НАҚШИ ТАЪЛИМИ УЛУМИ ИҶТИМОӢ ДАР БЕДОРИИ МАЪНАВӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

64

Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси олӣ дар интиҳои соли ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ ироа гардид. Дар қатори таҳлилу баррасии ҳаматарафаи дастоварду пешрафтҳои иқтисодию-иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат, комёбиҳо ва  мувафаққиятҳои фарҳангии ноилгаштаи кишварамон низ, хеле хотирмон хотирнишон гардиданд. Арзиш ва аҳаммияти асосии Пайёми ҳамасола ва имсолаи Сарвари давлат маҳз дар шарҳу баёни густурдаву васеъи қудрат ва нерӯи фарҳанг чун сарчашмаву омили асосии зиндагисози фард ва ҷомеа, маҳаки асосии таҳкими пояҳои истиқлолият  ва бунёди давлати миллӣ зоҳир мешавад. Ба ибораи дигар Паём чун дастур ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз, таҳрики ангеза ва такони бедории маънавию фарҳангии ҷомеа, мояи тафаккур ва андешаи солим ҷиҳати эҷодкорӣ, рушду нумӯ ва ободию ободкорист. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки  ҳанӯз соли 2001 дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Сардори давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳангро “ҳастии миллат” номида буданд. 

Он чӣ ки Паём, бештар моро ба андеша ва тафаккури созанда, ҳамзамон ибрат гирфтан, ангеза ва такон медиҳад, ин таваҷҷуҳи зиёди шахсии Пешвои миллат ба мактабу мориф ва  гиромидошту қадршиносии омӯзгорону устодон мебошад, зеро ин ниҳодҳо асоси бунёди фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мераванд.  Яқин аст, ки чунин иқдомоти нек манбаи асосии эҳёи арзишҳои фарҳангии миллӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат барҳақ мегӯянд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илмудониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиромгузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта–сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Сарвари давлат рушду инкишоф ва пешравии ҷомеаи имрӯзаи моро маҳз аз “рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон” медонад, ки дар ҳақиқат яке аз роҳҳои асосии мустаҳкамии пояҳои истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ мебошад.

Агар заминаи ибтидоии ташаккули маънавиёти хонандагон дар мактабҳои миёна гузошта шавад, пасон бунёди воқеии ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳо, такомули шахсият, савияи дониш, малака, маҳорат ва рушди ҳаматарафаи инсонияту одамият ва пеш аз ҳама рӯҳияи ватандорию ватанпарастии онҳо ба тарзи таълиму тарбият дар макотиби олӣ вобастагӣ дорад. Дар партави суханони Пешвои миллат муаллифони ин мақола ба ҳайси устодони таълими улуми фалсафа чанд пешниҳоде оид ба масъулияти олимони ҷомеашиноси макотиби олӣ ва арзишу қимати илмҳои ҷомеашиносӣ дар бедории маънавӣ ва рушду такомули фарҳанги афроди ҷомеа чанд сухане гуфтанӣ ҳастем. Замони муосир раванди таҳаввулоти азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад. Инкишофи ҷомеаи  соҳибистиқлоли Тоҷикистон  аз тарҳи оқилона ва омӯзиши  илмии масъалаҳои зикршуда, яъне ба дарки  ақлонӣ ва тафаккури эҷодии мо вобастагии зиёд ва иртиботи мустақим дорад. Мусаллам аст, ки илмҳои ҷомеашиносӣ  дар роҳи камолоти маънавӣ ва  ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии он нақши бориз доранд. Раванди ба истиқлолияти фикрӣ расидани миллат падидаи  мураккаби иҷтимоӣ  буда, дар асоси  таҳқиқи назариёти фалсафӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, сиёсию ахлоқӣ ва психологию динӣ  ба миён оварда мешавад. Барои такмилу ташаккули маънавиёт, донишу маърифат ва шахсияти афроди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳқиқи масоили мубрами фалсафӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, сиёсию динӣ  нақши меҳварӣ доранд. Раванди расидан ба истиқлолияти фикрӣ ва ҳамзамон касби истиқлолияти воқеӣ ва таҳкиму суботи давлати миллӣ дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ моро водор месозад, ки фаъолияти босамари эҷодиву фикрӣ, аз лиҳози фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву ахлоқӣ дошта бошем.

Дар ин замина, бо назардошти ҳифз ва беҳдошти  асолат, ҳувият ва фарҳангу маорифи миллӣ дар роҳи  дарку омӯзиши олам, инкишофи ҷамъиятҳои гуногун, гуфтугӯи тамаддунҳо, муколамаи фарҳангию сиёсӣ ва таҳқиқи инсон ҳамчун фарди иҷтимоӣ, таҳқиқу баррасӣ ва омӯзиши масоили  мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ  аҳаммият ва арзиши рӯзмарра доранд. 

Дар шароити кунунӣ, аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқу баррасии  масоили мубрами фалсафӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ, ахлоқию эстетикӣ бо назардошти арзишҳои равонию динии миллат таъмини дурнамои афкору андешаи солими ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.Таҳқиқи масоили мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ дар замони муосир ва нақши онҳо дар инкишофи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин раванди бедории маънавии миллӣ  ба ҳисоб меравад. Омӯзиши  ҳаматарафаи мавзуи  мазкур – динамикаи таҳавуллоти афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, психологию динӣ   ва маорифпарварии миллати тоҷик ва умуман башарият, алалхусус дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои асосӣ ва рӯзмарраи муҳаққиқони ҷомеаи муосир мебошад. Пешрафти кунунии ҷомеаи муосир, дигаргуниҳои қатъии тамоми унсурҳои таркибии он: иқтисод, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ, мафкуравӣ, равонӣ, динӣ, танзими меъёрҳои ахлоқӣ ва ғ. усули хосаи кори ҳар фардро талаб мекунад.

Илмҳои ҷомеашиносӣ,  ки доманаи таҳқиқу баррасии  фаррох ва густурда доранд, дар атрофи қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон, камолоти маънавию ахлоқии ӯ баҳс мекунанд, дар пешрафти ҳаёти маънавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ахлокию эстетикии  ҷомеа нақши муассир доранд. Қонуни таърих ҷаҳонбинии фалсафӣ ва афкори ахлоқиву иҷтимоӣ-сиёсиро, ки дар ташаккули ҳаёти фарҳангии ҷомеа нақши барҷаста  доранд, аз даврони қадим,  насл ба насл ба мерос мондааст ва ба ганҷинаи бебаҳои тамаддуни умумибашарӣ ворид сохтааст.

  Омӯзиш, таҳлил ва баррасии таълимотҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, ирфонӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоии мутафаккирони пешин аз аҳамият холӣ набуда, баҳри рушди маърифати илмиву фарҳангии инсони ҷомеаи муосир нақши бузург доранд. Инсони ҷомеаи муосирро лозим аст, ки баҳри  пешбурди паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти имрӯза ва гузоштани мероси пурарзиш ба наслҳои оянда  аз гузаштаи таърих биомӯзад ва арзишҳои нодиртарини офаридаи ниёгонамонро ба наслҳои имрӯз муаррифӣ намояд. Воқеан, дар раванди таърих, ба хусус дар асрҳои миёна намояндагони илму фалсафаи тоҷик осори гаронбаҳое ба мерос мондаанд, ки на танҳо барои дарки олами ҳастӣ, муаммоҳои он ва маърифати инсон, балки дар пешрафти кулли масоили фалсафӣ ва иҷтимоиву сиёсии ҷомеа созгор аст. Бештари онҳо доири мартабаи инсон дар ҷомеа, дараҷоти маърифати олами ҳастӣ аз ҷониби инсон, масъулияти ӯ дар назди ҷамъият ва нақши инсон дар танзими меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ, инчунин низоми сиёсиву иҷтимоӣ андешаронӣ намудаанд. Ҷиҳати муҳим ва зарурии таҳқиқи мавзуъ дар он аст, ки баррасии қонунан тараққӣ намудани ҷараёни ягонаи таърихию фалсафӣ вазифаи асосии таҳқиқотчиёни таърихи фалсафа ва муҳаққиқони афкори ахлоқӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ мебошад. Ин раванд, дар назди муҳаққиқон омӯзиши ҳаматарафаи афкори фалсафӣ, фарҳангӣ,  ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсиро, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифтааст, ба миён мегузорад.

        Таҳқиқи масоили мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ аз ҷиҳати фалсафӣ  ва нақши онҳо дар инкишофи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳлил ва баррасии фалсафии масоили ҳастишиносӣ ва гносеологӣ, мантиқӣ, ахлоқӣ, ирфонию динӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, гуманистӣ ва маорифпарвариву фарҳангии як қатор мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ, равандҳои навоварона дар низоми маорифи тоҷик, анъанаи дунявият дар фарҳанг ва афкори фалсафию сиёсии мардуми мо, арзишҳои сиёсии давлатдории миллӣ, муқаддасоти миллӣ, равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, масъалаҳои психологӣ-динии ҷомеаи муосири тоҷик, оқибатҳои харобиовари таасуби динӣ ва ифротгароӣ  дар шароити кунунии таҳаввулоти глобалӣ ва ғ. аз пештара дида имрӯз аҳаммият ва арзиши хосса доранд.

Таҳқиқ ва баррасии афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва динии мардум дар давраҳои гуногуни таърих барои ошкор намудани майлони тараққиёти ҷараёни ягонаи таъриху фалсафа мусоидат менамояд. Фалсафа илми пайвандгари наслҳо дар раванди таърих, мояи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ, эҷодкориву созандагии аҳли башар будааст. Маҳз фалсафаи  фарҳанг оинаи рӯнамои таърих, забон, ахлоқ, дин, зебоишиносӣ, адабиёт, таҷассуми шоҳкориҳои маънавию моддии инсоният аст. Таҳлилу омӯзиши масоили мубрами таҳаввулоти фалсафӣ, фарҳангию иҷтимоӣ дар шароити кунунии соҳибистиқлолӣ, бешакку шубҳа муҳимтарин падидаи фарогирии шинохти асолат ва ҳувияти миллати куҳанбунёди тоҷик ва василаи асосии бунёди давлати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Таҳлили ҳаматарафаи   назариёти гуногуни фалсафӣ,  фарҳангию иҷтимоӣ дар ҳолате амалӣ мегардад, ки алоқамандии  онҳо кушода шавад ва аҳамият ва арзиши онҳо дар инкишофи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон равшан ва ошкор гардад.

Ҷиҳати асосии таҳқиқоти илмӣ, ин аз лиҳози таърихию фалсафӣ омӯзиш ва таҳлилу баррасии назарияҳои гуногуни фалсафию мантиқӣ, фарҳангию ахлоқӣ, иҷтимоию сиёсӣ барои донишҷӯён ҷиҳати шинохти аҳамият ва арзиши  таъсири ғоявии онҳо, бозгӯ намудани аҳаммияти онҳо дар ташаккули ҷараёни ягонаи таъриху фалсафа, фарҳангу дин ва маърифати илмӣ аст.

Дар шароити имрӯз, ки таваҷҷуҳи мардум ба масоили худшиносии милливу худогоҳии фардӣ афзудааст, омӯзиш ва таҳқиқи мавзуҳои зикршуда зарур ва саривақтист.

Ҳар як ҳадафу мақсади илмию омӯзишии олимону донишмандон, равшанфикрону зиёиёни миллат, аз ҷумла муҳакқиқони улуми иҷтимоӣ  ҳамон замон аҳаммият ва арзиши таърихӣ барои донишҷӯён пайдо мекунад, ки он таҷассумгари таҳаввули масоили мубрами фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва ахлоқию эстетикии миллату башарият бошад ва дар роҳи инкишоф, рушду нумӯи афкори маънавӣ, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, худшиносӣ, бедории шуури миллӣ, истиқлолияти фикрӣ, таҳаввулот ва пешрафти шуури созандаву маърифат, ташаккули одамият, расидан ба мавқеи инсонгароӣ (гуманизм), миллатдӯстӣ, на миллатгароӣ, шахсияти солиму ҷомеаи солим ва фардиятҳои ҳаматарафа дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ташаккулёфта ҷиҳати бунёди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи асолати миллии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат намояд.

Элназаров М.Б., Давлатов П. Н., номзадҳои илмҳои фалсафа, дотсентони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети  фалсафаи ДМТ