ДАР ДМТ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ СОЛИМИИ ПСИХИКӢ ҚАЙД КАРДА ШУД

122

Ҳамасола 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии солимии психикӣ таҷлил карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои марбут ба солимии психикӣ ва роҳҳои пешбурди он, пешгирӣ ва табобати вайроншавиҳои психологӣ бо ибтикори кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои фаъолияти психологии амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Мақсад аз таҷлили ин сана, пеш аз ҳама, рушд додани илми психология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ошкор кардани мушкилоти психологӣ дар ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои сазовор таҷлил намудани ин иди касбӣ машварати психологии ройгон ба шахсони эҳтиёҷмандро ба роҳ мондааст, ки шахсони эҳтиёҷманд метавонанд аз соати 09.00 то соати 17.00 муроҷиат намоянд.