МУҲОКИМАИ ҲИСОБОТИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ УНВОНҶӮЁН

95

Имрӯз (04.11.2023) дар толори Шурои олимони факултети фалсафаи ДМТ бо иштироки муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М., аъзои Шурои олимони факултети фалсафа, устодон ва кормандони илмии факултет, унвонҷӯён ва докторантони Ph.D муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи умумидонишгоҳии унвонҷӯён дар факултети фалсафа баргузор гардид.

Пас аз сухани ифтитоҳӣ, ки аз тарафи декани факуртети фалсафа, дотсент Сафарализода Х.Қ. сурат гирифт, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи фалсафаи ДМТ доктори фалсафа Ph.D, дотсент Тағоймуродзода Муҳаммад баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии устодон ва кормандони илмии факултет дар соли 2023, самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мушкилот ва дурнамо бо истифода аз рӯнамо гузориши пурра пешниҳод намуд. Дар қисмати муҳокимаронӣ устодони таҷрибадори факултет атрофи ҳисобот ва паҳлӯҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Дар охир профессор Сафармамадзода С.М. баромад карда, муҳимтарин масъалаҳои самти илмии факултетро муҳокима намуда, дар охир ҳисоботи илмиро каноатбахш арёбӣ намуд.

Сипас аз устодони факултет даъват намуд, ки барои боз ҳам бештар ҷоннок намудани фаъолияти илмӣ – таҳқиқотиашон саъйу кӯшиш намуда, мушкилоти мавҷуда дар самти илм ва робитаҳои хориҷии факултетро мунтазам бартараф намоянд.

Дар қисмати дуюм унвонҷӯён аз натиҷаи корҳои илмии таҳқитотии худ дар соли 2023 ҳисобот доданд.