НАҚШИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИИСТОН

113

Дар ҳамаи давраҳои таърихӣ илму маориф барои пешрафти ҷомеаи инсонӣ нақши басо бузрг дошт ва имрўз низ нақши он аз ҳар вақти дигар бештар шудааст. Истифодаи дастовардҳои илмӣ барои тарбия ва соҳиби тафаккури таҳлилӣ ва эҷодкоронаи элитаи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа амри зарур будааст.

Дар шароитҳои буҳронии давлат ва ҷомеа нақши элитаи сиёсӣ боло меравад ва аз пухтагии афкору амали он, дар назар гирифтани манфиатҳои умумимиллӣ ҳангоми ба қарори қатъӣ омадан ва ба зиммаи лидери сиёсӣ вогузор намудану муайян кардани мушкилиҳо вобаста мебошад. Дар Тоҷикистон дар оғози давлатсозии навин дар шароити соҳибистиқлолӣ як қисми элитаи сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ манфиатҳои умумимиллиро зуд дарк карда натавонист, шахсияте, ки ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва гурўҳҳои сиёсии гуногун ўро эътироф намоянд ва ба лидери умумимиллӣ табдил ёбад, дар ибтидо ба вуҷуд наомад.

Интихоб шудани вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХУ1-и Шўрои Олӣ тасодуфӣ набуд, зеро шахси принсипнок, ҷасур, ҳақиқатгў ва дар мавқеъ устувор будани ў имкон дод, ки аз ҳамон лаҳзаҳои аввалини ба вазифа интихоб шуданаш масъулияти бузург ва душвортарини таърихиро ба уҳда гирифта, ба фаъолият оғоз намуданд.

Аз ҳамон рўзҳо Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи ҳисси ифтихор аз давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд ва онро ҷузъи сиёсати давлатӣ қарор доданд, ба ташаккули элитаи сиёсии нав, аҳамияти махсус доданд, ки дар муддати беш аз сӣ сол ин сиёсат натиҷаҳои самарбахш дод ва он тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро фарогир шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу кўшишҳои хастагинопазирона, бидуни ҳарос аз таҳдидҳои ҷисмонию маънавӣ, барои барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ мубориза бурданд, ба боварии мардуми Тоҷикистон, давлатҳои кафили сулҳ ва созмонҳои байналмилалӣ сазовор гардиданд. Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлат ба ҷомеа, аз ҷумла ба аҳли илм, такя намуда, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои бузург сафарбар намуданд.

Се ҳадафи стратегии дар аввал эълон намудаи Президент барои ҳалли душвортарин проблемаҳои ҳаёти халқамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ, нақши асосӣ бозид. Аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромадани Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани бозори ягонаи умумимиллӣ ва робитаи доимии минтақаҳои кишвар- вилояти Суғд бо марказ, ҷануб ва ВМКБ ба ҷараёни ташаккули ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мусоидат намуд. Ҳадафи чаҳорум дар бораи саноатисозии кишвар низ аз иқдомҳои бузург аст, ки барои таҳкими асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоӣ нақши таъинкунанда дорад.

Эмомалӣ Раҳмон барои ба низоми нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мутобиқ ба тақозои замон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ворид намудани кишвар як силсила ислоҳоти бузург гузаронданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон аз вартаи варшикастагии иқтисодӣ баромад. Гувоҳи ин аз 80% ба 26% паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар айни замон дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президент маблағгузориҳои соҳаҳои буҷетӣ сол то сол ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, нафақа нисбат ба солҳои гузашта баланд гардид. Бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар даврони Истиқлол бештар аз ҳазор мактаби замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, муассисаҳои тандурустӣ низ соҳиби биноҳои нав ва таҷҳизоти ҳозиразамон гардиданд. Дар мактабҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар баробари масъалаҳои дигари муҳим барои ғамхорӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғамхорӣ ба онҳо ба таври ҷиддӣ сухан ронда, аъзои ҳукумат ва ҳамаи шахсони расмиро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд.

Президент барои эҳёи анъанаҳои беҳтарини аҷдодӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ ҳамеша саъю талош меварзанд. Инро мо дар мисоли эҳёи ҷашни Наврўз, Меҳргон, Сада ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврўз мебинем. Президент бар хилофи онон, ки Наврўзро як оини зиддиисломӣ қаламдод намуда, аз зеҳни мардум хориҷ кардани онро таблиғ мекарданд, исбот карданд, ки он ҳеҷ тазоде бо ислом надорад ва он аз ҷумлаи ифтихороти миллӣ ва дастоварди муҳими таърихи тамаддуни қадимаи тоҷикон ва халқҳои эронӣ мебошад, ки ба ин васила ба фарҳанги халқҳои дигар таъсири файзбахш кардаанд.

Вақте сухан аз омилҳои асосии рушди фарҳанг меравад, суханони арзишманди файласуфи машҳури Фаронса Ренэ Декарт ба ёд меояд, ки яке аз роҳҳои асосии ба фазилатҳои инсонӣ расиданро дар хондани китоб медид. Ў мазмуни суханҳои ҳикматомўзи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ-«Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро хеле баъдтар дар ин шакл гуфта буд: «Хондани китобҳои хуб ин суҳбат бо одамони беҳтарини айёми гузашта мебошад ва ин суҳбат чунин аст, ки онҳо танҳо афкори беҳтаринашонро ба мо медиҳанд». Дар ҳақиқат, таърихи миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври бечунучаро собит кардааст, ки сабаби дастовардҳои онҳо пешгомӣ дар илму маърифат будааст, ки он фақат аз тариқи мутолиа ва таҳқиқ ба даст меояд.

Имрўз аз ҳар вақти дигар дида, дар арсаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ тааррузи фарҳангӣ василаи ҳукмронии нирўҳои абарқудрат гардидааст, вале муқовимат алайҳи ин таарруз низ шиддат ёфтааст. Бинобар ин ҳифзи асолати фарҳангӣ унсури муҳими бақои ваҳдати ҳар миллат буда, дар сурати надоштани тавоноии ҳифзи асолати миллӣ дар фарҳангҳои дигар ғарқ ё худ ба истилоҳ ҳазм шудан имконпазир мегардад. Бинобар ин фарҳанг ва ваҳдати миллӣ робитаи назарраси диалектикӣ доранд.Дар ин раванд нақши аҳли илм хеле муҳим аст, зеро ба воситаи татбиқи дастовардҳои илмӣ пешрафти бусуръати иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намудан имконпазир мегардад. Аз ин ҷиҳат таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат ба илм, махсусан илми академӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёд шудааст. Дар назди аҳли илм вазифаҳои муҳим қарор доранд, ки дар иҷрои онҳо нақши олимонро аз ҳарвақта бештар намудааст. Бинобар ин зиёд намудани маоши олимон ва такмили асосҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти муассисаҳои таҳқиқотии илмӣ, бахусус дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, дар солҳои оянда натиҷаҳои хубро ба бор хоҳад овард. Дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ таҳқиқотҳои хуб сурат гирифтаанд. Вале ба сабаби мураккаб шудани авзои ҷаҳонӣ ба воситаи таҳқиқотҳои ҷиддии илмӣ таҳлили равандҳои муосир ва нишон додани роҳҳои пешгирии ҷомеа ва афроди осебпазири он аз таъсири қувваҳои дасиабоз кори хеле зарур аст. Аз ин ҷиҳат мавқеи солими аҳли илм ва таҳқиқотои ҷавобгўи тақозои замон дар сиёсати давлатӣ оид ба илм мақоми равшан дорад.

Дар илми фарҳангшиносии муосир ду ақидаи умда дар бораи муносибатҳои фарҳангҳо вуҷуд дорад: яке ин аст, ки гуногунрангии фарҳангҳо пешоҳангӣ ва асосӣ будани фарҳангҳои давлатҳои қудратмандро истисно намекунад.

Масалан, баъзеҳо фарҳанги аврупоӣ, пеш аз ҳама фарҳанги ИМА, Британияи Кабир ва Канадаро бар фарҳангҳои халқҳои дигар муқаддам ва пешрафта медонанд ва фарҳангҳои халқҳои дигарро дуввумдараҷа ё дақиқтар гўем, патриархалию пасмонда ҳисоб мекунанд. Вале ангеза бар муқобили ин фаҳмиш ақидаи баробарии фарҳангҳоро ба миён овардааст.

Тарафдорони ин фикр исбот мекунанд, ки фарҳанги умумиҷаҳонӣ танҳо аз фарҳангҳои давлатҳои мутараққии муосир иборат набуда, балки маҷмўи фарҳангҳои миллии тамаддуни инсонӣ мебошад. Ин фикр тарафдорони бештарро пайдо кардааст. Дар Аврупо низ тафовути ду фарҳангро аз лиҳози моҳияти он ташхис мекунанд. Фарҳангҳои ИМА, Англия ва Канада бар пояи фардиятгароӣ ё худ индувидуализм, ки бартарияти шахсро бар ҷомеа, коллектив эътироф доранд, асос ёфтааст. Фарҳанги дигарро, ки моҳиятан ба фарҳанги ёдшуда муқобил қарор дорад, мутааллиқ ба кишварҳои Скандинавӣ – Шветсия, Норвегия ва аз Шарқ Япония медонанд.

Фарҳанги ин кишварҳо бартарияти дастаҷамъӣ ё худ коллективиро дошта, ҷомеа бар шахс муқаддам дониста мешавад. Бинобар ин дар ин кишварҳо ваҳдати ҷомеа устувор буда, боиси пешрафтҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шудааст.

Агар ба ин тасниф фарҳанги миллии тоҷиконро мутобиқ намоем, пас метавон гуфт, ки асолати фарҳангии халқи тоҷик хусусияти ҳамгироӣ дошта, хилофи индувидуализм ва эгоизми худписандонаи фарҳангҳои ба зўроварӣ аосёфта мебошад.

Таҳқиқотҳои илмҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳанд, ки асли фарҳанги тоҷикиро хислати таҳаммул, дўстӣ, азхудгузарӣ барои ҳамнавъон ва инсондўстӣ ташкил медиҳад. Тамоми осори назмию насрии гузаштаи мо аз Авасто сар карда то асарҳои устод Айнӣ ва устод Турсунзода бар ҳамин пояи ахлоқӣ қарор гирифтааст. Фарҳанги тоҷик, ба гуфтаи устод Айнӣ, ба воситаи зўроварӣ ва шамшер худро вусъат набахшидааст, балки ба воситаи қудрати сеҳрофарин ва муъҷизаосои сухан қаламрави бузургро фатҳ намудааст.

Дар асарҳо ва фаъолияти амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин ҷиҳати муҳими илм ва фарҳанги миллати тоҷик, ки инсондўстӣ, ёрии ҳамдигарӣ, накўкорӣ, ҳамдардию ҳамтақдир будан аз хусусиятҳои муҳими он аст, таъкид сурат гирифтааст. Дар асарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Осори безаволи илмӣ ва бадеии тоҷикон, аз ҷумла устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Абўалӣ ибни Сино, бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президент дар солҳои ахир дар бораи баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» мебошад, ки он маҳз ба бедор кардани шавқи кўдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад.

Бинобар ин яке аз мақсадҳои Президент тарбияи насли солим ва босавод, эҷодкор ва дорои фарҳанги ғанӣ мебошад, зеро ки тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг ояндаи неки миллатро кафолат медиҳад. Ва максади мутафаккирони бузург низ ҳамин будааст, ки фарзандҳои миллаташонро барои ояндаи давлаташон тарбия намоянд. Иммануил Кант гуфтааст: «Кўдакон на барои имрўз, балки барои ояндае, ки шояд ҳолати беҳтарини навъи инсонӣ бошад, бояд тарбия шаванд».

Мо вақте таърихи давраи соҳибистиқлолии давлатамонро, варақ мезанем, дар ҳар саҳифаи он нақши муассир ва ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар ҷилвагар мешавад, то ки мардум дорои сатҳу сифати баланди зиндагӣ ва ҳаёти шоиста дошта бошанд, наслҳои ояндаи кишвар дар шароити оромию осудагӣ хушбахтона умр ба сар баранд. Ин танҳо дар фазои ваҳдати ҷомеа ва сулҳу субот имконпазир мебошад. Вазифаи бомасъулияти сарварони давлатҳо аст, ки аз ҳалли дурандешона ва оқилонаи он зиндагии саодатмандонаи наслҳои оянда вобаста будааст.

Шиори Президенти мо «Фарҳанг ҳастии миллат аст», аз чанд ҷиҳат маънои муҳим дорад: аввалан, бе фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ҳеҷ миллат вуҷуди воқеӣ надорад; дуввум, вуҷуди ҳар миллате дар фарҳанги ў зуҳур меёбад ва маҳз дастовардҳои фарҳангии он, эҷодкориҳои нобиғаҳояш мақомашро дар таърихи ҷаҳонӣ муайян мекунанд ва хусусияти ваҳдатофариниро касб менамояд. Илм низ ҷузъи муҳимтарин ва махсуси фарҳанг аст. Он на танҳо маҳсули эҷодкории инсон, балки василаи дигаргунсозандаи ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Бинобар ин Маркс гуфта буд, ки ба тадриҷ илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил меёбад.

Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи мо, аз ҷумла аҳли илм, ба таъкиди Президенти кишвар, иборат аз он аст, ки вазъи ҷаҳон ва паёмадҳои ногувори он ва таъсири онро ба давлат ва ҷомеа муайян намуда, тавсияҳои илман санҷидашуда пешниҳод карда шаванд, то ки дар назар гирифтани онҳо барои таҳкими ваҳдат ва давлат мусоидат намоянд. Яке аз масъалаҳои муҳим барои аз идеологияҳои бегона ҳифз кардани мардум, ҷустуҷўи роҳхои муаасири пешгирии аз ҷумҳурӣ ба хориҷ рафтани мутахассисони ботаҷриба мебошад.

Маълум аст, ки барои тарбияи як нафар муаллими баландихтисос, духтури босаводи соҳибтаҷриба, инженери кордон ё як нафар корманди ботаҷрибаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муддати бист – биступанҷ сол чи қадар маблағи давлат ва нирўи интеллектуалии ҷомеа сарф мешавад. Дигар ин ки дар шароити муосир як андоза, албатта ба ҳадди маъқул, бо дарназардошти шароити мушаххаси кишвар истифода бурдани таҷрибаи хоҷагидории нақшавӣ низ шояд беманфиат набошад. Низоми тестӣ ва раванди Болонии таълим, ки боиси баланд шудани сатҳи дониши хонандагон гардад, низ назарсанҷиро тақозо дорад. Албатта, барои дуруст муайян намудани вазъи равандҳои таълиму тарбия гузаронидани таҳқиқоти дақиқ ва илмии сотсиологӣ зарур аст, то ки хулосаҳо ва тавсияҳои холисона пешниҳод шаванд.

Масъалаи ташаккули шуури таърихӣ ва худшиносии миллӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангӣ дар ҷиҳати боло бурдани масъулияти шаҳрвандон барои таҳкими давлати миллӣ ва ғуруру ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ кори мавсимӣ намебошад. Яке аз масъалаҳои ҷиддии ҳифзсозандаи бақои миллат ин забони ўст. Бинобар ин Пешвои миллат бо масъулиятшиносии бузург Истиқлоли давлатиро бо ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, адабиёту фарҳанги миллӣ тавъам донистаанд ва дар ин ҷиҳат ҳам аз роҳи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳам аз тариқи суханрониҳову асарҳо ва суҳбатҳо барои истифодаи васеъ ва ҳамаҷонибаи он дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

Ташаккули шуури солими миллӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст ва забони ноби тоҷикӣ дар ин росто мақоми бориз доштааст. Ин масъала рушди донишу маърифатро тақозо менамояд ва махсусан ҷавонону наврасон, ки ояндаи давлату кишвар ба онҳо тааллуқ дорад, ба таълиму тарбияи солим ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии созанда ниёз доранд, чунки маҳз рушди маърифати илмӣ барои ваҳдат ва ҳисси ифтихори солими миллӣ мусоидат менамояд.

Таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ раванди доимӣ мебошад. Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба он аҳамият медиҳанд ва мо вазифадор ҳастем, ки барои бақои миллат ва истиқлолидавлати худ дастурҳои Сарвари давлатамонро ҳамеша дар маркази фаъолияти худ қарор диҳем.

Кароматулло Олимов академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ