ҶАҲОНИШАВӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

175

Фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст. Дар асри XXI, ки онро раванди ҷаҳонишавӣ ва омехташавии фарҳангҳо меҳисобанд, фарҳанги миллӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дучор мегардад. Зери мафҳуми фарҳанги миллӣ момаҷмуи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, анъанаҳо, эътиқодҳо ва меъёрҳои ахлоқии ба як халқи алоҳида хос буда, ки онҳоро аз дигар халқҳо тафовут мекунонад, дар назар дорем. Он дар тӯли асрҳо аз насл ба насли дигар интиқол дода мешавад ва зери таъсири муҳити зист, таърих ва забон ташаккул меёбад. Аз ҷумла фарҳанги миллӣ аз унсурҳое иборат мебошад, ки он ба тамоми фарҳангҳои халқҳои ҷаҳон мутаалиқ буда, чун мероси маънавӣ аз инҳо иборат аст: забон, анъанаҳо ва урфу одатҳо, дин, арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ, эҷодиёти шифоҳӣ ва санъат.

Забон дар ташаккули фарҳанги миллӣ нақши калидӣ дорад, зеро он яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳанг буда, дар ташаккули ҳаёти маънавии инсон нақши меҳварӣ дорад. Маҳз забон имкон медиҳад, ки таҷрибаи фарҳангӣ аз насл ба насл интиқол дода шавад ва мардумро чун миллат муттаҳид созад. Забон дар худ тасаввуроти аслии ҷаҳонро дорад, ки ба ин ё он халқ хос аст.

Фарҳанги миллӣ бо таърихи халқ алоқаи зич дорад. Он тамоми ҳодисаҳоеро, ки дар тули асрҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣдар рӯзгори ин ё он қавм, халқу миллат рух медиҳад инъикос менамояд.

Фарҳанги ҳар як миллат махсусиятҳои муайян ва арзишҳои ба худ хос дорад. Мисоли барҷаста ва рангин, ин хусусияти фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки дар асарҳои классикони адабиёти тоҷик – форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Хайём, Бедилу Камол, Ҷ. Балхӣ ва дигарон таҷассум гардидааст. Анъанаҳои меҳмоннавозӣ, эҳтироми калонсолон, пос доштани урфу одатҳои миллӣ ва хонавадагӣ, таҳаммулпазирӣ, ки таҷассумгарӣ ҳамбастагии миллии тоҷикон дар тӯли таърихи зиёда аз 3000 сола мебошад. Намунае аз фарҳанги волои аҷдодони мо аст. Онҳо то ба имрӯз мубрамияти худро дар тарбияи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷомеа гум накардаанд. Фарҳанги миллӣ маҷмуи унсурҳои устувори маънавӣ ва моддиест, ки ҳастии як халқроаз дигар халқ фарқ мекунонад, арзишҳои ҳаётии онҳоро муайян месозад.

Дар раванди таърихӣ типологияи фарҳангҳои гуногун бавуҷуд омада, шаклгирии фарҳанги миллӣ дар халқҳои дунё хусусиятҳои ба худ хос пайдо карданд, ки ифодагари таҷрибаи таърихии онҳо мебошад. Мисол, фарҳанги миллии Амрико ба арзишҳои озодӣ, демократия ва индивидуализм асос ёфтааст, ки он тавассути кино, реклама ва фазои иттилоотӣ таблиғ карда мешавад.

Ҳамзамон, ба ғайр аз фарҳангҳои миллӣ, инчунин фарҳангҳои маҳаллӣ, этникӣ ва фарҳангии давраҳои муайяни таърихиро ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар яки онҳо бо аломату шаклҳои ба худ хос аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Фарҳангҳои маҳаллӣ ба минтақаҳо ва ҷамоаҳои алоҳидаи дохили кишвар хосанд. Онҳо хислатҳои ба худ хосе доранд, ки бо урфу одат ва тарзи зиндагонии маҳаллӣ муайян карда шудаанд.

Фарҳангҳои этникӣ бо миллатҳо ва қабилаҳои алоҳида алоқаманд буда, дар заминаи фарҳанги миллӣ ҷойгузин шудаанд, хусусиятҳои архаикии ба як гурӯҳ, ин ё он қавм хосро нигоҳ медоранд. Дар доираи фарҳангҳои миллӣ зерфарҳангҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, динӣ ва касбӣ ҷудо карда мешаванд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд.

Навъҳои таърихии фарҳангҳое низ хастанд, ки ба давраҳои муайяни рушди ҷомеа хос мебошанд. Ба монанди фарҳанги ибтидоӣ, қадим, асримиёнагӣ ва муосир номгузорӣ шудаанд. Дар тӯли таърихи инсоният давраҳои гуногуни рушди фарҳангӣ бо хусусиятҳои ба худ хос ташаккул ёфтаанд. Дар таърих Юнони антиқа ва империяи Рим яке аз марказҳои фарҳангӣ ҳисобида мешуд. Ба онҳо политеизм (бисерхудоӣ), инкишофи фалсафа ва илм, санъати театрӣ хос буд. Дар асрҳои миёна дар Шарқ фаҳангӣ исломӣ, дар Аврупо фарҳанги насронӣ ҳукмфармо гардид, ки онҳо самти ташаккули сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаро муайян карданд. Дар Шарқи исломӣ ҷараёнҳои динӣ-фалсафӣ амсолӣ: асҳоби ҳаюлло, машшоия, калом, тасаввуф, ишроқия, инчунин, илмҳои тиб, ҷуғрофия, риёзӣ, нуҷумшиносӣ, санъати меъморӣ хеле рушд кард. Дар Аврупо бошад, фарҳангӣашрофӣ, схоластика ва санъати готика инкишоф ёфт. Масалан, ба давраи Эҳё (Ренессанс) ғояҳои инсондӯстӣ, таваҷҷуҳ ба замони антиқа, инкишофи санъат ва илм хос буд, ки ин дар навбати худ дар самти рушди фарҳанги муосир, пешрафти технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ, бартарияти фарҳанги оммавӣ ва рушди шабакаҳои иҷтиморо муайян кард. Ҳамин тариқ, фарҳанг метавонад дорои хусусияти миллӣ, этникӣ, маҳаллӣ ва инчунин ба як давраи мушаххаси таърихӣ вобаста бошад.

Ренессанс ва ё Эҳё ин бозгашт ба арзишҳои фарҳанги қадим, рушди инсонгароӣ ва услубҳои нави бадеӣ буда, заминаи инқилоби илмии муосирро гузошт, дар навбати худ он боиси ташаккули манзараи механикии ҷаҳон, инкишофи табиатшиносӣ ва пешравии техникӣ гардид. Фарҳанг дар давраи индустриалӣ ва баъдииндустриалӣ Инкилоби саноатӣ ва урбанизатсия падидаҳои нави фарҳангиро дар асрҳои XIX ваXX ба вуҷуд овард.

Ба давраи индустриалӣ пайдоиши фарҳанги оммавӣ, кино, инкишофи воситаҳои ахбори умум, ташаккули фарҳанги шаҳрӣ хос аст. Дар давраи постиндустриалӣ ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, фарҳанги рақамии интернет ва фазои виртуалӣ вусъат ёфтаанд. Ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират боиси омехташавии фарҳангҳо ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ гардид.

Тағйироти фарҳангӣ пайваста, вале бо суръати гуногун сурат мегирад. Унсурҳои консервативии фарҳанг (анъанаҳо, урфу одатҳо, расму оинҳо) оҳиста-оҳиста, дар тӯли садсолаҳо тағйир меёфтанд, вале дар замони муосир шиддат гирифтанд. Технологияҳо, намудҳои санъат ва мӯд самти пешравии босуръатро ба худ қабул карданд, ки дар даҳсолаҳои охир ин раванд идома ёфта истодаанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ, дигаргуниҳои фарҳангӣ, махсусан босуръати баланд рушд меёбанд, аксар вақт идоранашаванда мебошанд, ки ин дар навбати худ мушкилӣ ва хатарҳои навро эҷод мекунад, зеро пешбинӣ кардани самти рушд ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ қариб ғайри имкон шуда истодааст.

Омилҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ ба тағйирёбии фарҳангӣ миллӣ ва арзишҳои миллӣ таъсир мерасонанд.

Муҳимтарин қувваҳои пешбарандаи тараққиёти фарҳанг аз инҳо иборат мебошанд: пешрафти (прогресс) илмию техникӣ, дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигаршавии арзишҳои ҷомеа ва ғ.. Раванди ҷаҳонишавӣ имкон медиҳад, ки халқҳо новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳанги миллии хешро ғанӣ гардонанд, дар баробари ин бояд худшиносии миллиро нигоҳ доранд.

Вазъи геополитикӣ, ҷангҳо, инқилобҳо ва буҳронҳои сиёсӣ-иқтисодӣ дар рушди фарҳангҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Ҳар як миллат кӯшиш мекунад, ки анъанаҳои худро ҳамчун мероси таърихӣ- фарҳангӣ, сарфи назар аз таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд, ба он анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, идҳо ва расму оинҳо дохил мешаванд. Дар нигаҳдории анъанаҳо оила, ки дар он бо забони модарӣ муносибату муошират доранд, урфу одат ва таҷрибаи иҷтимоии худро ба фарзандон меомӯзонанд, нақши калидӣ дорад. Дар навбати худ давлат фарҳанги миллиро тавассути низоми маориф, васоити ахбори омма ва сиёсати фарҳангӣ дастгирӣва таблиғ мекунад.

Падидаи ҷаҳонишавӣ қариб тамоми соҳаҳои ҳастии инсон, аз ҷумла фарҳанг, арзишҳо, сиёсат ва идеологияро фаро мегирад. Дар робита ба ин, масъала зарурати дарки назариявии на танҳо раванди ҷаҳонишавӣ, балки тамоми раванди таърихӣ хеле возеҳ ба миён меояд. Раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангҳо ва арзишҳои миллии тамоми фарҳангҳои халқу миллатҳо таъсири бузург дорад.

Аз як тараф, паҳншавии фарҳанги оммавии ғарбӣ вуҷуд дорад, аз ҷониби дигар, ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои фарҳангҳои миллӣ таҳдид мекунад. Ин раванд ба хотири беҳдошти асолати миллӣ ниёз ба ҳувияти фарҳангиро афзоиш медиҳад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди фарҳангҳои миллӣ ва муқовимат ба густариши фарҳангӣ, махсусан масъалаи асосӣ гардидааст.

Сиёсати фарҳангии давлат дар рушд ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад. Ин нақш тавассути фазои маҷозӣ, низоми маориф, дастгирии ҳунарҳои миллӣ, расонаҳо, осорхонаҳо ва китобхонаҳо амалӣ карда мешавад. Давлат, инчунин, қонунгузориро дар соҳаи фарҳанг таҳия мекунад, ислоҳоти фарҳангӣ мегузаронад, мероси фарҳангиро ҳифз менамояд.

Сиёсати фарҳангӣ бояд мувозинати анъанаву навоварӣ ва робитаи наслҳоро таъмин намояд.

Ҷаҳонишавии фарҳангӣ ҳамчун раванди сайёравии универсализатсияи самтҳои арзишҳои умумиинсонӣ дар асоси суръатёбии пешрафти илмӣ-техникӣ муайян карда мешавад, ки он дар навбати худ инқилоби илмӣ, техникӣ ва иттилоотиро дар нимаи дуюми асри ХХ ба вуҷуд овард. Хусусияти ҷаҳонишавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар конвергенсияи (якҷояшавии) амалияҳои иҷтимоиву фарҳангӣ зоҳир мегардад. Дар асри рақамӣ ва технологияҳои муосир барои рушд ва ҳифзи фарҳанг имкониятҳоинав фароҳам меорад. Интернет имкон медиҳад, ки мероси фарҳангӣ бемамоният паҳн гардад ва нусхаҳои рақамии он эҷод карда шавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ имкони муттаҳид кардани одамонро дар асоси умумиятҳои фарҳангӣ ва табодули мундариҷаи фарҳангиро таъмин мекунад. Воқеияти виртуалӣ ва афзоянда роҳҳои муоширати одамонро бо дороиҳои фарҳанги умумибашарӣ бемаҳдуд месозад, ки ин дар навбати худ ҳар яки моро уҳдадор месозад, то ки ин имконият ба манфиати миллат ва рушди шахсияти хеш босамар истифода барем.

Данаева Камола н.и.ф., ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ