МИЛЛАТИ СОҲИБМАЪРИФАТУ БОФАРҲАНГ

123

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2023 )

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷӯяндаи сулҳу амонӣ, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон хоҳони зиндагии созгору некӯаҳволист. Аз таърихи инсоният маълум аст, ки миллати тоҷик ба сари халқи дигаре теғ набардоштаву касеро аз ҳуқуқи озодиҳояш маҳрум насохтааст. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад аз баррасии ҳамин масъалаҳо ва вазъи ногуворӣ ҷаҳони пуртазоди имруза оғоз гардида, ҳамчун соли бобарор ва пешравиҳо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 суханрони карда шуд.

Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат калиди инкишофу пешравӣ ва тараққиёти мамлакатамон гаштааст. Зеро мардуми кишвар имрӯзҳо беш аз дигар санадҳо ба Паёми Пешвои миллат бештар гӯш дода, тибқи нишондиҳандаҳои он амал менамоянд. Агар ба таври умум гирем, дар Паёми имсола тамоми бурду бохт ва дастовардҳои соли 2023 дар муқоиса бо ҳафт солигузаштаву оянда таҳлил гардида, барои соли 2024 вазифаҳо дода шуданд.

Аз тарафи дигар Паёми имсола аз Паёми солҳои пешин аз бисёр ҷиҳат фарқ мекард. Ҷиҳати муҳими Паём имсола боз аз он иборат буд, ки дар он ба масъалаҳои маърифатнок шудани аҳолӣ, инкишоф додани илми тоҷик ва босавод шудани миллати тоҷик бештар баррасӣ карда шуд. Агар ба таври умум гирем, ҷавҳари Паёми имсоларо масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф, таъмин намудани зиндагии осудаи ҳалқ, муаммоҳои соҳаи маориф, аз ҷумла норасоии мутахассисони забони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти кишвар ташкил доданд. Қайд карда шуд, ки миллати мо бояд босавод бошад, зеро ки миллати бесавод бадбахтии давлат мебошад. Дар ҳамин радиф қайд карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо буда, баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо танҳо дар соли 2023, 1380 иншоотҳои соҳаи маориф сохта шуданд.

Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ тамоми кушишҳоро ба харҷ дода истодааст ва яке аз кушишҳои асосӣ ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб рафта, он аз 29,5% соли 2017 ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шудТаъсис додани 715 корхонаи нави саноатӣбо таъсиси 5 ҳазор ҷойинави корӣ аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ватан ва боз ҳар сол ташкил кардани зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ кушишҳое мебошанд, ки баҳри коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ равона гардидаанд.

Ташкил кардани ҷойҳои кории нав як кушишест баҳри коҳиш додани раванди муҳоҷират дар кишвар мебошад. Чи хеле, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрвандони мо шаҳрвандии хориҷиро (аз ҷумла Федератсияи Россия) қабул мекунанд ва ҳамасола садҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷикро ба ватан меоранд.

Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ зарурати воқеии худро дорад, зеро имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, соҳиби касбу ҳунар будани мардуми деҳот, аз байн равии ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистони биҳиштосо дида мешаванд.

Сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ низ дар ин соҳа аз он иборат аст, ки мардум баъзе анъанаҳои ниёгонамонро аз нав эҳё намоянд ва онҳоро барои ғани гардонидани буҷаи оила равона кунанд. Аз тарафи дигар аҳамият додан ба ин масъала аз он далолат мекунад, ки сиёсати бевоситаи давлат ба он равона карда шудааст, ки таносуби сатҳи зиндагии шаҳру деҳотро аз байн бурда, зиндагии шоистаро барои ҳамаи сокинони мамлакат таъмин намояд. Аз тарафи дигар сайёҳи соҳаи муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат буда, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина таъсис додани Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии ҳалли ин масъала ба ҳисоб мераванд.

Қайд карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо буда ба илм, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва ҷалби ҷавонон ба он аҳамият бисёр дода шавад. Дар ин робита бояд ҳаминро қайд намуд, ки дар замони муосир илм сарчашмаи таҷдиди технологӣ ва рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравадва Тоҷикистон низ чунин заруратро эҳсос намуда, ба он ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати зиндагии мардум таваҷҷуҳ намудааст. Зеро, ки илм дар шароити муосир нақши калиди дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамоядва мо бояд кушиш намоем, ки кадрҳои дорои ихтисосҳои табиию техникиро омода намоем.

Фикр мекунам, ки дар зеҳни миллати тоҷик маърифатдустӣ аз азал вуҷуд дошт ва имрӯз низ он чун пештара аз нав эҳё гардида, илми тоҷик яке аз парчамбардорони илми ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Зеро ҷаҳониёнсаҳми олимони машҳури тоҷик Абурайҳон Берунӣ, Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табии саҳми беназире гузоштаанд, хуб медонанд.

Масъулияти мо низ дар ин ҷода дар он сурат бештар мегардад, ки ҳар дастуру супориш ва таъкидҳои Пешвои миллатамонро роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба Ватани азизамон хизмат намоем ва дар пешрафти илми тоҷик саҳмгузор бошем. Бояд зикр намуд, ки имрӯз тамоми шароитҳо барои амалишавии ин иқдомҳо фароҳам оварда шудаанд, танҳо барои амали кардани ҳамаи ин онҳо, чи хеле, ки Пешвоми миллат қайд карданд, пеш аз ҳама муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Ҳаитов Фирдавс Қаюмович н.и.ф., дотсент, мудири кафедраионтология ва назарияи маърифатифакултети фалсафаи Донишгоҳимиллии Тоҷикистон