Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дар бори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Дар тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Миллати тоҷик милати фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди миллати тоҷик ифтихор намояд.
Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми сарнавиштсози Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.
Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.
Парафшонии парчами миллӣ ба ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар кадоми мову шумо вобаста аст. Агар мо ҷасорат дорем, зиракии сиёсӣ ва бедории миллӣ дорем, агар мо аз оромиву осудагии падару модар ва хонадонамон меандешем, пас мо омодаем, ки дар ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ ва ҷилваи парчами давлатӣ ҷонамонро фидо кунем. Ҳамин аст моҳияти ниҳоиии худшиносии миллӣ ва дӯст доштан Ватан – Модар! Ҳамаи мо шаҳрвандони ин диёро зарур аст, ки нисбат ба ҳар фарди миллати тоҷик меҳрубону дар ифоқа бошем, то ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистони азиз поянда бошад ва ба ин васила саодати рӯзгор моро ёру мададгор гардад.
Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат – Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, назди Қасри Миллат бо нияти асрҳо побарҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд.
Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва паҳноияш 30 метр мебошад. Бунёди пояи Парчам 24 ноябри соли 2010 оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок намуда, ба намояндагони Ҳукумат Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супурданд. Дар ҷаҳон баландтарин пояи парчамро бунёд кардан ҳам рамзи хоса дорад. Намояндагони миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Аврупо, Осиёи хурду миёна ва кишварҳои арабию Чину Ҷопон кору зиндагӣ доранд. Баландии поя ва Парчами миллат рамзи он аст, ки сояи Парчами миллат дар тамоми олам бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ партавафшон бошад.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Cатторзода С.Н. н.и.ф., муаллими калони кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ