ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

130

“Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Парчами Миллӣ нишонест аз соҳибихтиёрии давлат, соҳибватану пирӯз ва соҳибҳуқуқу озод будани миллат, ваҳдати миллӣ ва пойдорию устувории кишвар. Барои ҳар як миллат Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва муҳимтарин арзиши фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки барои ҳар як муваффақияти байналмиллалии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мамолики хориҷа ҳамчун эҳтиром Парчами миллӣ боло бардошта мешавад ва дар тамоми биноҳо ва қароргоҳҳои расмии муассисаҳои давлатӣ, хиёбону гулгаштҳо, утоқҳои кории мансабдорони давлатӣ, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ, коргоҳ, нақлиёт ва манзилҳои истиқоматии ашхоси ватандӯст Парчами миллӣ афрохта мешавад.

Имрӯз Парчами миллӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷой дода шудааст, ки аз устувории истиқлоли миллӣ, бақои миллат ва эътирофи ҷаҳонии истиқлол, таърих ва фарҳанги миллии кишварамон гувоҳӣ медиҳад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

Ниёгони мо аз гузашта парчамдору парчамбардор буданд, нахустпарчами мардумии мо – Диравши ковиёни далели барҷастаи соҳибтамаддун, соҳибдавлат, соҳибихтиёр ва озодидӯст будани гузаштагони мост. Имрӯз низ Парчами Миллӣ таҷассумгари ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба Парчами Миллӣ тавассути тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Инчунин, бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии рекордии 165 м сохта шуда, парафшон гардид.

Ҳамчун санаи ҷашнӣ эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми мардуми кишварамонро ба ин муқаддасоти миллӣ ба маротиб зиёд менамояд, зеро дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва тарғиботӣ баргузор гардида, мардуми кишварамон бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватандорӣ ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд.

Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2023) гузаронида шуд, аксарияти кулли шаҳрвандон ба тамоми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами Миллӣ таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса доранд. Аксарияти мусоҳибони пурсиши сотсиологӣ қайд кардаанд, ки ҳангоми дидани Парчами Миллӣ ё шунидани Суруди Миллӣ онҳоро эҳсоси фахру ҳаяҷон (73,6%) ва қаноатмандӣ (20,7%) фаро мегирад.

Умуман, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Парчами миллиро эҳтиром намояд, мазмуну муҳтавои Парчами миллиро ба хубӣ донад, Парчами миллиро дар манзил, коргоҳ ва дигар мавзеҳои фаъолияти худ ҷой диҳад, бо Парчами Миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ боэҳтиёт ва бо самимияти хос муносибат намояд.

Дар охир, тамоми ҳамватанони ватандӯсти Тоҷикистони азизамонро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, орзуманди он ҳастам, ки Парчами Миллӣ дар фазои орому осуда ва озоди кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад!

Миров Ф.С. – н.и.ф., дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон