ҲИМОЯИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ – ОМИЛИ АСОСИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

82

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Истиқлолияти давлатӣ, ки барои таҳкими асолати фарҳангӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ шароитҳои навинеро дар таҳаввули фикрӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии мардуми мо ба миён овард. Худи раванди расидан ба истиқлолияти воқеӣ, таҳкиму суботи давлати миллӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ моро водор месозад, ки тафаккури созанда ва нигоҳи нав ҷиҳати ҳимояи арзишҳои фарҳанги миллиамон дошта бошем.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, падидаҳои номатлуб яъне терроризм экстремизм мебошад.Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, яъне таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 ба маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир, Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ, ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустаҷилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфуз доранд, эътироф ва шинохта шуд.

Чунончи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар Конгресси 10-уми СММ санаи 14-уми апрели соли 2000 қайд намуданд: «Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷинояткории муташаккилона дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб гардидааст ва бо роҳи бунёдкории давлатӣ-демократии дорои иқтисоди бозаргонӣ пешрафт карда истодааст, амалиёти терористона содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад».

Маводи паҳнкардаи онҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат, ҳаргиз ободиву созандагӣ, бунёдкорӣ ва осоиш нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ё эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери пардаи шиорҳои сохта, ниқобҳои бофтаю хаёлӣ, фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, экстремистӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Қобили зикр аст, ки ба қадри неъмати истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо – ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ-фарҳангии он, дар интиҳо шахсро (хусусан дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо) ба инкори ҳақиқати гузашта, тамаддуни миллӣ, бегонапарстию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Вобаста ба масъалаи ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ, маориф, таъмини амният ва бартараф намудани таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳамасола дар паёмҳои Президенти кишвар зикр мегардад.

Дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғибот таълиму тарбия дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро (яъне: ахлоқию диниро) коҳиш дода, фалаҷ мекунад, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамдигар тарғибу ташвиқ намуда, сипас ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси (бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти бартарии як дин аз дини дигар, як миллат нисбат ба миллати дигар, бартарии як маҳал нисбат ба маҳалли дигар ё бартарии як равия аз равияи дигар ва ғайра) шомил намудани онҳо ба ин зуҳуроти номатлуб ва хавфноки ҳар гуна гурӯҳҳо мегарданд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Хулоса, дар шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳонишавию сахт гардидани муносибатҳои байналхалқии сиёсиву иқтисодӣ, ба масъалаи ҳифзи симои миллӣ, фазои солими маънавӣ, пос доштани арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин, ба мо шаҳрвандони кишвар зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худ, бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Саидзода Д.М., д.ф, PhD, муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ