КОНСТИТУТСИЯ: ДАВЛАТ ОИЛАРО ҲАМЧУН АСОСИ ҶАМЪИЯТ ҲИМОЯ МЕКУНАД

97

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муқаддас ва арзишманди миллат аст, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти шаҳрвандонро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳои моро муқаррар ва ҳифз менамояд. Арзиши иҷтимоӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода мегардад, ки дар моддаи якуми он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи муҳимтарин институти иҷтимоии ҷомеаи муосири икшварамон – оила кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 33-юми Конститутсия “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд”. Аз ин рӯ, оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст. Қонунгузории Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандони худ шартҳои иловагиро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар сурати яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ будан бояд на камтар аз як соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда бошад ва аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Дигар хусусиятҳои инсондӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Дар моддаи мазкур омадааст, ки “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.

Махсусан, ҳимоя ва таъминоти иҷтимоии кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбиятдошта зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Умуман, дар сатҳи Конститутсия ҳимоя гардидани оила аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Тоҷикистон оила ба сифати ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ шинохта шуда, барои пойдории он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба тамоми ҳамватанони азиз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Барфиев Абдураҳмон Мирзоевич – омузгори кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ