МАҲФИЛИ ИЛМИИ КОРМАНДИ ИҶТИМОӢ

165

Имрӯз ( 28.10.2023) дар пояи кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ маҳфили илмӣ-амалии «Кормандони иҷтимоӣ» баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Қудратулло ва мудири шуъбаи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатова Соима иштирок ва суханронӣ намуданд.