ПЕШГОМЕ ДАР ШИНОХТИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

98

(Бардошт аз Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»)

Гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли сиёсӣ дастоварди арзишманд ва амалишавии орзӯи ҳазорсола барои миллати тоҷик маҳсуб мегардад. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам омад, ки ба дастовардҳои фарҳангию маърифати миллӣ бори дигар бо назари таҳқиқ нигариста, онҳоро гиромӣ дорем ва дар сатҳи шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Воқеан, замони муосир, ки гирдоби раванди ҷаҳонишавӣ ҳама арзишҳоро ба коми худ фурӯ бурда истодааст, бештар ба миллату халқият ва давлатҳое таҳдид мекунад, ки дар ҳолати бунёд ва ташаккул додани давлатдории миллӣ қарор доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо ба ҳам овардан ва махлут сохтани сиёсату иқтисод, инчунин фарҳангу маънавиётро низ ҳадаф қарор додааст. Дар чунин ҳолат, миллатае метавонад худро аз таъсири манфии он раҳоӣ бахшад, ки бузургманишии илму маърифатро таъмин ва аз таъриху фарҳангаш дифо намуда, онҳоро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ карда тавонад.

Хушбахтона, иқдоми бузургдошт, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тақвият бахшидани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият оғоз карданашон мушоҳида мегардад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бузургдошти тамаддуни ориёӣ, давлатдории Сомониён, Имоми Аъзам, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхию Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо чорабиниҳои дигари фарҳангию маърифатӣ, ки ҳамагӣ баҳри тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба миллату фарҳанги он нигаронида шудаанд, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуданд, ки дар бедории миллати тоҷик саҳми арзанда гузоштанд.

“Гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ”, ҳамчун муҳаққиқи варзидаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ ва ба маънии том сарсупурдаи миллат иқдоми навбатӣ дар самти ташаккули ҳувияти миллӣ ва эҳтироми миллат аз ҷониби Сарвари хирадпарвару хирадгарои миллати тоҷик мебошад. Таъкиди Пешвои миллат дар мавриди он, ки “Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст”, ифодагари он аст, ки миллати тоҷик на танҳо дар таърих, балки пайваста баҳри рушди илму адаб ва фарҳангу маънавиёт талош намуда, бо руҳияи инсонгароию инсондӯстӣ имрӯз низ метавонад баҳри ташаккули маънавиёти башарӣ хизмат намояд.

Хулоса, Симпозиуми баргузоршуда, агар аз як ҷониб қадршиносӣ ба заҳматҳои алома Бобоҷон Ғафуров дар самти муаррифии таърихи дурударози миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи он бошад, аз ҷониби дигар миллатдӯстию маърифатпарварӣ ва арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба фарҳаги миллӣ ифода намуд. Бардошти инҷониб аз ин чорабинии илмӣ он буд, ки агар Бобоҷон Ғафуров дар самти шинохти таърихи халқи тоҷик ва давраҳои ташаккули давлату давлатдории тоҷикон пешгом бошад, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – пешгоми собитқадам дар ҷодаи эҳё, нигоҳдошт ва ташаккули фарҳангу маънавиёти ҳама даврони миллати тоҷик аст.

Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ