ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ХОВАРШИНОСОНИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

66

Таҳти ин унвон имрӯз (14.03.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки муҳимтарин осори илмии классикони мо, маҳз бо забони арабӣ навишта шудаанд ва дар ин раванд Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рушду нумуи шарқшиносӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро ховаршиносӣ дар пайванд намудани гузаштаи миллати тоҷик ба имрӯз саҳми назаррас мегузорад. Таъкид шуд, ки дар ин миён саҳми номзади илмҳои филологӣ, дотсент Исаева Фия Абдулбариевна назаррас мебошад. Муаллима, ки баҳори 85-солагии умро тай доранд, дар ин самт татқиқоти арзанде руйи кор овардаанд.

Гуфта шуд, ки солҳои 60-уми асри гузашта дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи филологияи араб таъсис дода шуда, дар заминаи ин кафедра бузургтарин арабшиносони тоҷик таълиму тарбия гирифтаанд. Бе муболиға метавон гуфт, ки махзани асосии арабшиносии тоҷик маҳз дар Донишгоҳи миллӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки воқеан, устоди гиромӣ дотсент Исаева Фия Абдулбариевна яке аз поягузорони мактаби арабшиносӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбиии кафедраи филологияи араб то ба имрӯз зиёда аз 60-соли умри пурбаракати хешро барои таълиму тарбияи мутахассисони баландпояи соҳа сарф намудаанд.

Дар идомаи кори конференсия доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи забони арабии Ҷумҳурии Мисри Араб, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов, доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Умеда Гаффорова, профессори Донишкадаи забон ва адабиёти шаҳри Исмоилияи Ҷумҳурии Арабии Миср Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илми ховаршиносӣ маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфренсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар бахшҳои забоншиносии Шарқ ва адабиётшиносии Шарқ таҳия шуда, дар он зиёда аз 60 маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.