем, ки ин падида омили заиф кардан ва сабаби аз байн бурдани фарҳангу арзишҳои миллӣ мегардад. Ба ин хотир рушду тараққӣ додани ҷанбаҳои гуногуни фарҳанг, боло бурдани  худогоҳию худшиносии афроди ҷомеа шарти асосии муқовимат ба равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ мебошад. Кишварҳои абарқудрати имрўза маҳз гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои он, дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намудаанд.

 Хушбахтона, байналмиллалӣ эълон гардидани ҷашни «Наврўз», таҳлилу эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, ба монанди Меҳргон, Сада, Рўзи Шашмақом, Рўзи Фалак, Рўзи китоб, Рўзи забон, Рўзи Парчам, озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромадаанд, ки аз боло рафтани ҳисси худшиносии миллии мардуми мо дарак медиҳад. Ҳамзамон бо дастгирии моливу маънавии Сарвари  давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои  хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки як навъи муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Тарбияи ҷавонон дар роҳи ифтихор аз Ватан, миллат, пешрафту шукуфоӣ, дастовардҳои моддию маънавии он, яке аз рукнҳои асосии худогоҳию худшиносии миллӣ маҳсуб мешаванд. Амалисозии ин  раванди мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, пеш аз ҳама ба зиммаи муассисаҳои таълимӣ: мактабҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, техникумҳо, макотиби олӣ, ки маркази тарбияту парвариши ҷавонон мебошанд, вогузор аст. Аз ин рў омўзгорону устодони ин боргоҳҳои таълимӣ масъулияти зиёде дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон бар дўш доранд.

Давлатёров Ф. Н.,  Нодирхонов Г. Г. устодони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ.