ФАЛСАФАИ МУОСИРИ ТОҶИК

106

Бо дастгирии садорати факултети фалсафа дар пояи кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дар мавзӯи «Фалсафаи муосири тоҷик: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои рушд» семенари илмию амалии ҷумҳириявӣ доир гардид. Семенари мазкур бо суханони ифтитоҳии сардори раёсати илм Наботӣ Рустам оғоз ёфт. Дар семенер зиёда аз 50 маърӯза, аз ҷумла мавзӯъҳои «Таърихи фалсафа ва худшиносии миллӣ», «Вазъи диншиносӣ ва фалсасафаи дин дар шароити имрӯза ва инкишофи минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ», «Ваҳдати вуҷуд аз нигоҳи Ибни Араби», «Ҳамгироии илм ва маориф: зарурат ва имкониятҳо» мавриди музокира қарор гирифтанд.