ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНИШАВӢ

199

Истиқлолияти давлатӣ, ки барои таҳкими асолати фарҳангӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ шароитҳои навинеро дар таҳаввули фикрӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ мардуми мо ба миён овард. Худи раванди расидан ба истиклолияти воқеӣ, таҳкиму суботи давлати миллӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ моро водор месозад, ки тафаккури созанда ва нигоҳи нав ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии миллиамон дошта бошем. Таъкид кардан зарур аст, ки дар замони муосир ҷабҳаҳои гуногуни фарҳангӣ тараққӣ карданд ва назарияву таълимотҳои тозаи фарҳангӣ арзи вуҷуд намуданд ки на ҳамаашон ба манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангиамон созгор мебошанд.

Дар шароити муосир раванди мутаҳидшавии одамон,ки онро муҳаққиқон ба истилоҳ «глобализатсия» (ҷаҳонишавӣ) меноманд, падидаи навини дастоварди инсони буда, маҷмуи масъалаҳоеро ифода менамояд,ки хусусияти умуми инсониро фарогир аст.

Глобализатсия раванди ҳамгироии фарҳангҳои мухталиф, равобити гуногуну мутақобилаи миёни давлатҳо ва ҷомеаҳо дониста мешавад.ки ба эҷоди низоми ягонаи ҷаҳонӣ анҷом ёфта, дар худ паёмадҳои гуногунеро ба миён овардааст. Тибқи назари донишмандон ҷаҳонишавӣ падидаест, ки аз марзҳои сиёсату иқтисод берунтар рафта, дониш фарҳанг ва усули тарзи зиндагиро фаро мегирад. Пеш аз ҳама воситаҳои ахбори омма дар густариши босуръати ин падида нақши муассир гузошта, раванди онро метезонанд. Бо тақозои замон ва рушди бемайлони ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти имрӯзаи башарият ҷаҳонишавӣ дар муаянсозии сарнавишти инсони муосир нақши муҳим мегузорад. Ин раванд ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҷомеаи ҷаҳониро бо якдигар махлут сохта оиди тақдири ояндаи ҷаҳонӣ назарияпардози менамояд. Моҳияти ҷаҳонишавӣ ин ба ҳамдигар монанд шудани бахшҳои мухталифи зиндагии башарият, аз байн рафтани марзҳои миллӣ ҳангоми амалкарди иттилоот, хизматрасониҳо ва робитаҳои мутақобилаи инсонӣ ва омезиши фарҳангу маънавиёт мебошад. Чуноне ки қайд кардем имрӯз беш аз пеш нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург мебошад. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба афкору андешаи ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Онҳо хусусан дар таҳаввулот ва тағирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти нави хоса пайдо мекунанд. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар асри ХХ1 ва ихтирооти замони муосир дар соҳаи техникаву техналогия барои интишор расонидани босуръати иттилоот вобаста ба шаклу намуд ва моҳияти он шароити мусоидро фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз,асри ХХ1_ро асри иттилоот меноманд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихи мафҳуми «ҷанги иттилоотӣ» пайдо гардид.

Барои мисол, дар баробари бархурди низомии Россия бо Украинаву ҳамроҳони ғарбии ӯ инчунин ҷангҳои иттилооти пуршидат мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои мустаҳкам нигоҳдоштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои фарҳангию миллиамон бояд бо дастгоҳҳои муқтадири иттилоотию таҳлилӣ муҷаҳаз бошем, то тавонем дар муборизаҳои иттилооти истодагарӣ карда тавонем. Чунки дар акси ҳол фазои иттилооти кишварро ВАО-и дигаре, ки берун аз марзамон фаъолият менамоянд ва манфиати арзишҳои бегонаро тарғибу ташвиқ мекунанд, метавонад фаро гирад. Дар ҳолати чунин сурат гирифтани вазъ метавонад ба зеҳни мардум таъсири ҷиддии худро хусусан ба ҷавонон ва қисми камбизоати ҷомеа расонида эътиқодашонро аз давлату миллати худ дур месозанд. Фаромӯш набояд кард, ки дар шароити бархурди манфиатҳо ҳар як кишвари хориҷӣ ё созмону ташкилотҳои гуногун бо ҳадафи таблиғу ташфиқи манфиатҳои худ фаъолият намуда аз қисматҳои осебпазири ҷомеа хуб истифода мебарад ва бо амалҳои харобтовари худ ба барои кишварҳои дигар хатари воқеиро ба миён меоваранд. Чунин ташвиқотро бештар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ҳамчун дастгоҳи муқтадири иттилооти гурӯҳҳои манфиатдор бештар истифода мекунанд. Шабакаву расонаҳои хориҷи алаккай ба зеҳни бархе аъзоёни ҷомеаи мо низ тасири манфӣ расонида дар онҳо андешаҳои бегонапастиро ба вуҷуд меоваранд. Ин боиси он мегардад, ки қисме аз ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротию террористӣ пайваст гардида, баъзеи дигар дастоварду комёбиҳои давлату миллатро дар даврони соҳибистиклоли нодида мегиранд ва таҳту таъсири сиёсату хоҷагони хориҷии худ дар пайи таъсиси гурӯҳу ҳаракатҳои фаъолияташон муқобили кишвар мегарданд. Мисоли равшани он аъзоёни гурӯҳи «Ансоруллоҳ», ки аслан зодагони кишвари мо ҳастанд, буда метавонад. Ин гурӯҳи ифротӣ бо ҳадафҳои муғризонаи ҳуд мехостанд дар арафаи ҷашни истиқлоли кишварамон оромӣ ва суботи ватанамонро халалдор созанд.

Албатта дар баробари таъсири манфии ҷаҳонишавӣ фарҳанг ҷиҳати мусбӣ ҳам дорад, яъне ошноӣ пайдо намудан ба фарҳанги дигарон аз онҳо чизи хубу мувофикро, ки ба анъана ва сунатҳои миллии мо наздикро қабул намуда, дар рушди фарҳанги худ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест чунки сарчашмаи рушди устувории миллат аз рангорангии фарҳангӣ маншаъ мегирад. Барои ҳамин чизҳои зиёдеро аз атрофиён бояд омӯхт ва дурустиву устувории фарҳанги худро муаян бояд кард. Албатта меваҳои ширини ин ҷараёнро кишварҳое мечашанд, ки дар рақобатҳои иттилоотӣ истодагарӣ мекунанд. Аз ин рӯ марҳилаи муҳими воридшавӣ ба дунёи рақобати сармоядорӣ ва ҷаҳонӣ тамаддунҳо ва дар ин замина интихоби дурусти роҳи ояндаи миллат ва фарҳанг аз мо ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.

Ҷаҳонишавӣ як навъ гузариш аз ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеаи нав (модерн) буда, дорои хусусиятҳои диалектикиест.ки таъсирашро ба тамоми ҷаҳон мерасонад ва боиси зуҳури фарҳанги ягона матбуот арзишҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра мегардад. Аз ин рӯ раванди ҷаҳонишавӣ ба манфиати миллӣ истифода бурдани ҷаҳонишавӣ бо ин се омили зерин иртиботи қавӣ дорад:

1. Огоҳии комил аз фарҳанги худӣ;

2. Ҳамоҳанг сохтани фарҳангӣ миллӣ бо навовариҳои илмиӣ-техникии муосир;

3. Бо тафаккури интиқодӣ истиқбол намудани фарҳангӣ ғайр;

Мехостам ба хотири тақвияти истиқлол ва худогоҳию худшиносии миллӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмонро ин ҷоиқтибос оварем. « Тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шавад ки истиқлолият дар радифи «миллат», «ватан», ва « ваҳдат» ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбини ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубадал гардад, ҳифзи озодии истиқлолият,таҳкими ваҳдати миллӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як афроди бо нангу номус, ватандусту ватанпарвар ва худшиносу худогҳои ин сарзамин мебошад».

Аз ин сабаб дар раванди ҷаҳонишавии муосир ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои фарҳангии миллӣ аз ҳар як фарди кишвар масъулияти азимро талаб менамояд.

Давлатёров Ф. Н. – дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ