Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – роҳнамои ҷавонон (бахшида ба 75-солагии ДМТ)

97

“Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз нахустин мактабҳои олии Тоҷикистон ва пойгоҳи асосии илму маърифати мамлакат ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми бузург гузоштааст. Дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои пурқуввати мамлакат табдил ёфта, онро даҳҳо ҳазор нафар хатм кардаанд, ки хизмати ҳар яки онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеаи кишвар арзишманд мебошад” (Эмомалӣ Раҳмон).

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боргоҳи илму маърифат буда, дар тӯли мавҷудияти худ донишмадон ва мутахассисони зиёдеро тарбия намудаст, ки барои пешрафти давлату миллат саҳми арзанда гузоштаанд. Дар давоми 75 соли фаъолият донишгоҳро 150 ҳазор нафар хатм намудааст, ки аз ин шумора 80 ҳазораш хатмкунандагони замони истиқлол мебошанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.

Ташрифҳои такрории Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат ин боргоҳи илму маърифат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти кишвар қарор дорад. Дар 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 маротиба ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Ҳарчанд таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даврони Шуравӣ рост ояд ҳам, аммо рушду инкишофаш он ба замони соҳибистиқлолии кишварамон рост меояд. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки барои фароҳам овардани рушди соҳаи маориф ва таъсисёбии муассисаҳои таълимӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардем. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи дастовардҳои нодиртарини Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Рӯ овардани мардум ба таҳсилот ва илму маърифат аз илмдӯсту маорифпарвар будани миллати тамадунофари мо гувоҳӣ медиҳад. Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсатӣ давлатӣ муқаррар шуда, ҷиҳати рушди он чораҳои дахлдор андешида шудааст. Зиёдшавии шумораи мактабҳои замонавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ далели гуфтаҳои болоии мост.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дорад, ки дар байни онҳо мақом ва нақши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи баландро соҳиб гаштааст. Махсусан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо зиёда аз 350 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар ин боргоҳи маърифат зиёда аз ҳазор омӯзгор ба зиёда аз 22 ҳазор донишҷӯ таълим медиҳанд.

Бо роҳбарии шахсияти кордон ва донишманд профессор Хушвахтзода Қобилҷони Хушвақт Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо ва таваҷҷуҳангез шуда, сатҳу сифати таълиму тарбия бомаром пеш меравад. Аз фурсати муносиб истифода бурда кулли донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандонро ба муносибати 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ Шоев Н.С.