ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН

119

Парчамҳо рамзҳое мебошанд, ки воқеияти давлатҳо ва миллатҳоро ифода мекунанд. Онҳо як ҷузъи муҳими фарҳанг ва таърихи миллату давлат ба ҳисоб рафта, таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ, ифодакунандаи хусусиятҳои сиёсии системаи ҷомеа ва дурнамои инкишофи кишвар мебошанд. Дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти милливу шаҳрвандӣ онҳо таъсир расонида, боиси шукӯҳи ифтихор ва ягонагии мардуми кишварҳои мухталиф мегарданд.

Парчамҳо ҳамчун рамз на танҳо таъриху фарҳанг, балки ваҳдату ифтихори миллиро ифода мекунанд. Пайдоиши парчамҳо бо зарурати муайян кардани рамзҳои давлатӣ ҳангоми набардҳои ҳарбӣ ва дигар ҳолатҳо алоқаманд аст. Гузаштаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз аввалин парчамҳо дар киштиҳои финикиён, эфесиён ва форсҳо пайдо шудаанд. Ин парчамҳо барои муайян кардани киштиҳо ва мутаалиқии онҳо ба кадомин миллату давлат ва алоқаи байни онҳо истифода мешуданд.

Парчам ҳамчун рамз якчанд вазифаро иҷро мекунад. Аввалан, он ба ташаккули шуури сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ таъсир мерасонад. Дар ин бобат, хусусияти парчамро аз нигоҳи ташаккули худшиносиву ҳувият бо намояндагии аҳолӣ ва рамзи арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанг будани он баҳо додан зарур аст. Парчамҳо ба ташаккули шуури ягонаи сиёсӣ, таҳкими робитаи халқу кишвар мусоидат мекунанд. Парчамҳо дар чунин ҳолат ба одамон дар дар­ки ҳодисаҳои таърихӣ ва ҳаёти сиёсӣ ёрӣ расонида, имконият медиҳад, ки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ муносибати худро ба арзишҳои сиёсӣ, аз он ҷумла худи парчам пайдо намоянд. Аз ин рӯ, ифтихор аз парчам омиле ба ҳисоб меравад, ки шинохти миллат ва дарки ягонагии он, мансубияти шахс ба кишвари алоҳида, ҳолати равонии ҷомеаро инъикос мекунад.

Дар раванди ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ моҳияти парчам бо омилҳои таърихиву фарҳангӣ пайваста гардида, мазмунан он ифодасозандаи ҳолати воқеъии кишвар баромад мекунад. Парчамҳо дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд, муборизаи миллату халқҳоро барои озодӣ ва истиқлолият инъикос мекунанд, ки он боиси ифтихори миллат мегардад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҳамоишҳо бахшида ба рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре, ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бар меояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст”.

Бо омилҳои таърихӣ алоқаманд будани парчам бештар дар нақшҳо ва расмҳои парчамҳои кишварҳо инъикос меёбад. Масалан, парчами ИМА, ки 13 рах ва 50 ситора дорад, мустамлика ва давлатҳоро ифода мекунад, ки барои озодӣ ва ваҳдат мубориза бурданд. Парчами Ҷопон, ки доирае сурх дар заминаи сафед дорад, рамзи офтоб аст ва решаҳои қадима доштани Ҷопонро ифода мекунад. Ё парчами Олмон бо доштани ранги сиёҳ аз гузаштаи нангини худ дарак медиҳад.

Хусусияти фарҳангии парчам низ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ асос мебошад, зеро омилҳои фарҳангӣ бештар дар парчамҳо инъикос мешаванд. Парчамҳо дар ин ҷо аҳамияти фарҳангӣ доранд, ки фарҳангу анъанаҳои миллиро ифода мекунанд. Баъзе, парчамҳо рамзҳоеро дар бар мегиранд, ки мифология, дин ё рӯйдодҳои муҳимро барои як миллат инъикос мекунанд. Масалан, парчами миллии Ҳиндустон пушти кобра ва чархи Дҳармаро дар бар мегирад, ки рамзи ҳукмронӣ бар бадӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат ва адолат аст. Дар Парчами Тоҷикистон рамзи тоҷ оид ба миллати бофарҳангу, воло будани он дарак медиҳад.

Парчам вазифаи танзимкунандаи ҳаракат ва рафтори одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо он нақши меъёриро дорад. Қоидаҳо ва меъёрҳои тарзи рафтор ва фаъолияти ояндаро дар асосии моҳияти худ метавонад та­шаккул диҳад. Дар ин маврид он ҳамчун ифодасозандаи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ баромад мекунад ва рафтори одамонро ба низом меорад. Амали мазкур дар асоси дарки воқеият, бо ёрии ғояҳои сиёсиву таърихӣ, тасаввурот, эътиқод ва қоидаҳо ба амал меояд. Он ба одамон имконият медиҳад, ки муносибаташонро ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ муайян намоянд.

Парчам метавонад ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва сиёсӣ вазифаи баҳогузориро иҷро намояд. Парчам ва ҷилави он дар дирафши назди биноҳои маъмурӣ, созмонҳои байналмилламӣ, дар мусобиқаву озмунҳои байналхалқӣ имконият медиҳад, ки одамон бо арзишҳои сиёсиву миллии якдигар беҳтар шинос шаванд, онҳоро дониста гиранд ва нисбати онҳо мавқеи худро муайян намоянд. Дар ин бобат шаҳрвандони кишварҳои гуногун оид ба давлатҳои мухталифи олам баҳо дода метавонанд.

Парчамҳо қудрати муттаҳид сохтани мардуми миллату фарҳанги гуногунро доранд, рамзи умумӣ ва садоқат ба идеалҳои умумибашариро эҷод мекунанд. Вазифаи муттаҳиднамоии парчам дар ҳамгиро ва якҷой намудани умумиятҳои иҷтимоӣ дар заминаи ғояҳо, арзишҳо ва нишондодҳои умумӣ ба амал меояд. Беҳуда нест, ки маҳз дар замони ҷангҳои ҷаҳонӣ омили муттаҳидсозанда ва нишони олии қушунҳои ҳарбӣ дар парчам, ҳамчун ягонагии миллату давлат ва марому ниятҳои онҳо ифода меёфт. Дар ин асно парчам рамзи ягонагӣ ва ваҳдат ба ҳисоб меравад. Парчамҳо аксар вақт дар маросимҳои давлатӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим истифода мешаванд, ки одамонро дар атрофи арзишҳо ва идеалҳои муштарак муттаҳид мекунанд. Онҳо ҳисси ваҳдату ягонагиро ба вуҷуд оварда, ифтихор ва садоқатро ба кишвару миллати хеш афзун мегардонанд

Парчам на танҳо таҷассуми таъриху фарҳанг ва ҳолати сиёсӣ аст. Он инчунин дар ташаккули симои замони оянда, ки аксариятро қаноат мекунонад, саҳм мегирад. Масалан, ранги сафед дар бештари парчамҳои кишварҳои мухталиф бо нигоҳ ба ояндаи нек, умеди нек ва инкишофи инсондӯстонаро таҷассум мекунад. Дар заминаи амализоии дурнамои инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ парчам метавонад вазифаи пешбининамоиро соҳиб шавад. Парчам заминаҳои пешбинии мазмун ва хосиятҳои инкишофи ҷомеаро бунёд месозад. Парчам дар ташаккулу инкишофи воситаҳои умумии коммуникатсионӣ, низоми маориф, муассисаҳои маърифатӣ ва ғайра мақоми пешбар пайдо менамояд ва ҳамчун ҳидояткунандаи ояндаи нек ва дурахшон баромад мекунад. Аз ин ҷост вазифаи пешгӯинамоии парчам.

Парчамҳо ҳамчун муайянкунии мақоми давлатӣ барои фарқ кардан ва эътироф кардани кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ истифода мешаванд. Ҳар як парчам беназир аст ва тарҳ, ранг ва рамзҳои худро дорад, ки имкон медиҳад, ки кишвар ва миллати онро зуд ва осон муайян шавад. Рамзҳои парчамҳо низ вобаста ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва таърихӣ метавонанд тағйир ёбанд. Ҳодисаҳои тағир додани парчамҳо пас аз инқилобҳо, пошхӯрии империяҳо ё қабули конститутсияҳои нав ба назар мерасанд. Ин амал бештар хусусияти тағйирпазирии системаи сиёсиро ба миён меорад.

Дар кишвари мо чунин амали тағйирпазирии системаи сиёсӣ ба қабули тарҳи нави давлатдорӣ мусоидат намуд, ки арзишҳои сиёсӣ низ дар ин замима ба худ либоси дигар дар бар карданд. Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид. Он натиҷаи кори пурмаҳсули комиссия оид ба қабули рамзҳои давлатӣ буд. Қабули Парчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлол ва муқаддасу дахлнопазир будани Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баён менамуд. Парчам барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи сунатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани мардуми парокандагаштаи Тоҷикистон нақши арзишманд ва барҷастаро бозид. Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар зери парчами кишвар ба ояндаи худ бо чашми умед назар намуда, барои беҳбудии ҳаёти худ дар фаъолияти пурсамар қарор доранд.

Парчамҳо на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки объекти ифтихор ва шиносоии ҳар як миллат мебошанд. Парчам рамзест, ифодаи садоқат ба Ватан, хизмат ба халқ ва ифтихор аз фарҳанг мебошад. Парчам ҷузъи муҳими мероси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтироми он, эҳтироми миллат ва давлатро таҷассум мекунад.

Муродова Нигина,мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ